sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ МАРТИ СОЛИ 2024
1857

Ҳамал

Имрӯз ба муноқишаи вобаста ба пул ҷалб мешавед. Бо наздикони худ дар масъалаи сарфи зиёди маблағ ҷанҷол мекунед. Ба асабоният дода нашуда, оромиро пеша намоед, вагарна дар сари қаҳру ғазаб коре мекунед, ки баъдан боиси пушаймониятон мегардад. Саломатиро дар ҷои аввал гузоред, вагарна дер мешавад.

Савр

Дар нобарориҳои ба саратон омада ҳамаро гунаҳкор накунед. Барои муваффақ гаштану соҳиби пул шудан, бояд роҳҳои пешравии кор ва шарикони арзандаро пайдо намоед. Ҳатто баъди ба меҳмонӣ рафтан низ андешаҳои мағшуш шуморо тарк намесозанд. Дӯстдодштаатон аз дағалии шумо меранҷад.

Ҷавзо

Дар ин рӯз ҳар кореро, ки ба шумо бовар мекунанд, аз уҳдааш мебароед. Ҳатто касбу кори навро аз худ кардан мехоҳед. Корҳои нотамомро ба анҷом расонида, аз сафари корӣ худдорӣ намоед. Шахси дӯстдоштаатон ё ҳамсафари ҳаётӣ хабаре мерасонад, ки нақшаҳоятонро тағйир доданатон лозим меояд.

Саратон

Аз пайи пайдо кардани манбаҳои нави даромад шавед, вагарна ба наздикӣ бо кисаи холӣ мемонед. Аз дӯстону шиносон пурсон шавед, дар ҳафтанома эълони худро ҷой намоед. Дар ҳаёти шахсӣ аз ҳад зиёд ба якравӣ роҳ надиҳед. Ташаббус ва ҷидду ҷаҳд барои хубтар гаштану пешравии зиндагӣ ба ёратон хуш меояд.

Асад

Имрӯз вазъи молиявиатон беҳтар гашта, ба қадами ҷиддӣ гузоштан водоратон месозад. Пулро барои хариди чизҳои нодаркор сарф накунед. Азбаски муносибататон бо аҳли оила хуб нест, аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед. Агар аз касе қарздор бошед, пулро ҳамин рӯз баргардонед. 

Сунбула

Имрӯз ҳодисаҳои хуш шуморо интизоранд. Кори зиёд тамоми қуввату мадоратонро мегирад, баъзеҳоро мубталои яъсу ноумедӣ мекунад. Фаромӯш насозед, ки ҳар қадаре кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед, ҳамон андоза маблағи хуб ба даст меоред. Агар мулоқоти ошиқонаро дар нақша дошта бошед, беҳтараш дар ҳавои тозаи баҳорӣ сайругашт кунед. 

Мизон

Бо корҳое машғул шавед, ки чанд муддат ба таъхир мегузоштед. Имрӯз дар масъалаҳои ошиқона сустӣ накунед. Дӯстдоштаатон аз шумо рафтори оқилонаро интизор аст. Нафароне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, бо шарикони корӣ забон ёфта наметавонанд. Дудилагиву тарсончакӣ накунед.

Ақраб

Агар умре дар ҷустуҷӯйи шахси идеалӣ муҳаббати ҳамаро рад кардан гиред, имкони бо шахси хеле хуб вохӯрданро аз даст медиҳед. Шумо дӯстдоштаи худро дар ҷойи ғайриоддӣ вомехӯред, аз ин лиҳоз, ҳушёриро аз даст надиҳед. Мушкили молиявиатон хуб анҷом меёбад. Минбаъд дар сарф кардани пул андозаро нигоҳ доред. 

Қавс

Дар давоми рӯз муносибатҳоятонро бо хешовандону ҳамсояҳо нисбатан беҳтар сохта метавонед. Таъмири хона ва харидани мебели нав бобарор анҷом меёбад. Робитаҳои кандашудаи дӯстонаатонро барқарор карда метавонед. Он пешомади бадеро, ки эҳсос мекардед, рӯзҳои наздик амалдӣ мешавад.

Ҷаддӣ

Имрӯз дар роҳ ё ҷойи дигар пул меёбед. Корҳои дигаратон низ боиси ба даст овардани маблағи хуб мегардад. Бо суханпардозӣ на танҳо ҳамфикрон, балки нафареро пайдо месозед, ки барои пешравии корҳоятон маблағгузорӣ карда метавонад. Ҷаддиҳои муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз интизор аст. 

Далв

Кореро, ки аллакай оғоз кардаед, набояд ба таъхир гузоред. Агар кӯмаки ҳамкорон лозим шавад, ба нафари ботаҷрибаву кордон муроҷиат кунед. Дар ҳаёти шахсиятон ҳодисаҳои гуворо рух медиҳанд. Бо нафаре шинос мешавед, ки баъдан ошиқ шуда, ҳатто издивоҷ мекунед. Бахти худро аз даст надиҳед.

Ҳут

Аз пайи орзуву ҳавасҳое, ки бе таъсири нафарони воломақом амалӣ намегарданд, надавед. Дар ин рӯз бояд тамоми қарзҳои худро баргардонед. Омадани меҳмононро интизор бошед. Аз маъракаҳои серодам дурӣ наҷӯед, маҳз дар чунин ҷойҳо бо нафаре шинос мешавед, ки таъсири некаш ба зиндагиятон мерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД