Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар ҷойи кор бо роҳбаратон сарбасар шуда, кӯшиши гузаронидани гапи худро накунед, вагарна кафшҳоятонро пеши поятон мегузоранд. Нимаи дуюми рӯз ҳангоми харид кардан ҳамёнатонро эҳтиёт намоед, то пулҳои бо арақи ҷабин ёфтаатон насиби кадом як дузд ё фиребгар нашаванд. Нисбати дарди сар ва миён беэътиноӣ накунед.
Cавр (21 апрел-21 май)
Рӯзи серташвиш аст. Дар муносибатҳои корӣ эҳтиёт бошед, ҳангоми имзо гузоштан дар ҳуҷҷатҳои марбут ба маблағ бепарвоӣ накунед. Бемасъулиятӣ метавонад ба кисаи шумо зиён биёрад. Нимаи дуюми рӯз маблағи калоне ба даст меоред. Саврҳои оиладор ба ҳамдигарфаҳмӣ мерасанд.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Ҳаёти зодагони бурҷи ҷавзо пур аз шӯру ғавғо ва иғвою найранг аст, аз ин хотир, мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки ба одамони ношинос бовар карда, рози дилатонро нагӯед. Фош гаштани сирру асроратон метавонад обрӯи шуморо резонад. Дар коргоҳ дурӯғ гуфтанро тавсия намедиҳем. Душманонатон кайҳо шуморо назди роҳбарият сиёҳу худро ширин кардаанд, эҳтиёт бошед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аз аввали рӯз худро тавоною ҷасур ҳис мекунед. Дар дилатон хоҳиши ба корҳои азим даст задан пайдо мешавад. Кӯшиш кунед, ки манбаъҳои нави даромадро пайдо намуда, мавқеи худро дар зиндагӣ мустаҳкам созед. Агар тамоми донишу маҳорататонро ба кор баред, бою бадавлат мешавед. Нимаи дуюми рӯз байни шумо ва ёратон каме ҷанҷолу хархаша мешавад, ки сабабаш рашк аст.
Асад (23 июл-23 август)
Асадҳо бояд имрӯзро танҳо ба худашон бубахшанд. Сарулибосатонро нав кунед, ороиши мӯю рӯятонро тағйир диҳед. Барои асадҳои бекор айёми беҳтарин барои пайдо намудани ҷойи кор фаро мерасад. Агар донишу маҳорати худро нишон дода тавонед, соҳиби кори хуб мешавед ва вазъи молиявиатон хеле беҳтар мешавад, аммо ду даст дар зери манаҳ нишастан гиред, ҳолатон аз ин ҳам бадтар мешавад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз асабатон чунон хароб мешавад, ки намедонед халтаи қаҳру ғазабатонро дар сари кӣ холӣ кунед. Худро ба даст бигиред, вагарна дилозории шумо метавонад боиси ҷанҷолу моҷарои калоне бигардад. Дар муносибат бо аҳли оила ва дӯстон низ эҳтиёт бошед, як ҳарфи ноҷо ба решаи бахти оилавӣ ё дӯстии чандинсолаатон табар зада метавонад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар муносибат бо атрофиёнатон эҳтиёт бошед. Касеро ба ягон кор маҷбур насозед. Бигзор ҳар кас чӣ коре, ки мехоҳад, кардан гирад. Ба манфиати корхона гап зада, ба худ душман нахаред, вагарна дар зери поятон чунон ноаён чоҳ мекананд, ки чӣ тавр ба он афтода монданатонро нафаҳмида мемонед. Даромади калони пулиро интизор шудан маънӣ надорад, вале бе пул ҳам намемонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз ақрабҳоро лозим меояд, ки аз ташхиси духтур гузаранд, зеро хавфи хурӯҷ намудани бемориҳои мавсимӣ вуҷуд дорад. Ақрабҳои кордон метавонанд лоиҳаи нави худро ба роҳбарашон пешниҳод карда, комёб гарданд. Ҳаёти оилавии ақрабҳо пур аз воқеоту ҳодисаҳои гуногун аст. Яке бахти худро меёбад, дигарӣ баръакс аз маҳбубаш ҷудо мешавад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз қавсҳо бо як тир ду нишон заданӣ мешаванд, аммо тирашон хок мехӯрад. Аз ин рӯ, якбора аз паси чанд кор нашавед. Нимаи дуюми рӯз хабари хуше ба гӯшатон мерасад, ки дунёи шуморо рангинтар месозад. Агар зарур донед, ин хабарро ба шахсони дилхоҳатон расонед, агар не, пинҳон доред, то чашм нарасад. Охири рӯз имкони сахт ранҷонидани ошиқатон дар назар аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз серкорӣ шуморо чунон асабӣ менамояд, ки инони ихтиёрро аз даст дода, бо одамони шиносу ношинос муносибати дағалона мекунед. Қасдатонро аз дигарон нагирифта, сабаби нокомиҳоятонро дар кору амалҳои худ биҷӯед ва камбудиҳоятонро ислоҳ намоед. Коратон аз ҳад асабонӣ ва миёншикан бошад, аз баҳраш гузашта, кори дигар биҷӯед, то ба ягон беморӣ гирифтор нашавед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Агар дӯсти наздик ё одами азизатон ба мушкилӣ дучор гардад, ҳама кору боратонро партофта, аз паси ӯ шавед, то худашро танҳо ҳис накунад. Кумаки хешро аз ӯ дареғ надошта, шумо дарвозаи муҳаббати Худовандро ба рӯйи худ боз хоҳед кард. Ҷавоби некиатон ба шумо дучанд шуда бармегардад. Дар масъалаҳои молию пулӣ ва дигар додугирифтҳо ҳушёр бошед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз ғайбату туҳмати мардум ба асабатон сахт расида, худро бад ҳис мекунед. Дар дилатон хоҳиши интиқом гирифтан аз душманон пайдо мешавад, вале ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки ҳаволаи бадро ба Худо супоред. Дигарон чӣ мегӯянд, моҳият надорад, муҳимаш шумо дар назди Худованд пок бошед.