Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар масъалаҳои ошиқона бояд шитоб накунед. Беҳтараш каме таваққуф карда, пеш аз ҳар қарор хуб андеша кунед. Агар ба ҳисси ботинии худ гӯш диҳед, метавонед аз вазъиятҳои душвор ба осонӣ бароед. Аз вақтгузаронӣ бо дӯстон даст накашед, ҳатто агар қаблан чунин нақша надошта бошед. Корҳои нотамомро ба фардо нагузоред, вагарна баъдтар метавонанд мушкилоти бештар ба вуҷуд оранд. Аз саломатӣ низ ғофил нашавед ва барои истироҳат вақт ҷудо кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Барои шумо имрӯз шоми орому гуворо дар пеш аст. Беҳтараш онро бо шахси дӯстдошта гузаронед. Як зиёфат ё хӯроки шом барои ду нафар метавонад рӯзи хубро боз ҳам хотирмон кунад. Эҳтимол, нафаре ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад, вале пеш аз оғоз кардани муносибати нав хуб фикр кунед. Дар кор шояд шартномаи муҳим имзо кунед. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро пеш аз имзо бодиққат хонед. Ба ғизои солим низ диққати бештар диҳед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз дар ҳаёти шахсиятони Ҷавзоҳо хабарҳои хуш эҳтимол доранд. Шахси дӯстдошта метавонад ба эҳсосоти шумо ҷавоби мусбат диҳад. Барои оиладорҳо низ лаҳзаҳои гуворо дар назар аст. Дар кор ба таҷрибаи худ такя кунед, ташаббус нишон диҳед ва барои расидан ба мақсадҳоятон фаъол бошед. Нақшаҳои худро ба ҳар кас нақл накунед, дар байни атрофиён шахсе ҳаст, ки ба муваффақияти шумо бо чашми хуб нигоҳ намекунад. Дар масъалаи пул танҳо ба ҳисси ботинӣ такя накунед, пеш аз қарор маълумоти дақиқ ҷамъ кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Саратонҳо имрӯз бояд дар муносибатҳои ошиқона худро идора кунанд. Як рафтори нодуруст ё сухани сахт метавонад муносибатро вайрон кунад. Агар шахси дӯстдоштаатон шуморо ранҷонад, фавран ӯро сарзаниш накунед ва суханҳои сахт нагӯед. Дар кор низ аз одамони аз ҳад зиёд фармондеҳ дурӣ ҷӯед. Ба дигарон низ аз ҳад зиёд дастур додан ё назорат кардан лозим нест. Имрӯз бо дӯстон ё наздикон вақт гузаронед. Барои саломатӣ сайру гашт ва машқҳои сабук фоида доранд.
Асад (23 июл-23 август)
Асадҳо имрӯз бояд ҳангоми шиносоӣ бо одамони нав каме эҳтиёткор бошанд. Хусусан аз муошират бо одамони нохуш барои худ дурӣ ҷӯед. Эҳтимол, дӯсти деринаатон аз худ хабар диҳад. Агар касе дар бораи шахси наздикатон овозае гӯяд, зуд бовар накунед, аввал ҳақиқатро санҷед. Дар касбу кор имкониятҳои хуб барои пешравӣ пайдо мешаванд ва шумо метавонед як қадами муҳим ба пеш гузоред. Истироҳати хуб ба барқарор шудани қувваатон кумак мекунад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи хубест, то дар бораи оянда бо шахси дӯстдоштаашон нақша кашед. Ҳадафҳои муштарак муносибатро мустаҳкамтар мекунанд. Агар хоҳед, метавонед дар хона тағйироти хурд ворид кунед ё таъмири сабук анҷом диҳед. Ин метавонад ҳам муҳити хонаро беҳтар кунад ва ҳам рӯҳиятонро боло барад. Қувваи корӣ ва нерӯи шумо имрӯз зиёд аст, бинобар ин метавонед ба корҳои душвор низ шурӯъ кунед. Барои хароҷоти ногаҳонӣ каме маблағ захира кунед ва дар ғизо низ меъёрро нигоҳ доред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Аммо агар аллакай муносибати хубу устувор дошта бошед, танҳо барои эҳсоси нав онро зери хатар нагузоред. Эҳтимол, хоҳиши тағйир додани ороиши хона пайдо шавад, вале пеш аз ин фикри шахси дӯстдоштаатонро низ ба назар гиред. Дар масъалаи кор аз навигариҳои соҳаи худ бохабар шавед, маълумоти нав метавонад барои пешрафти касбӣ муфид бошад. Ба вазъи молиявӣ диққат диҳед ва худро бо кори зиёд хаста накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шахси дӯстдоштаи шумо имрӯз мехоҳад масъалаи муҳимро дар миён гузорад, вале шояд барои ин ҷуръат накунад. Ба ӯ фишор наоред ва иҷозат диҳед, ки худаш вақти муносибро интихоб кунад. Якҷоя тайёр кардани хӯрок ё ширинии хонагӣ метавонад фазои муносибатро гармтар кунад. Дар кор бо ҳамкорон ва шарикон эҳтиёткор бошед, зеро эҳтимоли баҳс вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин, хушмуомилагӣ ва муносибати дуруст ба шумо барои бартараф кардани нофаҳмиҳо кумак мекунад. Дар масъалаҳои оилавӣ ва молу мулкӣ низ бодиққат бошед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз вақти муносиб барои муносибатҳои нави ошиқона нест. Беҳтараш чанд рӯзи наздикро оромона гузаронед ва аз саргузаштҳои эҳсосӣ дурӣ ҷӯед. Агар мушкиле дошта бошед, аз хеши боэътимод маслиҳат ё кумак пурсед. Дар кор ба гирифтани вазифаҳои нави масъулиятнок шитоб накунед. Аввал корҳои нотамом ва хатогиҳои пешинаро ислоҳ кардан беҳтар аст. Агар маош ё мукофот каме дер шавад, эҳтимол сабаби худро дошта бошад. Имрӯз ба ҷисматон истироҳати бештар лозим аст, бинобар ин худро зиёд хаста накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Барои ҷаддиҳо имрӯз муҳаббат метавонад манбаи илҳом ва хушҳолӣ бошад. Бо истифода аз истеъдод ва меҳрубонии худ метавонед шахси дӯстдоштаатонро шод гардонед. Дар корҳои хона ё муносибатҳои оилавӣ баъзе душвориҳои хурд пайдо шуда метавонанд. Кӯшиш кунед аз наздикон талаботи аз ҳад зиёд накунед ва вазъиятро тавре қабул кунед, ки ҳаст. Дар байни кору зиндагии шахсӣ мувозинатро нигоҳ доред. Барои муваффақ шудан ҳатман худро ба кори зиёд ғарқ кардан шарт нест. Баъди рӯзҳои пурташвиш вақти хубест барои ором шудан.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз барои далвҳо эҳтимоли як шиносоии ҷолиб вуҷуд дорад. Ин вохӯрӣ метавонад ба ҳаёти шумо эҳсосоти нави ошиқона ворид кунад. Дар оила ҳангоми муҳокимаи хароҷот баҳс пайдо шуданаш мумкин аст, зеро ҳар кас назари худро дорад. Дар кор бозор ва имкониятҳои навро бодиққат омӯзед, эҳтимол барои бастани созишномаи фоидаовар шароит пайдо шавад. Аммо ҳамкорон метавонанд шуморо ба сарфакорӣ ва эҳтиёткорӣ даъват кунанд. Ҳангоми рондани мошин хеле бодиққат бошед, зеро хатари садама вуҷуд дорад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Ҳутҳо имрӯз метавонанд дар муносибатҳои ошиқона каме ноумед шаванд. Дар чунин ҳолат худро танҳо нагузоред ва аз дастгирии дӯстон ё наздикон истифода баред. Барои якҷоя вақт гузарондан имконият пайдо кунед: филм тамошо кардан, бозӣ кардан ё танҳо суҳбати самимӣ метавонад муносибатро беҳтар кунад. Дар масъалаи молиявӣ имконияти хуб пайдо шуда метавонад. Бештар ҳаракат карда, дар ҳавои тоза сайр кунед ва аз нишасти зиёд худдорӣ намоед.