sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2022
917

Ҳамал

Рӯзи пур аз ташвиш аст. Барои он ки баъдан дар назди атрофиён худро сафед карданатон лозим наояд, ба рафтору гуфтори ноҷо роҳ надиҳед. Танҳо бо ҳамин роҳ аз муноқиша халосӣ ёфта, обрӯятонро ҳифз мекунед. Айни замон истироҳат кардан ба фоидаи шумост.

Савр

Саврҳои муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро доранд. Аз гирифтани қарз худдорӣ намоед. Бо гирифтани маоши кам вазъи молиявиатон душвор мегардад. Барои баромадан аз ҳолати ногувор аз пайи пайдо намудани сарчашмаи нави даромад шавед.

Ҷавзо

Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон ягон тағйироти манфӣ дида намешавад. Дар масъалаҳои молиявӣ аз хароҷоти калон худдорӣ намоед. Мушкилоти хурди рӯзгор ба касбу коратон таъсири худро мерасонад. Аз қасаму гуфтугузори нодаркор худдорӣ намоед.

Саратон

Зуд-зуд ивазшавии нақшаву табъи шумо монеи ҳамдигарфаҳмиятон бо атрофиён мегардад. Дар ин рӯзҳо ҳамсару фарзандон ташвиши зиёд меоранд. Хислати зотии шумо чунин аст, ки тамоми ҳаёти худро ба шахси дӯстдоштаатон бахшида, барои хурсандии ӯ ҷонатонро фидо мекунед.

 

Асад

Нофаҳмиҳои сарзадаро бо роҳи ба мусолиҳа омадан рафъ намоед. Вохӯрӣ бо дӯстону шиносҳо ва сафарҳои гуногун муфид анҷом меёбанд. Рӯзи хубест барои муҳаббат ва вохӯриҳои ошиқона. Эҳтимоли ошиқ шудан ё барқарор сохтани муносибатҳои кандашудаи ошиқона вуҷуд дорад.

Сунбула

Дар ин рӯз хеле эҳтиёт бошед, то ки ҷароҳату лат нахӯред. Ҳамзамон аз нӯшидани машрубот, дорувориҳо ва муносибати маҳрамона худдорӣ намоед. Вазъият дар ҷойи кор душвор мегардад, аз ин рӯ гузашт кунеду мулоҳизакор бошед. Бо вуҷуди ноҳақ будани яке аз ҳамкорон худро ба даст гиред.

Мизон

Ба роҳи дур рафтанро маслиҳат намедиҳем. Хатари ба садамаи автомобилӣ афтидан ё баланд сохтани суръати мошин дар назар аст. Барои сафару саёҳат рӯзи дигарро интихоб намоед. Аз шиносоиҳои нав худдорӣ намоед. Дучори дудилагиву шубҳа гаштанатон имконпазир аст.

Ақраб

Рӯзи хубест барои оштишавӣ ва нақшаи рӯзи дигарро кашиданатон. Наздиконро барои иҷрои коре маҷбур насозед. Беҳтараш гузашт кунед. Саломатии худро назорат намоед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад, дарду ғами худро фаромӯш мекунед.

 

Қавс

Дар касбу коратон пешниҳодҳои ҷолиб пеш меоянд. Сабукфикрӣ ё баръакс кордонӣ боиси нофаҳмӣ бо атрофиён мегардад. Аз муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон худдорӣ намоед, бо хурдагириҳои худ ҷони ӯро ба лабаш наоред. Баъди нисфирӯзӣ истироҳат намоед.

Ҷаддӣ

Ба баҳсу мунозира ва муноқиша бо ҳамкорон, наздикон ва атрофиён роҳ надиҳед. Агар худро ба даст гирифта тавонед, корҳоятон хуб анҷом меёбанд. Дар акси ҳол муноқиша тӯл мекашад. Мулоқоти ошиқона бобарор анҷом меёбад.

 Далв

Нафарони муҷаррад бахти худро пайдо месозанд. Қарз гирифтану қарз доданро маслиҳат намедиҳем, вагарна дучори мушкилоти пулӣ мегардед. Мардони оиладор бо сабаби камбудиҳои молиявӣ ва рӯзгор дучори муноқиша мегарданд. Агар шумо сафи фарзандонро зиёд кардан хоҳед, сарчашмаҳои нави даромади пулиро ҷӯё шавед.

 

Ҳут

Бо шахси дӯстдоштаи худ ё аъзоёни калонсоли хонавода каме муноқиша карданатон имкон дорад. Ин нофаҳмӣ бо сабаби он сар мезанад, ки шумо якдигарро шунидан намехоҳед. Барои оштӣ шуданатон шумо бояд қадами нахустин гузоред. Аз гуфтани сухани хуб, туҳфа ва меҳрубонӣ зихнагӣ накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД