ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
1349

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз дар касбу кор пешниҳодҳои ғайричашмдошт мегиред. Агар далер бошед ва қарорҳои ҷасурона қабул кунед, муваффақ мешавед. Дар масъалаи пулӣ эҳтиёт кунед, аз хароҷоти беҷо худдорӣ намоед. Имкони зиёд гаштани даромад вуҷуд дорад. Дар ҷодаи муҳаббат оромӣ меояд. Нафарони танҳо метавонанд бо шахси ҷолиб шинос шаванд, дар муносибатҳо риштаи муҳаббат боз ҳам мустаҳкам мегардад.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз дар ҷои кор роҳбарият заҳмататонро қадр мекунад. Эҳтимол мукофот ё таърифу тавсиф шунавед. Ба ғизои худ аҳамият диҳед, хӯроки сабук хӯред ва бештар ҳаракат кунед. Гашти шомгоҳӣ асабҳоятонро ором мекунад ва нерӯи бештар мебахшад. Шомро дар муҳити ором гузаронед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз пешниҳод ва хабарҳои зиёде мегиред. Сухандониятон имкон медиҳад, ки робитаҳои хуб пайдо кунед. Эҳтимол пул ё қарзи кӯҳнаатон бармегардад. Метавонед чизи муфидеро барои хонаатон харед. Дар ҷодаи муҳаббат сюрпризҳо рух медиҳанд: нафарони танҳо бо шахси ҷолиб шинос мешаванд, оиладорон метавонанд ҳамроҳ вақти бештар гузаронанд.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз мехоҳед дар танҳоӣ андешаҳои худро ба тартиб дароред. Наздикон ба диққати бештари шумо ниёз доранд, ғамхории шумо муносибатро бо онҳо беҳтар мекунад. Дар касбу кор ҳама чиз ором аст, шояд масъулияти нав ба душатон бор гардад. Эҳсоси ботиниатон шуморо ба роҳи дуруст мебарад. Шомро бо оилаатон гузаронед, ин ба шумо оромӣ мебахшад.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз дар маркази диққат қарор мегиред. Ҳама ба суханатон гӯш медиҳанд. Кор ё лоиҳаҳо натиҷа меоранд, роҳбарият қаноатманд мешавад. Даромад афзоиш меёбад, шояд аз кори пешина фоида ба даст оред. Дар ҷодаи муҳаббат гармӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиёд мешавад. Нафарони танҳо диққати бештарро ҷалб мекунанд.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз мехоҳед дар хона ё дар ҷои кор ҳама ҷоро ба тартиб дароред. Дар масоили саломатӣ бояд эҳтиёт кунед. Дар кор шонси нишон додани қобилиятҳои худро доред. Ҳамкорон шуморо қадр мекунанд. Дар ҷодаи муҳаббат оромӣ ва меҳрубонӣ дида мешавад. Вақти бештари худро бо оила дар муҳити осуда гузаронед, ин ба шумо нерӯ мебахшад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз мехоҳед дар атрофи худ зебоиву оромӣ эҷод кунед. Метавонед хонаатонро нав кунед ё чизе зебо харед. Дар касбу кор метавонед миёнарави хуб шавед. Шарикони корӣ ба шумо бовар доранд. Дар ҷодаи муҳаббат имкони бо дӯстдоштаи худ ба сафар ё тамошо рафтан пайдо мешавад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз пур аз қувват ва ҷасорат ҳастед. Барои иҷрои нақшаҳои калон вақти хуб аст. Дар масоили пулӣ ба садои дили худ бовар кунед. Дар ҷодаи муҳаббат самимият ва меҳрубонӣ зиёд мешавад. Суҳбати ошкоро бо ҳамсар муносибатро мустаҳкам мекунад. Нафарони танҳо шахси ҷиддиро вохӯрда, сахт ошиқ мешаванд.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз мехоҳед чизҳои нав омӯзед ё ба сафар бароед. Рӯз барои таҳсил ва омӯхтани таҷрибаҳои нав хуб аст. Дар ҷодаи муҳаббат ҳодисаҳои аҷиб рух медиҳад. Бо нафаре шинос шуданатон имкон дорад, ки забонашро намедонед. Агар дар ин рӯз бо нафаре муноқиша кунед, оштӣ шуданатон хеле душвор мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз тамоми диққататон ба кор равона мешавад. Сабру заҳмати шумо натиҷа медиҳад. Роҳбарият шуморо қадр мекунад ва метавонад пешниҳодҳои нав кунад. Дар масъалаҳои пулӣ шонси хуб доред, метавонед пулҳоятонро пасандоз кунед. Барои саломатӣ ҳаракат ва машқи сабук муфид аст. Шомро бо суҳбати дӯстдоштаатон гузаронед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз диққати нафарони ҳамфикрро ба худ ҷалб мекунед. Кори дастаҷамъона натиҷаҳои хуб меорад. Дар ҷодаи муҳаббат дӯстдоштаатон ба шумо озодии бештар медиҳад, чунин ҳамдигарфаҳмӣ риштаи муҳаббатро қавитар месозад. Нафарони муҷаррад бо шаси ҷолибе вохӯрда, ошиқ мешаванд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз метавонед мушкилоти ба саратон омадаро оромона ва бе душворӣ ҳал кунед. Агар санъаткор бошед, муваффақ мешавед. Барои оромии рӯҳӣ дар табиат ё назди об вақт гузаронед. Хобҳоятон аз руй додани ҳодиса дарак медиҳанд. Зимни муносибат бо одамон меҳрубон бошед, он гоҳ табъатон низ болида мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД