goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2026
1022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз бо шахси наздик дар бораи баъзе масъалаҳо суҳбат кардан лозим мешавад. Ҳангоми гуфтугӯ орому хушмуомила бошед. Бо ҳамсояҳо ё хешовандон низ баҳс накунед. Барои хариди ашёи хона рӯзи хуб аст. Корҳои муҳимро бо диққат иҷро кунед, зеро дигарон метавонанд шуморо зуд-зуд парешон кунанд. Барои расидан ба мақсадҳои калон шитоб накунед. Худро аз ҳад зиёд хаста накунед ва ба ҳар мушкили хурд бо рӯҳияи хуб муносибат намоед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз барои сайругашт ва сафар рӯзи хуб аст. Шояд кор шуморо чандон шавқманд накунад ва бештар доир ба зиндагӣ ё масъалаҳои ошиқона фикр кунед. Агар муддати зиёд бо аҳли оила вақт нагузаронда бошед, имрӯз ин камбудиро ҷуброн кунед. Меҳнати хуб обрӯятонро дар кор баланд мекунад, вале нагузоред, ки дигарон аз меҳрубонии шумо истифода баранд. Хароҷоти ғайричашмдошт имкон дорад, бинобар ин пулатонро эҳтиёт кунед. Ба ҳисси ботинии худ бовар кунед ва бештар ҳаракат кунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз эҳсоси аҷибе шуморо фаро гирифта метавонад. Эҳтимол муҳаббати гузашта дубора ба ёдатон ояд. Рӯз дар маҷмуъ бобарор мегузарад, аммо беҳтараш ба хоҳишҳои дигарон камтар машғул шавед ва ба корҳои худ диққат диҳед. Дар ҷойи кор эҳтимол маълумоти нодуруст ба шумо расад, ки метавонад ба нақшаҳо зарар расонад. Барои амалӣ кардани ҳадафҳо рӯзи хуб аст. Агар бо боварӣ ва азми қавӣ амал кунед, натиҷаи дилхоҳ ба даст меоред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар танҳо бошед, бештар бо дӯстон вохӯред ва ба ҷамъомадҳо равед. Барои ҷуфтҳои ҷавон имрӯз баъзе баҳсу нофаҳмиҳо имкон доранд. Ба фикри ҳамдигар гӯш диҳед, то мушкилот зиёд нашаванд. Дар кор метавонед роҳи хуби ҳалли масъалаи душворро пайдо кунед. Фикрҳои нав ва қобилияти дуруст таҳлил кардани вазъият ба муваффақият мерасонад. Агар мошин ронед, эҳтиёт бошед ва суръатро зиёд накунед. Имрӯз бодиққатӣ шуморо аз ҳолатҳои ногувор муҳофизат мекунад.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз барои шиносоӣ бо одамони нав рӯзи хуб аст, аммо муносибатҳои нав метавонанд на он тавре пеш раванд, ки шумо мехоҳед. Дар хона ба ҳар хоҳиши наздикон фавран розӣ нашавед. Баъзан бояд фикри худро қатъӣ баён кард. Аз одамоне, ки шуморо асабонӣ мекунанд, дуртар бошед, зеро баҳс пайдо шуданаш мумкин аст. Хароҷоти ғайричашмдошт эҳтимол доранд, вале наздикон дар чунин ҳолат шуморо дастгирӣ мекунанд. Агар худро хаста ҳис кунед, бештар истироҳат кунед ва хоби кофӣ гиред.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Агар бо шахси муносиб шинос шудан хоҳед, бештар ба ҷойҳои ҷамъиятӣ равед. Ба намуди зоҳирии худ низ диққат диҳед. Имрӯз шояд барои суҳбат бо наздикон кайфияти хуб надошта бошед, бинобар ин каме танҳо мондан ба шумо фоида мекунад. Нақшаҳои пештараатон метавонанд амалӣ шаванд ва вазъи молиявӣ беҳтар гардад. Барои зиёд кардани даромад роҳҳои навро ҷустуҷӯ кунед. Агар шом худро ноором ҳис кунед, бо шахси наздик суҳбат кунед ва мушкилотро дар дил нигоҳ надоред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз барои анҷом додани корҳои нотамом ва беҳтар кардани натиҷаи корҳо рӯзи хуб аст. Рӯз ором мегузарад ва барои машғул шудан ба кори дӯстдоштаатон вақт пайдо мекунед. Дар масъалаҳои корӣ пешакӣ нақша тартиб диҳед ва ба худ бовар дошта бошед. Ин ба муваффақият мерасонад. Аммо имрӯз аз қарз гирифтан, додани қарз ва дигар корҳои муҳими молиявӣ худдорӣ кунед. Агар худро хаста ҳис кунед, каме истироҳат кунед ва ба корҳои писандида машғул шавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар танҳо бошед ва муҳаббат ҷӯед, имрӯз барои шиносоии нав имконияти хуб доред. Аз қадами аввал гузоштан натарсед. Агар шахси наздикатон рӯҳияи хуб надошта бошад, ӯро дастгирӣ кунед ва суханони хуб гӯед. Нимаи аввали рӯз барои корҳои шахсб ва иҷрои нақшаҳо мувофиқ аст. Шом эҳтимол худро каме хаста ҳис кунед. Даромадатон метавонад беҳтар шавад ва ҳамкорон бештар ба фикри шумо гӯш медиҳанд. Сайругашт ва машқи ҷисмонӣ низ рӯҳияатонро беҳтар мекунанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз як ҳолати ғайричашмдошт метавонад нақшаҳои шуморо тағйир диҳад. Эҳтимол хабари шахси наздик боиси дигар шудани нақшаҳои шом гардад. Агар масъалаи муҳими корӣ доред, онро ба охири рӯз нагузоред. Имрӯз барои тоза кардани хона ва партофтани чизҳои нолозим вақти хуб аст. Аз бастани шартномаҳо ва имзои ҳуҷҷатҳои муҳим худдорӣ кунед. Ба ғизо диққат диҳед, зеро баъзе хӯрокҳо метавонанд боиси аллергия шаванд. Агар ба аллергия гирифтор бошед, эҳтиёткор бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз ба муносибатҳои шубҳаноки ошиқона ворид нашавед. Пеш аз ҳар қарор хуб андеша кунед ва ба ҳисси ботинии худ бовар намоед. Дар хона муҳити бароҳат созед, чизҳои нав харед ё худро бо хӯроки дӯстдоштаатон шод кунед. Шояд вақти он расидааст, ки дар бораи оғоз кардани кори шахсӣ фикр кунед. Барои як рӯз аз баъзе одатҳои маъмулии худ даст кашед. Сайругашти тӯлонӣ дар ҳавои тоза асабҳоро ором карда, хобро беҳтар мекунад.

Далв (21 январ-19 феврал)

Агар ба наздикӣ муносибати нав оғоз карда бошед, имрӯз аз баҳсу ҷанҷол худдорӣ кунед. Якҷо хӯрок хӯрдан ва суҳбат кардан муносибатро мустаҳкам мекунад. Қобилияти фикрронӣ ва неруи зеҳнии шумо зиёд мешавад. Омӯзиши нав ва корҳои таблиғотӣ метавонанд натиҷаи хуб диҳанд. Нимаи аввали рӯз барои харид ва сармоягузорӣ мувофиқ аст. Аммо баъд аз нисфирӯзӣ аз муомилаҳои калони молиявӣ худдорӣ кунед. Эҳтимол, баъзе хотираҳои гузашта каме рӯҳияатонро тағйир диҳанд.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз худро хуб ва боқувват ҳис мекунед. Аз ин ҳолат истифода бурда, бо одамони нав шинос шавед ва бештар муошират кунед. Рӯз барои харид ва нав кардани муҳити хона мусоид аст. Дар кор имкони пешрафт доред, аммо барои ба даст овардани он бояд кӯшиши зиёд кунед. Эҳтимол маблағи ғайричашмдошт ба дастатон расад ва баъзе мушкилоти молиявиро ҳал кунад. Ба хобҳои худ диққат диҳед. Баъзан онҳо метавонанд барои ҳалли масъалаҳои муҳим фикри хуб диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД