sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
2898

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз душманон дар ҳаққатон ноадолатиҳои зиёде мекунанд. Ҳушёр бошеду бадхоҳонро бе танбеҳ намонед. Аз ҷониби нафаре, ки нисбаташ бетафовут нестед, таърифу тавсифи зиёд мешунавед. Аз бепул мондани худ рӯҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Савр (21 апрел-20 май)

Маслиҳати дӯсти наздикатонро бо назари танқид қабул накунед. Андешаи он ки дӯстатон ба зиндагии шумо бинӣ мехалонад, комилан ғалат аст. Дӯсти зиндагидидаатон сидқан ба шумо кӯмак кардан мехоҳад. Агар дар масъалаи фурӯши тиҷорати шахсӣ ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунед, зудтар ба мақсад мерасед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз пешниҳоди нави корӣ имкон дорад, саросема нашавед, нағзакак фикр кунед. Барои сари қарори тақдирсоз омадан бароятон ду рӯз кифоя аст. Дар масъалаҳои пулӣ бештар бо наздикони худ маслиҳат кунед. Нафароне, ки аз дарди меъда азият мекашанд, набояд бо худтабобаткунӣ машғул шаванд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Аз субҳи содиқ саратонҳо бояд нақшаи корӣ ва истироҳатро тартиб диҳанд, то ки ниятҳояшонро амалӣ карда тавонанд. Табъи нохуши худро пинҳон доред, вагарна ба гирдоби яъсу ноумедӣ гирифтор мегардед. Ҳангоми дар нақлиёт сафар кардан эҳтимоли гум кардани телефон ё чизи қимматбаҳоятон вуҷуд дорад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз дар бораи худ ва дӯстдоштаатон овозаҳои зиёдеро мешунавед. Агар оқилаву дурандеш бошед, ба ғайбатҳо бовар накунед. Асадҳои коргар бо супориши роҳбарият ба сафари хидматӣ мебароянд. Вазъи молиявиатон хуб аст, вале агар пулро сарфа накунед, ба зудӣ кисаҳоятон холӣ мегардад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ҳодисаҳое, ки дар ҳаётатон рух медиҳанд, ба дил наздик қабул накунед. Корҳоятон хуб мешаванд, ба шарте ки рӯҳафтода нашуда, ба умеди кӯмаки бегонаҳо нашавед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ манбаи нави даромад ҷустанатон лозим меояд. Аз маслиҳатҳои шахси наздикатон рӯ нагардонед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз дар гуфтору рафтор андозаро нигоҳ доред. Ба хабаргирии хеши беморатон меравед. Ба бемориҳои музмине, ки ҳар сол дар ҳамин вақт хурӯҷ мекунанд, бодиққат бошед. Агар маблағеро барои рӯзи мабодо захира карда бошед, дар борааш ба касе нагӯед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз аввалан мушкилиҳои худро ҳал кунеду баъдан аз пайи анҷом додани корҳои дигарон шавед. Вагарна бо рақибони худ як ба як монда, вақти худро бо баҳсҳои бемаънӣ мегузаронед. Беҳтараш аз пайи ба даст овардани манбаи нави пулкоркунӣ шавед. Вохӯрии хотирмон ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ба вазъи саломатии худ диққат диҳед. Агар дарде нороҳататон месохта бошад, ба табиб муроҷиат кунед, ба худтабобаткунӣ машғул нашавед. Тарки одатҳои бад намуда, аз хӯрдани ғизоҳои равғанин, хамирӣ ва шӯр худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ лаҳзаҳои хуши ошиқонаро интизор бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ҷойи кор ба вазъияти ногувор гирифтор мешавед. Ҳамкорон шуморо дар бепарвоиву бемасъулиятӣ гунаҳкор месозанд, ба танқид омода бошед. Ҳангоми робита бо дӯстон ман-манӣ накунед. Бо нафароне, ки солиёни зиёд риштаи мустаҳками дӯстӣ доштед, самимӣ бошед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба нафаре душманӣ накунед, вагарна худатон ба нохушиҳо гирифтор мегардед. Пулҳои худро дар ҷойи бехатар нигоҳ доред ё ҳамёнатонро ҳамроҳи худ гардонида, аз дуздон эҳтиёт кунед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре вомехӯред, ки чандин моҳ дар ҳасрати дидори шумо буд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба сафари роҳи дур рафтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна дар роҳ ба ҳолати ногувор гирифтор шуданатон имкон дорад. Дар ҷойи сокиту ором бо нафарони бароятон дилкаш суҳбат кунед ё бо кори зеҳнӣ машғул шавед. Дар масъалаҳои пулӣ бо нафароне, ки нисбаташон боварӣ надоред, ҳамкорӣ накунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД