Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз рӯзи пурҳаракат ва пур аз нерӯ мешавад. Корҳо зуд пеш мераванд, агар ҷасур ва қатъӣ бошед. Дар ҷои кор ҳамкорон дастгирӣ мекунанд ва имкониятҳои нав пайдо мешаванд. Дар муносибатҳои шахсӣ амал аз сухан муҳимтар аст. Шом хабар ё вохӯрии хуш меорад. Вазъи молӣ устувор аст, вале аз хариди саросема худдорӣ кунед. Нерӯи худро ба нақшаҳои оянда равона созед.
Cавр (20 апрел-20 май)
Рӯзи ором ва мутавозин дар пеш аст. Агар шитоб накунед, масъалаҳои корӣ осон ҳал мешаванд. Кори гурӯҳӣ натиҷаи беҳтар медиҳад. Муносибатҳо бо гармӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пур мешаванд. Барои нафарони муҷаррад шиносоии ногаҳонӣ имконпазир аст. Ба саломатӣ аҳамият диҳед: истироҳат ва ғизои дуруст лозим аст. Сайругашт ё ҳаракати сабук қувват мебахшад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз муошират осон ва самаранок мешавад. Рӯзи хуб барои гуфтушунид, муаррифӣ ва табодули андеша аст. Идеяҳои эҷодӣ зиёд мешаванд, онҳоро сабт кунед. Дар ҳаёти шахсӣ эҳсосоти хуш ва сабукӣ ҳукмрон аст. Барои ҷуфтҳо муоширати муштарак муносибатро нав мекунад. Дар молия эҳтиёткор бошед. Шомро бо дӯстон ё китоб гузаронед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз муҳити хона ва наздикон муҳим мешаванд. Корҳои оилавӣ қаноатбахшанд. Дар касбу кор масъулиятшиносӣ қадр мешавад, махсусан агар ба дигарон кӯмак кунед. Садои қалб дар ҳама ҷода роҳнамо мегардад. Муносибатҳои ошиқона гарму самимӣ мешаванд. Сӯҳбати рӯирост эътимодро қавӣ мекунад. Рӯзи хуб барои ғамхорӣ, эҷод ва оромии равонӣ аст.
Асад (23 июл-22 август)
Боварӣ ба худ ва ҷозиба диққати дигаронро ҷалб мекунад. Дар касбу кор муваффақият ва эътироф имконпазир аст. Рӯзи мувофиқ барои баромад ва корҳои эҷодӣ мебошад. Машғулияти дӯстдошта илҳом мебахшад ва фоида меорад. Дар муносибатҳои ошиқона оромиро нигоҳ доред. Шомро бо дӯстон ё шахси дӯстдошта хуш мегузаронед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз ҳамкорон аз маслиҳататон истифода мебаранд. Ба саломатӣ аҳамият диҳед: реҷаи дуруст ва ғизои солим муҳим аст. Дар муносибатҳо амал муҳимтар аз эҳсос мешавад. Кӯмак дар корҳои рӯзгор муҳаббататонро қавитар месозад. Барои нафарони танҳо шиносоӣ дар муҳити корӣ имкон дорад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Рӯзи тавозун ва созиш аст. Қобилияти дипломатӣ баҳсҳоро ҳал мекунад. Шарикӣ ва ҳамкорӣ мустаҳкам мешаванд. Зебоӣ ва ҳунар илҳом мебахшанд. Рӯзи хуб барои харид ё боздид аз чорабиниҳои фарҳангӣ мебошад. Дар ишқ романтика меафзояд. Ҷуфтҳо ба ҳам наздиктар мешаванд, нафарони танҳо бо ҷозибаи худ диққати атрофиёнро мекашанд.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Фардо эҳсосот амиқ мешаванд. Шумо ниятҳои пинҳонии дигаронро хуб дарк мекунед. Дар касбу кор тафаккури солим кумак мекунад. Дар масоили молиявӣ имконияти пайдо шудани даромади иловагӣ ҳаст. Муносибатҳо ба сатҳи нави эътимод мерасанд. Суҳбатҳои самимӣ пайвандро қавӣ мекунанд. Рӯзи хуб барои тағйир ва рушди шахсӣ аст.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Рӯзи пур аз хушбинӣ ва имкониятҳои нав аст. Омӯзиш, сафар ё шиносоии нав имкониятҳоятонро васеъ мекунанд. Дар касбу кор ташаббус ва нақшаҳои нав қадр мешаванд. Кори дастаҷамъона натиҷаи хуб медиҳад. Дар ҳаёти шахсӣ сабукӣ ва дастгирии ҳамдигар эҳсос мешавад. Барои нафарони танҳо боздид аз ҷойҳои нав шиносоӣ меорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз интизом ва заҳмат натиҷа медиҳанд. Дар касбу кор эътироф ва пешрафт имконпазир аст. Рӯзи мувофиқ барои банақшагирии дарозмуддат мебошад. Эътибор ва нуфузатон меафзояд. Ба дигарон роҳнамоӣ кардан қаноат мебахшад. Барои муносибатҳои ошиқона вақти бештар ҷудо кунед. Шомро бо наздикон гузаронед, то гармии хонаводагӣ нигоҳ дошта шавад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Рӯзи хуб барои муошират бо дӯстону ҳамандешон аст, вохӯрӣ бо онҳо шуморо нерӯву илҳом мебахшад. Лоиҳаҳои гурӯҳӣ фоида меоранд. Дар ишқ дӯстӣ ва озодӣ муҳиманд. Барои нафарони муҷаррад шиносоӣ бо дӯстон ё чорабиниҳо эҳтимол дорад. Ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро хеле қавӣ пайдо мекунед. Эҷод, мусиқӣ ё мулоҳиза оромӣ мебахшад. Ҳамдардӣ шуморо бо дигарон наздик месозад. Кумак ба ниёзмандон дилро шод мекунад, вале ҳадди худро нигоҳ доред. Дар ҷодаи ишқ эҳсосот самимӣ ва амиқанд. Барои нафарони танҳо вохӯрии муҳим дар муҳити эҷодӣ ё назди дарё имконпазир аст.