Ҳамал (21 март-20 апрел)
Агар дар ҷодаи муҳаббат кораҳоятон пеш наравад, ба гапи бегонагон гӯш надиҳед. Шояд аз ғамхории аз ҳад зиёди шахси наздик хаста шавед. Имрӯз бо роҳбар суҳбати ҷиддӣ доред, эҳтимол вақти зиёд кардани маош фаро расидааст. Вазъи молиявӣ беҳтар мегардад. Машқҳои сабуки ҷисмонӣ беҳтар аз навъи варзиши вазнин аст.
Cавр (21 апрел-21 май)
Агар муҷаррад бошед, имрӯз шиносоии ҷолиб ва вохӯриҳои умедбахш пеш меояд, гарчи кӯтоҳмуддат бошанд ҳам. Ба тозагӣ ва тартиби хона аҳамият диҳед, ин оромиву ҳамоҳангӣ меорад. Бо ҳамфикрон оиди лоиҳаи муштарак суҳбат мекунед ва баҳсҳои куҳнаро ҳал хоҳед кард. Хабари нохуши шинос ё ҳамкоратон шуморо ба мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ мекунад. Барои ҳолатҳои ғайричашмдошт доруҳои лозимаро ҳамроҳ дошта бошед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Аз қадамҳои аввал наҳаросед, таҷрибаи нав ба шумо эътимод мебахшад ва шуморо барои ҷинси муқобил ҷаззобтар мегардонад. Эҳтимол, дар баъзе ҳолатҳо асабиву норозӣ шавед. Аз нафароне, ки ба шумо кумак мерасонанд, миннатдор бошед. Беҳтар шудани вазъи молиявӣ имкон медиҳад, ки хонаатонро обод созед. Танҳо ба фикрҳои мусбат роҳ диҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Вохӯрии ошиқонаро ба рӯзи дигар гузоред, имрӯз ба танҳоӣ ва оромӣ ниёз доред. Агар бо ҳамсаратон нофаҳмӣ доред, барои ислоҳи вазъ саъй кунед. Ба танқид, хусусан аз сӯи роҳбарият, ҳассос мешавед. Фаъолияти соҳибкорӣ дар хатар аст, қарорҳои пулиро бо эҳтиёт ҳал кунед. Аз тамоку ва қаҳва худдорӣ кунед, то изтироб зиёд нашавад.
Асад (23 июл-23 август)
Вақтатонро бо шахси дӯстдошта гузаронед, эҳтимол робитаатон қавитар гардад. Ба эҳсосоти манфӣ дода нашавед, то оромӣ ба хона баргардад. Имрӯз эҳтиёт бошед, мумкин роҳбарият тафтиш гузаронад. Агар бо шараф аз санҷиш гузаред, мукофот мегиред. Корҳои нав даромад меоранд. Агар бо варзиш машғул шуданӣ бошед, вақти муносиб аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Ошиқи пешинаи дилбохта боз ба шумо таваҷҷуҳ мекунад, вале ба робитаи ҷиддӣ умед набандед. Шомро ба фарзандон бахшед, ба онҳо маслиҳати оқилона диҳед. Имрӯз барои имзои шартномаҳо ва созишномаҳои тиҷоратӣ рӯз мусоид аст. Дар ҳама чиз миёнаравӣ риоя кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Эҳтимоли нофаҳмӣ дар муҳаббат ё сӯҳбати вазнин вуҷуд дорад. Шояд шахси наздикатон иқрори ғайричашмдошт кунад. Бо вуҷуди ин, кӯшиш кунед ҳамоҳангиро дар муносибатҳо ҳифз намоед. Рӯз барои ҳам кор ва ҳам истироҳат муносиб аст. Фикрҳои ҷолибатон дигаронро ба ҳайрат меорад ва баъзеҳои кумаки худро пешниҳод мекунанд. Аз хароҷоти хатарнок дурӣ ҷӯед ва таоми сабук истеъмол кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз сюрпризҳо ва тӯҳфаҳои гуворо имкон доранд. Ҷаззобиву зебоии шумо бештар мешавад, аз ин фурсат истифода баред. Худро пурра бо корҳои хона машғул накунед, мумкин ба дӯстон ё хешовандон кумак лозим шавад. Гарчи мушкили корӣ вуҷуд дорад, фурсатҳои нави даромади пулӣ пайдо мешаванд. Нимаи аввали рӯз аз харид ва қарз худдорӣ намоед. Дарди сар ва нотобӣ аз хастагӣ аст, бештар истироҳат кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз қарорҳои муҳим қабул мекунед, ки роҳи бозгашт надоранд. Масоили шахсиро бо ҳамсаратон якҷо ҳал намоед. Рӯзи хуб аст, махсусан барои мардон, имкон дорад ба сатҳи нави кор ё зиндагӣ бароед. Ҳангоми убури роҳ эҳтиёт бошед, ронандагон метавонанд парешон бошанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз аз шахси дӯстдошта туҳфа мегиред, фикр кунед, ки чӣ гуна изҳори миннатдорӣ намоед. Қувва ва ҳолати руҳиатон заиф шудааст, вале корҳо таъхирро намепазиранд. Ба онҳое, ки мехоҳанд бо шумо дӯстӣ кунанд, аҳамият диҳед, шояд иттилооти муҳиме диҳанд. Агар чизе дар бозор писанд омад, харед. Машқҳои сабук кунед, аммо буғумҳоро аз ҳад зиёд хаста накунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар сафари кӯтоҳ ё сафарҳои корӣ шиносоӣ пайдо мекунед, вале онҳо ҷиддӣ нахоҳанд буд. Рӯзро дар ҳалқаи оила гузаронед, ин муҳит шуморо ба эҳсоси ошиқона меорад. Бо истифода аз эътибору таҷрибаатон аз роҳбар маоши бештар талаб намоед. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёткор бошед. Барои нигоҳ доштани тавозун ва оромӣ, ба варзиш вақт ҷудо кунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Шахси дӯстдошта ғамхорӣ нишон медиҳад, ҳар лаҳзаи якҷоя буданро қадр намоед. Рӯз бидуни эҳсосоти шадид мегузарад, агар худатонро ба моҷаро наандозед. Ба корҳои хона диққат диҳед. Мушкилоти майда метавонад табъатонро вайрон кунад, вале зуд ислоҳ мешавад. Ба масъалаҳои молӣ ва беҳбудии шахсӣ аҳамият диҳед. Агар мехоҳед вазни худро кам кунед, парҳез ва ҳисоб кардани калорияро оғоз намоед.