Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2024
2575

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз нафароне, ки бо роҳи фиреб маблағи пулӣ ба даст меоранду зиндагии худро пеш мебаранд, худро дур гиред. Баъди нисфирӯзӣ маблағи пулии худро аз даст медиҳед. Аз шиносшавӣ бо нафароне, ки дар бурҷи асад ва савр таваллуд шудаанд, худдорӣ намоед. Агар имкон дошта бошед, бегоҳирӯзиро дар оғӯши табиат гузаронед.

Савр (21 апрел-22 май)

Сирри дили худро ҳатто ба наздикон фош насозед, вагарна тамоми гуфтаҳоятон бар зидди худи шумо мегардад. Инчунин, бо нафаре, ки нисбаташ дар дил меҳру муҳаббат мепарваред, ҳамкорӣ накунед, вагарна қобилияти кориро аз даст дода, муваффақ намегардед. Бегоҳирӯзӣ шуморо ба меҳмонӣ даъват мекунанд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз хобҳои мағшуш азиятатон дода, нотоб гаштанатон имконпазир аст. Мушкилоти хурди оилавӣ ё масъалаҳои молиявиро рафъ карданатон лозим меояд. Аз хариди калон ё маблағгузории калонҳаҷм худдорӣ намоед. Агар мошин меронда бошед, дар роҳ бодиққат бошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ягон мушкилиро ба уҳдаи худ нагиред, хусусан бо рафъ намудани мушкили дигарон машғул нашавед. Бо мушкилиҳои хурди оилавӣ ва молиявӣ рӯ ба рӯ мегардед. Дар ин рӯз дӯстро аз душман фарқ кардан бароятон муяссар мегардад. Бештар бо кӯдакон робита намуда, на танҳо табъатон болида мегардад, балки шодиву нишот ба даст меоред.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи бебарор аст. Мушкилиҳои ҳалношуда ё батаъхиргузошта аз нав пайдо шуда, боиси сарсониҳои зиёдатон мегарданд. Аз имтиҳони тақдир наҳаросида, ҷасурона ба пеш амал намоед, вагарна вазъият душвортар мегардад. Дар ин рӯз хатари ҷароҳат бардоштан зиёд аст, аз ин рӯ, дар ҳама кор бодиққат ва эҳтиёткор бошед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст. Бо осонӣ нақшаҳоятон амалӣ мегарданд. Ба кӯмаки шахси бароятон наздик умед баста метавонед. Ягона чизе, ки боиси хирагии табъатон мегардад, ин муноқиша бо яке аз наздиконатон аст. Барои он ки кор ба ҷанҷоли калон напечад, оқилу дурандеш бошед. Агар имкон дошта бошед, бегоҳирӯзӣ сайругашт намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо нафароне, ки аз шумо мақоми баландтар доранд, баҳсу мунозира накунед. Бо вуҷуди ҳақ буданатон ҳамсуҳбататон бо нуқтаи назари шумо розӣ намешавад. Хабари ногаҳонӣ боиси он мегардад, ки муносибатҳои ошиқонаро фаромӯш намоед. Бегоҳирӯзиро дар муҳити орому танҳоӣ гузаронед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз нисбати атрофиён қаҳру ғазабро раво набинед. Қабл аз он ки эҳсосоти манфиро ба дил роҳ медиҳед, оқибаташро андеша намоед. Асабу қувваи худро беҳуда сафр накунед. Нерӯи худро барои ҷангу ҷанҷол сарф накунед. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмон хуб аст, зеро нофаҳмиҳои оилавӣ гум мешаванд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Кӯшиш намоед, ки касеро ба мушкилоти худ ҷалб насозед. Эҳтимол нафаре ба шумо кӯмак мерасонад, вале ин хизмати хирсона мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ба шарте комёб мегардед, ки ниятҳоятон пок бошанду дар сар мақсади ғаразнок надошта бошед. Дар масъалаҳои молиявӣ бурд намекунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи бобарор аст. Эҳтимол имрӯз барои рафъ намудани мушкилоти гуногун машғул шуданатон лозим меояд. Дар назди худ мақсадҳои калон нагузореду бо чанд кор якбора машғул нашавед. Ҳодисаи ногаҳонӣ ба ҳаёти шахсиятон бетаъсир намемонад. Серкорӣ ва бепарвоии шумо боиси хафагиву ранҷиши наздикон мегардад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз маблағи зиёди пулиро аз даст медиҳед. Хароҷоти калоне, ки шумо мекунед, бо сабаби дӯстдори зиндагии роҳат доштани шумо ва мушкилоти фарзандонатон рух медиҳад. Боэҳтиёт бошед, тамоми корҳое, ки дар касбу кор ва ҳаёти шахсиятон рух медиҳад, назорат намоед. Ба зихнагӣ роҳ надиҳед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи хубест барои харид кардан. Таъмири хона ва иваз намудани ҷойи ҷиҳози хона хуб аст. Ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, машғул нашавед, вагарна аз натиҷаи амалатон сахт руҳафтода мегардед. Кӯшиши фиреб кардани ягон нафарро накунед. Ҳам асаби худ ва ҳам аз атрофиёнро хароб насозед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД