formula
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2023
1818

Толеъномаи 18 декабр

Ҳамал

Кӯшиш намоед, ки дар ин рӯз ботамкин бошед, дар акси ҳол, имкони рух додани муноқиша бо дӯстдоштаатон вуҷуд дорад. Аз шунидани хабари нохуш руҳафтода нагардед. Дар ҷойи кор имрӯз бояд хеле эҳтиёткору бодиққат бошед. Коратон зиёду нофаҳмиҳо пеш меоянд. Дар ин рӯз бо сардору ҳамкорон баҳс накунед.

 

Савр

Бо табъи болидаву дилпурӣ мушкилиҳои сарзадаро рафъ месозед. Дилкушод бошед, ба корҳои майда-чуйда диққат надиҳед. Дар ин рӯз аксари корҳоятон ба хубӣ анҷом меёбанд. Худхоҳиву одати якравиро аз худ дур созед, вагарна шахси бароятон наздикро сахт меранҷонед.

 

Ҷавзо

Барор ҳанӯз ҳам ҳамроҳу ҳамсафари шумо аст. Нобарориҳо аз шумо дар канор мегарданд. Хусусан нафароне, ки бо эҷодкорӣ машғуланд, дар ҳама кор муваффақ мегарданд. Агар зуком шуда бошед, бо худтабобаткунӣ машғул нашуда, ба назди духтур равед. Бештар дар ҳавои тоза қадам задан ба фоидаи саломатист.

 

Саратон

Вазъи молиявиатон нофаҳмо мемонад. Хароҷоти ногаҳонӣ мекунед, вале даромади хуби пулӣ низ ба даст меоред. Таваккал накунед. Ба садои қалби худ гӯш андозед, он гоҳ ба мақсад мерасед. Бегоҳирӯзӣ каме пиёда сайру гашт кардан саломатиятонро беҳтар месозад.

 

Асад

Ба ҳама кор бо дасту дили гарм часпиданатон лозим аст. Бо вуҷуди он ки корҳои нав бароятон бесамар менамоянд, аз онҳо даст накашед. Бонувон пули зиёд сарф намуда, пушаймон намешаванд. Рӯзи бобарорест барои бастани шартномаву қарордод.

 

Сунбула

Эҳтимол аст, ки наздиконатон боз бароятон душворӣ эҷод менамоянд. Кор бо ҷангу ҷанҷоли калон анҷом ёфта метавонад, аз ин лиҳоз қабл аз сари қароре омадан оқибаташро андеша намоед. Вақте расидааст, ки ғами саломатии худро хуред. Нофаҳмиҳои оилавӣ боиси асабхаробӣ мегардад.

 

Мизон

Тақдир дар зиндагиятон гардиши ногаҳониро пеш меорад. Бо шарофати корчаллонӣ даромад меёбед. Ҳатто корҳои хатарнок даромади хуб меоранд, ба шарте ки сари вақт ба худ биёед. Толеъ ёратон мегардад, вале муноқишае рух дода, оқибати ногувор ба бор меорад.

 

Ақраб

Барои бомуваффақият анҷом додани корҳои нав бояд бо дастгирии дӯстону шиносон амал намоед. Бо вуҷуди он ки ба қувваи худ умед доред, шарм надоред. Дар лаҳзаи охир вазъият метавонад тағйир ёбад, табъи хуш, ҷасурӣ ва сабру таҳаммул шуморо комёб месозад.

 

Қавс

Хушоҳангӣ ва муҳаббат ба вазъи молиятон низ таъсир мерасонад. Бовариву эътимодеро, ки дар оила пайдо мекунед, дар пайдо намудани ҳалли мушкили зиёде кӯмак мерасонад. Яку якбора кӯшиши рафъ сохтани тамоми мушкилиҳоро накунед. Зиндагӣ худ мактаб аст. Бегоҳирӯзи эҳтимоли хастагиву асабоният вуҷуд дорад.

 

Ҷаддӣ

Аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед. Эҳтимоли рух додани муноқишаву низоъ, бемориву ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Корҳоятонро ба тартиб биёред, тозакору дақиқ бошед. Муносибат бо ҳамкорону сардор беҳтар мегардад. Бегоҳирӯзиро ба наздиконатон бубахшед. Дар ҳузури эшон ҳунарҳои худро пурра нишон медиҳед.

 

Далв

Барои аз даст надодани маблағи калон ба коре даст назанед. Дар ҷойи кор нохушиҳои хурд имкон доранд. Эҳтимоли бо сардор муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Тақдирро фиреб надиҳед, ҳар коре, ки рух медиҳад, аз шумо вобастагӣ надорад. Агар дӯстдори машрубот бошед, саломатиро барқарор карда наметавонед.

 

Ҳут

Дар ин рӯз имкониятҳои зеҳниву равонии худро нишон дода метавонед. Дар маҳфили дӯстон бо хушгуфториву ақли расо гули сари сабад мегардед. Ба ҳар коре, ки даст занед, муваффақ мегардед, вале беҳтараш ба корҳои ҷисмонӣ машғул нашавед. Хатари ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД