formula
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021
3348

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз сабру таҳаммулро пеша намуда, қаҳру ғазаби худро ба сари наздикон нарезед. Вазъият душвор гашта, асабонӣ мешавед ва табъатон нохуш мешавад. Зиндагии якрангу бемаънӣ табъи дили ҳамалҳои орзупарвар аст. Каме аз корҳоятон дур гашта, дар ҳавои тоза сайр намоед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, дарди дил кардан бар зарари Шумост. Серкорӣ ба саломатиатон беасар намемонад, беҳтараш витамин истеъмол кунед. Чанд ҳодисаи тасодуфӣ ба ҳаёти шахсиатон бетаъсир намемонад. Бо табъи хира ба роҳ набароед, вагарна бо ҳолати ногувор дучор мешавед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Обрӯву нуфузи худро бояд дар коллектив баланд бардоред. Нагузоред, ки аз таҷрибаву касбияти Шумо истифода баранд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ аз ташхис гузаштану хун супориданатон лозим аст. Пешгирӣ намудани беморӣ-аз табобат беҳтар аст-мегӯянд. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид нест.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз аз ҷониби нафароне, ки чанде қабл кӯмаку дастгирӣ карда будед, изҳори миннатдорӣ мешунавед. Дастгириҳои Шуморо қадр мекунанд. Корҳои молиавиатон рӯ ба беҳбудӣ меоранд ва чизҳои даркориатонро харидорӣ карда метавонед. Дӯстдоштаатонро аз худ дур насозед, вагарна пушаймон мешавед.

Асад (23 июл-22 август)

Барои онки робитаатон ба шахси дӯстдошта хубтар гардад, бояд дарди якдигарро дарк карда тавонед. Албатта, ин кори саҳлу осон нест, вале сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ дар ин кори душвор кӯмакрасони Шумо мегарданд. Тахайюлоти худро ба кор бурда, ба дӯстдоштаи худ тӯҳфаи хотирмон тақдим намоед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Бо сабаби онки имрӯз атрофиён нисбати Шумо асабиву дағал ҳастанд, аз муноқишаву низоъ амон намеёбед. Худатон низ сахт асабӣ мегардед. Беҳтараш ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Аз танқиди атрофиён худдорӣ намоед. Муносибати нави ошиқонаатон қатъ мегардад, вале Шумо рӯҳафтода нашавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи серташвиш ва бебарор аст. Бо сабабаҳои гуногун муноқишаву низоъ ва эҳтимоли сар задани садамаҳои нақлиётӣ имкон дорад. Сафари корӣ бобарор анҷом меёбад. Аз ҷониби ҳамкорони ботаҷрибаатон кӯмаку дастгирӣ мебинед. Бегоҳирӯзӣ даромади пулӣ ба даст оварда, аз дӯстдоштаатон хабари хуш мешунавед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи хубест барои рафъ намудани мушкилиҳои оилавӣ ва нияту нақшаҳои деринаатон. Дар ҷойи кор ба саросемагӣ роҳ надиҳед, вагарна ба ғалатҳои зиёде роҳ медиҳед. Бо нафаре шинос мешавед, ки маслиҳатҳои судманд медиҳад. Барои харид ва рафъи мушкилиҳои рӯзгор рӯзи мусоид аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Кӯшиши яку якбора тағйир додани тақдир барор намеорад. Баръакс, аз вайрон шудани нақшаҳоятон асабӣ мешавед. Дар ин рӯз насия ва аз дӯстон қарз гирифтанро тавсия намедиҳем. Маълум нест, ки Шумо тамоми қарзҳоятонро кай бармегардонед. Қавсҳои муҷаррад бояд аз пайи дарёфти бахти худ шаванд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯзро бо дӯстдоштаатон гузронидан мехоҳед. Бо сабаби серкорӣ тамоман аз нафари бароятон азиз дур гаштаед. Ба тарабхона рафтан, истироҳат дар табиат ё дар хона ба фоидаи Шумост. Кори вазнини баъди нисфирӯзӣ хастаатон месозад, вале маблағи хуб ба даст оварда, табъатон болида мегардад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Ба корҳое, ки фоидаи каму дилхушӣ намеоранд, машғул нашавед. Хариду фурӯши хона хеле бобарор анҷом меёбад, муҳимаш он аст, ки дар тахт намудани ҳуҷҷатҳо ба ғалат роҳ надиҳед. Барои табобат, харидани либос, таъмири асбобҳои техникӣ ва асбобу анҷоми рӯзгор маблағи зиёд сарф мекунед.

 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бо рафъ намудани мушкилиҳои ошиқона машғул мешавед. Нисбати дӯстдоштаатон аз ҳад зиёд хираву дилбазан нашавед, хусусан, агар ба наздикӣ шинос шуда бошед. Дар масъалаҳои молиявӣ бе кӯмаки ҳуқуқшиноси ботаҷриба коратон пеш намеравад. Ба баҳсу мунозираи беҳуда роҳ надиҳед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД