arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
3093

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Мушкилиҳои зиёдеро, ки пештар рафъ сохта наметавонистед, дар ин рӯз ба осонӣ бартараф месозед. Усулҳои наву ғайриоддиро истифода бурда, аз таваккал кардан наметарсед. Боҷуръатӣ ба шумо ҳусн мебахшад ва нафарони зиёде нисбататон таваҷҷӯҳ мекунанд. Аз пайи амалисозии нақшаҳои худ шавед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Диққати худро ба корҳои муҳим равона созед. Ба корҳои ночиз диққат надиҳеду ташвиш ҳам накашед. Шумо ҳама гуна ҳодисаҳои сарзадаро ба дил беҳад наздик қабул мекунед. Барои он ки аз мушкилиҳои касбӣ дур бошед, аз усулҳои беадолатона истифода набаред. Ғазаби худро нигоҳ доред.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Корҳоятон зиёд мешаванд, вале вақту соатро дуруст истифода бурда, аз ӯҳдаи ҳама кор мебароеду хастагиро эҳсос намекунед. Бо одамон забон ёфтанатон осон мешавад. Ҳатто бо нафароне, ки пештар забон ёфта наметавонистед, дар ин рӯз созиш карда метавонед. Даромади пулӣ ва туҳфаҳои қимматбаҳо имкон доранд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи сермаҳсул аст. Мақсади асосиятон дар ин рӯз ба ҳадаф расидан аст. Беҳтараш дар танҳоӣ амал кунед, дигарон ба шумо халал мерасонанд. Кору ташвишатон аз пештара бештар мегардад, вале ин шуморо ба ҳарос намеорад. Ҳар як дақиқаи худро дуруст истифода бурда, аз ӯҳдаи корҳои зиёде баромада метавонед

Асад (23 июл-22 август)

Ба муваффақиятҳои беназир ноил нагардед ҳам, рӯзатон хуш мегузарад. Агар на танҳо табъи хуш, балки даромади пулӣ мехоста бошед, ба соҳаи хизматрасонӣ диққат диҳед. Ҳамкорӣ бо бонувон ва дастгирии онҳо мушкилоти зиёдатонро рафъ месозад. Рӯзи хубест барои вақтгузаронӣ бо наздикон.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи оливу пурмаҳсул аст. Ба ҳама кор бо дасту дили гарм машғул шуда, атрофиёнро ба ваҷд меоред. Ба осонӣ ёрдамчӣ пайдо мекунед. Бо одамоне, ки сару кор мегиред, ба зудӣ ба дилатон роҳ меёбанд. Ҳамкории судманд оғози саргузашти ошиқонаи шумо мегардад. Аксарият ба садои қалб гӯш андохта, муваффақ мегарданд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар бо кори муҳиме машғул шудан хоҳед, ҷиддан муносибат намоед. Дар ин рӯз ба сабукфикрӣ роҳ доданатон имконпазир аст. Ба умеди бахту барор нашавед, вагарна мушкили калоне ба саратон меояд. Ҳама корро тафтиш кунед, то ки камбудие сар назанад. Дар корҳои шубҳанок ширкат наварзед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи ором аст ва ягон ҳодисаи муҳиме рух намедиҳад. Барои вохӯрӣ бо дӯстон ва аз ҳоли якдигар бохабар шудан рӯзи мусоид аст. Маслиҳату дастгирӣ эътимодатонро бештар месозад. Баъди нисфирӯзӣ ҳодисаҳои хуш рух медиҳанд. Даромади пулӣ эҳтимол дорад, ки дар ин рӯз айни муддао мегардад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Азбаски шахси эҳсосӣ ҳастеду қалби нозук доред, ба зудӣ зери таъсири дигарон мемонед. Нуқтаи назари худро пайгирӣ карда наметавонед ва ба ақидаи дигарон диққати бештар медиҳед. Истироҳату дилхушӣ карда наметавонед. Вохӯриҳои ошиқона ва вохӯрӣ бо дӯстон хуб сипарӣ мегарданд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи ором ва хеле бобарор аст. Субҳгоҳон ягон кори муҳим ва вохӯриҳои масъулиятнокро ба нақша нагиред. Дар ин муддат нағзакак истироҳат кардану амалиётҳои табобатиро гузаронидан мумкин аст. Кореро, ки пештар оғоз намуда будед, ба анҷом расонида метавонед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба ҳаяҷон ва асабоният роҳ надиҳед. Барои он ки рӯзатон бобарор бошад, оромиро риоя намуда, қарорҳои дуруст бароред. Эҳсосоти манфиро лаҷом заданатон лозим аст, дар акси ҳол ба сари худ бало мехаред. Хусусан, ҷавонон дар сари қаҳру ғазаб коре мекунанд, ки оқибаташ танҳо пушаймонӣ аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз аз ӯҳдаи ҳамаи корҳо ба хубӣ баромада метавонед. Корҳои муҳими худро ба фарзанд ё шахси дӯстдошта бовар накунед, аз бадхоҳон эҳтиёт шавед. Ба маслиҳатҳо гӯш андозед, баъзан он фоиданок буда метавонад. Нафароне, ки қаблан шуморо қадр намекарданд, назари худро нисбати шумо тағйир медиҳанд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД