Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ба наздикӣ шояд коре кунед, ки барои шумо ғайриодӣ аст. Масалан, муҳаббататонро ба касе ошкор кунед. Аз ин натарсед ва ҷуръат намоед. Эҳтимол наздикон ба корҳои шахсии шумо зиёд таваҷҷуҳ кунанд, вале онҳо инро аз рӯйи ғамхорӣ мекунанд. Рӯзҳои наздик барои иҷрои корҳои душвор хубанд. Қувва ва диққати шумо зиёд мешавад. Дар бораи беҳтар кардани шароити хона ё иваз кардани мошин фикр кунед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва худро аз ҳад зиёд хаста накунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Агар дар бораи муносибататон шубҳа доред, бо шахси дӯстдошта ошкоро суҳбат кунед. Ҳама чизро дар дил нигоҳ доштан метавонад муносибатро вайрон кунад. Эҳтимол рашк ва баҳс пайдо шавад, аммо кӯшиш кунед ором бошед. Шумо ба мақсадатон хеле наздикед, пас аз роҳатон барнагардед. Агар коре хуб пеш наравад, рӯҳафтода нашавед. Меҳнат кунед, вале истироҳатро ҳам фаромӯш накунед. Хастагии зиёд ва стресс метавонад ба ҳолати рӯҳии шумо таъсир расонад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз мехоҳед аз корҳои ҳаррӯза каме истироҳат кунед. Кайфияти хуб барои шиносоӣ бо одамони нав мусоид аст. Аммо нисбат ба дигарон аз ҳад зиёд талабот накунед, зеро ин метавонад боиси норозигии онҳо гардад. Дар кор вақти холӣ барои тартиб додани нақшаҳо ва ҳисоботҳо пайдо мекунед. Агар ҳоло маблағи иловагӣ дошта бошед, қарзҳои пешинаатонро баргардонед. Аз ҷиҳати саломатӣ рӯз ором мегузарад. Танҳо қувваи худро аз ҳад зиёд сарф накунед ва бештар истироҳат кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар муносибатҳои ошиқона аввалин қадамро гузоштан натарсед. Пешниҳодҳои шумо метавонанд шахси дӯстдоштаатонро хурсанд кунанд. Агар байни шумо нофаҳмӣ пайдо шавад, ба ҷанҷол роҳ надиҳед. Кӯшиш кунед роҳи дигари ҳалли масъаларо пайдо кунед. Имрӯз корҳои зиёд доред ва шояд каме хаста шавед. Ба харидҳои нолозим дода нашавед, зеро пул зуд сарф мешавад. Агар худро асабонӣ ё ғамгин ҳис кунед, бо дӯсти наздик ё хешованд суҳбат кунед. Ин ба шумо сабукӣ меорад.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз вақти хубест, ки ба худ ва муносибатҳоятон назар кунед. Шояд аз шахси дӯстдоштаатон чизҳои хуберо омӯхта метавонед. Ба ҳаёти оилавӣ каме гуногунӣ ворид кунед, то муносибатҳо якранг нашаванд. Барои бастани шартномаҳо ва иваз кардани самти кор рӯз мувофиқ аст. Ҳангоми суҳбат бо одамони муҳим хушмуомила бошед. Барои сармоягузории дарозмуддат ҳоло шитоб накунед ва пулатонро нигоҳ доред. Ба саломатӣ диққат диҳед ва аз корҳои вазнин худдорӣ намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз барои оғози муносибати нав рӯзи хуб аст. Эҳтимол бо шахсе шинос шавед, ки муносибататон бо ӯ ҷиддӣ шавад. Мулоқоти ногаҳонӣ бо хешовандон низ имкон дорад ва ин метавонад муносибатҳои оилавиро беҳтар кунад. Дар кор тартибу интизом ба шумо муваффақият меорад. Вазъи молиявӣ ҳоло чандон хуб нест, вале ба зудӣ беҳтар мешавад. Агар худро хаста ҳис кунед, каме истироҳат кунед. Барои кор кардан худро маҷбур насозед, агар қуввататон кам бошад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар ниятатон самимӣ бошад, шахсе, ки ба ӯ меҳр доред, инро мефаҳмад. Имрӯз дар хона корҳои зиёд пайдо мешаванд. Эҳтимол баъзе таҷҳизот ё қубурҳои хона вайрон шаванд. Дар кор роҳбар метавонад вазифаи муҳим супорад. Агар онро хуб иҷро кунед, имкони гирифтани мукофоти хуб зиёд аст. Барои иҷрои ин кор кӯшиши зиёд лозим мешавад. Пулро эҳтиёткорона сарф кунед. Метавонед аз хӯрокҳои дӯстдоштаатон лаззат баред, вале дар хӯрдану нӯшидан меъёрро нигоҳ доред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар дар муносибататон каме дурӣ пайдо шуда бошад, ин маънои ба охир расидани муҳаббатро надорад. Баъзан каме фосила муносибатро беҳтар мекунад. Имрӯз бо одамони зиёд суҳбат хоҳед кард, бинобар ин кӯшиш кунед хушмуомила бошед. Барои ба даст овардани натиҷаи хуб бояд бештар заҳмат кашед. Эҳтимол туҳфаи шахси дӯстдошта табъатонро беҳтар кунад. Барои чизҳои нолозим пул сарф накунед. Ҳамчунин аз ҷойҳои серодам ва зиёфатҳои зиёд дурӣ ҷӯед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз барои муҳаббат ва муносибатҳои ошиқона рӯзи хуб аст. Бо шахси дӯстдошта ростқавл бошед, вале баҳс накунед. Барои рафтори наздикон зуд асабонӣ нашавед. Ба онҳо бо сабру таҳаммул муносибат кунед. Дар кор эҳтиёт бошед, шояд касе мехоҳад ҷойи шуморо гирад. Ба рафтори ҳамкорон диққат диҳед. Гарчанде худро қавӣ ҳис мекунед, баъзе ҳолатҳои ғайричашмдошт метавонанд нақшаҳоятонро тағйир диҳанд. Сафарҳои дурро ба вақти дигар гузоред ва имрӯз бештар бо оила бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз қувва ва хоҳиши кор карданатон зиёд мешавад. Барои вохӯриҳои ошиқона низ рӯзи хуб аст. Агар суханони шахси дӯстдошта ба рӯҳияатон таъсир расонанд, ба худ бештар диққат диҳед. Ба салон равед, мӯйи худро дигар кунед ё либоси нав харед. Нақшаҳои худро тарк накунед ва бо боварӣ ба пеш ҳаракат кунед. Дар масъалаи пул бо шарикон ихтилоф пайдо шуданаш мумкин аст. Эҳтиёт кунед, то зарар набинед. Агар худро бад ҳис кунед, ба духтур муроҷиат намоед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Барои шиносоии ошиқона давраи хуб фаро мерасад. Агар танҳо бошед, эҳтимол бо шахси муносиб вохӯред. Барои ба даст овардани натиҷаи хуб бо дигарон хушмуомила бошед ва асабонӣ нашавед. Имрӯз муваффақият насиби касест, ки барои мақсадаш кӯшиш мекунад. Аз қарор қабул кардан натарсед ва фаъол бошед. Даромадатон устувор мемонад, вале пулро мувофиқи имконият сарф кунед. Барои беҳтар кардани саломатӣ машқҳои сабук ва ҳаракати бештар ба шумо фоида мерасонад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Дар муносибат бо шахси дӯстдошта аз рашк ва назорати зиёд худдорӣ кунед. Аз ҳад зиёд маҳдуд кардани ӯ метавонад муносибатро вайрон кунад. Агар бо наздикон нофаҳмӣ пайдо шуда бошад, барои ҳар масъалаи майда асабонӣ нашавед. Кӯшиш кунед роҳи умумии ҳалли мушкилро пайдо кунед. Дар кор барои ҳамкорӣ ва ҳал кардани масъалаҳои муҳим рӯзи хуб аст. Муоширати хуб бо ҳамкорон натиҷаи хуб медиҳад. Вазъи молиявӣ метавонад каме беҳтар шавад. Машқи ҷисмонӣ фоида дорад, вале худро аз ҳад зиёд хаста накунед.