ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
1580

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз шумо пур аз қувват ва нерӯ мешавед. Субҳ барои қарорҳои пулӣ ва корҳои муҳим мувофиқ аст. Роҳбарон аз фаъолиятатон розӣ мешаванд. Дар ҷодаи муҳаббат оромӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Нафарони муҷаррад шиноси ҷолиб меёбанд. Ба асабҳои худ аҳамият диҳед, аз баҳс дурӣ ҷӯед. Гашти шомгоҳон оромӣ мебахшад.

Савр (20 апрел-20 май)

Корчаллонӣ ва дурандешӣ имрӯз ба шумо муваффақият меорад. Вазъи молиявӣ устувор мешавад, эҳтимоли даромади ғайричашмдошт дар назар аст. Дар касбу кор роҳбарон ба қобилиятатон аҳамият медиҳанд. Дар ҷодаи муҳаббат ғамхорӣ ва хушҳолӣ эҳсос мекунед. Нафарони танҳо бо шахси ҷолиб вомехӯранд. Бегоҳ вақти худро бо наздикон гузаронед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз маҳорати суханварӣ ва зиракии шумо зиёд аст. Шиносоии нав ба касбу коратон кумак мекунад. Вазъи молиявӣ беҳ мешавад, омӯзиш судманд аст. Дар ҷодаи муҳаббат гармӣ ва фаҳмиш зиёд мешавад. Кӯдакон бо муваффақиятҳои худ хурсанд мекунанд. Ба хоби худ ва истироҳат аҳамият диҳед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз ҳисси ботинӣ ва қалбатон шуморо роҳнамоӣ мекунанд. Дар касбу кор дастгирӣ ва натиҷаи хуб мебинед. Вазъи молиявӣ беҳтар мешавад. Дар оилаатон муҳаббат ва оромӣ ҳукмфармо мегардад. Барои кӯдакон вақт ҷудо кунед. Ба эҳсосоти наздикон бо эҳтиёт муносибат намоед, дағалӣ накунед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ҷаззобият ва қобилияти роҳбарии шумо дар авҷ аст. Корҳоятон бо муваффақият мегузаранд. Вазъи молиявӣ беҳтар мешавад, сармоягузорӣ фоида меорад. Дар ҷодаи муҳаббат муҳити пур аз меҳр ва таваҷҷуҳ хотиратонро шод месозад. Нафарони танҳо диққати мухлисонро ҷалб мекунанд. Бегоҳ барои харид ё нақшаҳои калон хуб аст.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз диққатнокӣ ва қобилияти таҳлил карда тавонистани ҳодисаҳо ба шумо кӯмак мекунад. Барои ҳуҷҷатҳо ва нақшакашӣ рӯзи хуб аст. Аз хатогиҳо канорагирӣ мекунед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, ғизои солим ва ҳаракат муҳим аст. Дар ҷодаи муҳаббат оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Шомро бо ҳаловат гузаронед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз корчалонӣ ва сабурӣ ба шумо кумак мекунад. Ихтилофҳоро осон ҳал мекунед. Дар касбу кор муваффақ мешавед, шартномаҳои муҳим имзо мешаванд. Вазъи молиявӣ устувор аст, хариди хона ё ашёи зарурӣ фоида меорад. Дар ҷодаи муҳаббат боварӣ ва наздикӣ меафзояд.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз эҳсосоти шумо пурқувват аст. Дар касбу кор имкони афзоиши маош ва мукофот вуҷуд дорад. Роҳбарон ташаббусатонро қадр мекунанд. Дар ҷодаи муҳаббат меҳрубонӣ ва самимият зиёд мешавад. Суҳбати самимӣ бо ҳамсар муносибатро мустаҳкам мекунад. Ба шамолхӯрӣ роҳ надиҳед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз табъи болида ва нерӯи баланд шуморо ба муваффақият мебарад. Барои сафар ва омӯзиш рӯзи хуб аст. Вазъи молиявӣ беҳтар мешавад, эҳтимоли фоидаи ғайричашмдошт дар назар аст. Дар ҷодаи муҳаббат рӯйдодҳои ҷолиб ва эҳсосоти навро интизор шавед. Нафарони муҷаррад бахти худро метавонанд дар сафар ё чорабинӣ ёбанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз устуворӣ ва сабр шуморо ба ҳадаф мебарад. Дар касбу кор роҳбарон ба қобилиятатон аҳамият медиҳанд. Вазъи молиявӣ устувор мешавад, сармоягузории дарозмуддат фоида меорад. Дар оила оромӣ ва эҳтироми байни ҳамдигар муҳим аст. Ба наздикон маслиҳати оқилона диҳед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз дар ҷамъият обрӯву эътибори шумо меафзояд. Ба коре, ки боиси рехтани обрӯятон мегардад, даст назанед. Дар ҷодаи муҳаббат эҳтироми якдигар ва ба якдигар озодӣ додан муҳим аст. Барои саломатӣ - истироҳат, йога ва оромӣ фоидаовар аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз вазъи молиявиатон беҳтар мешавад, эҳтимоли кӯмаки ғайричашмдошт дар назар аст. Дар ҷодаи муҳаббат – ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мегардад. Нафарони муҷаррад бо шахси ҳамфикр шинос мешаванд. Ба истеъмоли хӯрокҳои бирёну серравған роҳ надиҳед. Хусусан қабл аз хоб ғизои сабук истеъмол кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД