goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ МАЙИ СОЛИ 2026
770

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар вақтҳои охир муносибататон бо шахси дӯстдошта ноором бошад, имрӯз каме танҳо мондан ба шумо фоида меорад. Дар оила эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, вале суҳбати орому самимӣ метавонад вазъро беҳтар созад. Дар кор масъулиятшиносӣ ва сабр муҳим аст, маҳз ҳамин хислатҳо шуморо ба муваффақият мерасонанд. Барои тартиб додани нақшаи молиявӣ рӯзи хуб аст. Аз ҳад зиёд худро хаста накунед, зеро асабоният ва кори зиёд метавонанд ба саломатӣ таъсир расонанд.

Савр (21 апрел-21 май)

Шумо ва шахси дӯстдоштаатон аз ҳам фарқ мекунед, вале маҳз ҳамин гуногунӣ муносибатро ҷолиб мегардонад. Дар оила фазои орому гарми ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Барои пешрафт дар кор бояд ҷуръати қадамҳои нав дошта бошед ва аз одатҳои кӯҳна берун бароед. Дар масъалаҳои молӣ шитоб накунед ва ҳар қарорро бодиққат қабул кунед. Бегоҳ каме истироҳат кунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз эҳтимол шахсе, ки муддатҳо ба шумо таваҷҷуҳ дошт, худро бештар нишон диҳад. Аммо ин ошноӣ шояд давомнокии ҷиддӣ надошта бошад. Рӯҳияи шумо тағйирёбанда мешавад, бинобар ин кӯшиш кунед эҳсосотро зери назорат нигоҳ доред. Барои бастани шартномаҳо ва кор бо мизоҷон рӯзи мусоид аст. Дар хароҷот сарфакор бошед ва аз харидани чизҳои нолозим худдорӣ намоед. Машғулияти дӯстдошта ё каме истироҳати ором нерӯи шуморо барқарор мекунад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз шуморо рӯҳияи ошиқона фаро мегирад ва эҳтимол шахси ҷолибе ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Муносибат бо наздикон гармтар шуда, нофаҳмиҳои кӯҳна аз байн мераванд. Барои рушди касбӣ вақти мувофиқ аст, дониш ва малакаҳои худро бештар такмил диҳед. Пешниҳодҳои нави тиҷоратӣ метавонанд фоидаи хуб оваранд, аз ин рӯ онҳоро бодиққат омӯзед. Барои нигоҳ доштани нерӯ бештар ба саломатӣ аҳамият диҳед ва худро аз хастагии зиёд эмин нигоҳ доред.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз ҳам шиносоии шавқовар ва ҳам эҳтимоли муносибати ҷиддӣ вуҷуд дорад. Агар хоҳед муҳаббататон пойдор бошад, ба эҳсосоти шахси дӯстдошта бештар аҳамият диҳед. Камтаваҷҷуҳии рӯзҳои охир метавонад сабаби ранҷиш гардад. Дар ҷои кор нофаҳмиҳои хурд пеш меоянд, вале оромиву мулоимӣ ҳамаи мушкилро ҳал мекунад. Дар гуфтушунидҳо хеле боварибахш мешавед. Барои саломатӣ бештар истироҳат кунед ва кӯшиш намоед хоби кофӣ дошта бошед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Муносибате, ки кайҳо дигар гармӣ надорад, имрӯз метавонад ба анҷом расад. Ин рӯз барои раҳо шудан аз фикру ташвишҳои кӯҳна мувофиқ аст. Муносибат бо дӯстон ва наздикон беҳтар шуда, кинаҳои гузашта фаромӯш мешаванд. Дар кор муваффақияти шумо аз қобилияти гуфтушунид ва дуруст интихоб кардани афзалиятҳо вобаста аст. Барои соҳибкорон имкони бастани шартномаҳои фоидаовар пайдо мешавад. Рӯз орому самаранок гузашта, ҳам барои кор ва ҳам барои истироҳат мусоид хоҳад буд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ситораҳо аз эҳтимоли ишқи пурэҳсос дарак медиҳанд, вале ин муносибат метавонад кӯтоҳмуддат бошад. Суҳбати самимӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки нофаҳмиҳои кӯҳнаро бартараф намоед. Роҳбарият заҳмати шуморо қадр мекунад ва эҳтимол лоиҳаи муҳимро ба шумо бовар намояд. Дар масъалаҳои муҳим бештар ба худ такя кунед. Аз хӯрокҳои бисёр шӯр ва дуддодашуда камтар истифода баред, зеро онҳо метавонанд сабаби варам ва хастагӣ шаванд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз дар муносибат бо шахси дӯстдошта эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ беҳтараш ба баҳсҳои ҳассос роҳ надиҳед. Ба наздикон меҳрубонӣ ва қадрдонии худро нишон диҳед. Фикру хаёлатон бештар ба кор ва нақшаҳои нав банд мешавад. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёткор бошед, хариди калон ё нолозим метавонад баъдтар пушаймонӣ оварад. Аз машғулиятҳои хатарнок дурӣ ҷӯед, зеро имрӯз эҳтимоли осеб дидан зиёд аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Эҳтимол имрӯз шахси дӯстдоштаатон каме рашк кунад ва ин ҳолат шуморо ҳайрон намояд. Беҳтараш бо оромӣ ва фаҳмиш муносибат кунед. Дар муошират бо хешовандон сабру таҳаммулро нигоҳ доред ва аз ҷойҳои серғавғо дур бошед. Илҳом ва нерӯи эҷодии шумо барои расидан ба ҳадафҳо кӯмак мерасонанд. Қобилияти кории шумо зиёд шуда, вазъи молиявиатон беҳтар мегардад. Агар худро нотоб ҳис кунед, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз мумкин аст бо шахси наздик баҳси кӯтоҳе сар занад, вале агар эҳсосотро идора кунед, ҳама чиз зуд ҳал мешавад. Барои шумо муҳити хона беҳтарин ҷои оромиш хоҳад шуд. Ба саломатии худ бештар диққат диҳед ва каме истироҳат кунед. Барои мулоқот бо роҳбарият ё анҷоми корҳои расмӣ рӯзи хуб аст. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёткор бошед ва ба тарҳҳои шубҳанок маблағ нагузоред. Аз нӯшокиҳои бисёр сард худдорӣ намоед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз имконият пайдо мешавад, ки ба муносибатҳои ошиқона гармӣ ва таровати нав бахшед. Аммо ба ҳар сухани дӯст ё хешованд зуд бовар накунед. Шояд имрӯз вазифае пеш ояд, ки қаблан онро ғайриимкон мешуморидед, вале шумо аз уҳдааш мебароед. Аз хароҷоти калон ва қарз гирифтан худдорӣ кунед, то баъдтар ба мушкили молӣ дучор нашавед. Барои саломатӣ худтабобатиро канор гузошта, танҳо ба маслиҳати мутахассис такя намоед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз эҳсосоти худро бо роҳи эҷодӣ баён кунед, ин муносибататонро бо шахси дӯстдошта мустаҳкам месозад. Кӯшиш намоед миёни оила ва кор тавозунро нигоҳ доред. Қобилияти кории шумо хеле баланд мешавад ва ҳатто вазифаҳои душворро ба осонӣ иҷро мекунед. Фикру хаёли бой ва ҷаҳонбинии эҷодӣ ба шумо кумак мерасонанд. Дар масъалаҳои молиявӣ бодиққат бошед, зеро баъзе қарорҳо метавонанд дар оянда мушкил эҷод кунанд. Гаштугузор дар ҳавои тоза рӯҳияатонро беҳтар мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД