Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ МАЙИ СОЛИ 2021
2990

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар назди худ ҳадафҳои мушаххас гузоред ва то охири рӯз кӯшиш кунед, ки онҳоро амалӣ карда тавонед, зеро давраи мусоид барои расидан ба ҳадафҳо фаро расидааст. Фаҳмо сухан гуфта натавонед ҳам, ҳама чизро барои худ фаҳмида метавонед. Ба ҳар ҳол, дар ҳама ҳолат эҳтиёткориро аз даст надиҳед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз муносибатҳоятон бо нафаре, ки дӯсташ медоред, дар ҳолати хуб қарор мегиранд. Кӯшиш кунед, ки ҳангоми вохӯрӣ аз хотираҳои гузашта ёдовар шавед ва бо ин роҳ муносибати худро аз пештара бештар қавитар созед. Ҳақиқатро бояд гуфт, аммо имрӯз аз гуфтани ҳар ҳақиқат худдорӣ кунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз хабарҳоеро мешунавед, ки барои пайдо шудани идея ва нақшаҳои нав имкон медиҳанд. Агар пеши нафаре гунаҳкор бошед, аз маъзаратхоҳӣ кардан шарм надоред. Имрӯз мушкилиҳои гуногун думболи шуморо мегиранд. Ба таҳлука наафтед ва ором бошед, мушкилиҳо ҳалли худро меёбанд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз ба шумо тавсия медиҳем, ки вақти бештари худро ба дӯстону наздикон ва пайвандон бубахшед. Агар дар масъалаи муҳиме фикри шуморо фаҳмидан хоҳанд, дарҳол ҷавоб диҳед. Дар хусуси он ки мардум дар бораи шумо чӣ фикр доранд, тамоман парво накунед. Шом хабари хуш мегунавед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки ба касе маслиҳат надиҳед ва барои ба як қарор омадан ҳам шитоб накунед. Кӯшиш ба харҷ диҳед, то донишҳои беҳтарини худро барои ба як қарор омадан истифода намоед. Ба худ эътимод дошта бошед ва ин боварӣ ҳатман шуморо ба мақсад мерасонад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз шумо мисли шамъе мешавед, ки рӯшаниатон ба ҳама мерасад. Муносибати худро бо наздиконатон бо ҳар баҳона вайрон накунед. Аз болои худ назоратро пурзӯртар намоед. Ба орзуву ҳавасҳо дода нашавед ва поятонро чени кӯрпаатон дароз кунед, то дар оянда сахт пушаймон нашавед. 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз барои фикр кардан дар бобати ояндаи тиҷорати худ рӯзи мусоид аст. Ба нафаре, ки ба кӯмаки шумо ниёз дорад, дасти ёрӣ дароз кунед. Дар муошират бо наздикон ва аҳли оила дағалӣ накунед ва барои гуноҳҳояшон ҷазо ҳам надиҳед. Кӯшиш кунед, ки ба онҳо имтиёз диҳед, то ислоҳ шаванд.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз агар шитоб кунеду ба гуфтаи дигарон амал намоед, дар корҳои худ ба иштибоҳи бузург рӯ ба рӯ мешавед. Агар дӯстонатон пешниҳоди ба истироҳат рафтанро кунанд, бе чуну чаро қабул кунед. Дар бораи тиҷорат ва нақшаҳои ояндаи худ пешакӣ ба касе хабар надиҳед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз шумо хеле асабиед. Ҳангоми ҳарф задан аз даҳонатон гапҳои пасту баланд мебарояд, ки боиси хафа шудани наздиконатон мешавад. Кӯшиш кунед, ки ба нафарони дӯстдоштаатон осеб нарасонед ва онҳо бояд шуморо дарк кунанд. Сарфакор бошед ва барои ҳар кор пул масраф накунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз шумо бояд бештари вақти худро бо он нафароне паси сар кунед, ки барояшон муҳим ва ҷолиби диққат ҳастед. Агар наздиконатон ба кӯмаки шумо эҳтиёҷ дошта бошанд, ба онҳо ёрӣ диҳед. Баъзеҳо мехоҳанд, ки шуморо асабӣ кунанд. Тавсия медиҳем, ки суханҳои онҳоро нодида гиред.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз барои шумо рӯзи бобарор аст. Ҳама корро як сӯ гузореду фақат истироҳат кунед ва аз ҳаёт лаззат баред. Дар ҷои кор қарори муҳимеро қабул мекунанд, ки барои амалӣ гаштани нақшаҳои ояндаи шумо кӯмак мерасонад. Зиёдтар об нӯшед ва хӯрокҳои солиму серғизо истеъмол намоед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки барои ҳутҳо рӯзи муфид барои шиносоӣ аст. Хулоса, ҳар коре, ки ба ишқу муҳаббат алоқамандӣ дорад, имрӯз барор мегирад. Иҷрои баъзе аз хоҳишҳоятон имрӯз ғайриимкон мешавад. Аз нафарони бад ба куллӣ дурӣ ҷӯед ва иҷозат надиҳед, ки шуморо ғайбат кунанд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД