Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ МАЙИ СОЛИ 2026
1280

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз таърифу суханони хубро бо хушнудӣ қабул кунед ва миннатдор бошед. Ин ҳам рӯҳияи шуморо боло мебарад ва ҳам муносибатҳоро гармтар мекунад. Дар оила эҳтимоли нофаҳмиҳо вуҷуд дорад, бинобар ин эҳсосотро идора кунед. Дар масъалаи ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед. Имкони кори иловагӣ пайдо мешавад, вале хароҷоти ғайричашмдошт низ эҳтимол дорад. Сарфакориро пеша кунед. Барои беҳтар шудани қомати худ бештар ҳаракат намуда, шабона зиёд хӯрок нахӯред.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз худро бо дигарон муқоиса накунед, зеро рашк ва норозигӣ танҳо рӯҳияро вайрон мекунад. Дар хона мумкин аст баҳсҳо ба миён оянд, вале бо оромӣ онҳоро ҳал кардан мумкин аст. Шом барои шиносоии нав ва истироҳат мусоид аст. Барои иҷрои корҳои душвор нерӯ ва сабри кофӣ доред. Фикрҳои мусбат ба шумо кумак мекунанд, ки мушкилотро осонтар паси сар намоед. Саломатӣ низ тадриҷан беҳтар мешавад ва қувваи ҷисмонӣ барқарор мегардад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз ба садои қалби худ гӯш диҳед, зеро он шуморо ба роҳи дуруст мебарад. Эҳтимол нуфуз ва обрӯи шумо миёни атрофиён бештар шавад. Аммо нафаре метавонад пушти саратон нақша кашад, бинобар ин ҳушёр бошед. Имкони зуд ба даст овардани маблағ пайдо мешавад, вале он набояд ба кори асосии шумо халал расонад. Ҳатто агар худро солим ҳис кунед ҳам, ба истироҳат аҳамият диҳед ва миёни кору дамгирӣ тавозунро нигоҳ доред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзҳои наздик дар зиндагии шумо эҳсосоти нав ва шиносоии ҷолиб пайдо шуданаш мумкин аст. Шояд нафаре шуморо аз корҳои ҳаррӯза дур созад. Вақти он расидааст, ки мустақилтар бошед ва ба худ бештар такя кунед. Имрӯз шумо метавонед ба нақшаҳои худ баҳои воқеӣ диҳед ва оромии ботиниро пайдо намоед. Сафару вохӯриҳо натиҷаи хуб медиҳанд. Ба саломатӣ диққат диҳед, зеро эҳтимоли хастагӣ ё нохушии ҷисмонӣ вуҷуд дорад.

Асад (23 июл-22 август)

Хотираҳои гузашта метавонанд ногаҳон ба шумо роҳи ҳалли мушкили деринаро нишон диҳанд. Агар суханони наздиконро аз ҳад ҷиддӣ қабул накунед, аз муноқиша канорагирӣ мешавад. Имрӯз муҳим аст, ки мавқеи худро дар масъалаҳои асосӣ равшан намоед. Дар корҳои молиявӣ бештар ба ҳисси ботинии худ такя кунед, он шуморо фиреб намедиҳад. Эҳтимоли хастагӣ ва камқувватӣ вуҷуд дорад, бинобар ин барои истироҳат низ вақт ҷудо кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз шахси ношинос метавонад шуморо ба суҳбати ошкоро кашад. Эҳтиёт бошед, зеро нияти ӯ на ҳамеша хуб аст. Дар муносибатҳои шахсӣ каме гузашт кардан беҳтар хоҳад буд. Барои оғоз кардани кори марбут ба саёҳат, вақти муносиб нест. Дар масъалаи пулӣ ташвиш накашед, ҳатто агар вазъият ноустувор намояд. Имкони даромади иловагӣ вуҷуд дорад. Барои саломатӣ парҳези сабукро риоя намуда, аз нӯшокиҳои спиртӣ дурӣ ҷӯед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар муносибат бо ҳамсар ё дӯстдоштаатон нофаҳмиҳои хурд имкон доранд. Каме фосила гирифтан метавонад муносибатҳоро боз ҳам гармтар кунад. Ба аҳли хона бештар ғамхорӣ нишон диҳед. Дар кор диққати зиёд ва сабр лозим мешавад. Суҳбат бо дӯстони дерина ба шумо рӯҳияи хуб мебахшад. Пешниҳодҳои ҷолиби молиявӣ пайдо мешаванд, вале пеш аз қабули қарор ҳама чизро бодиққат санҷед. Барои мустаҳкам шудани саломатӣ истеъмоли витаминҳо муфид аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз эҳсосоти ошиқона ва фикрҳои воқеӣ дар шумо якҷо мешаванд. Шумо ҳам орзу мекунед ва ҳам мехоҳед ба ҳама чиз бо ақли солим нигоҳ кунед. Мушкилоти кӯҳна метавонанд диққати шуморо парешон созанд, бинобар ин корҳоро тадриҷан ҳал кунед. Дар ҷои кор имкони нишон додани маҳорати касбӣ пайдо мешавад, вале дастовардҳои худро зиёд намоиш надиҳед, то ҳасади дигаронро бедор насозед. Аз асабоният зиёд хӯрок нахӯред ва барои истироҳат вақт ҷудо намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз бахт дар масъалаҳои ошиқона бо шумост. Шиносоии гуворо ё беҳтар шудани муносибат бо шахси дӯстдошта эҳтимол дорад. Аммо хастагии равонӣ метавонад ба шумо ва шарикатон таъсир расонад, бинобар ин бештар истироҳат кунед. Агар кори шумо ба молия ё ҳисобдорӣ вобаста бошад, эҳтимоли санҷиш вуҷуд дорад. Аз сармоягузориҳои хатарнок худдорӣ намоед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ сари вақт хоб равед ва аз стресс дур бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар имрӯз бо шахси наздик баҳс кунед, фавран барои беҳтар кардани муносибат шитоб накунед. Каме танҳо мондан ба шумо барои ором шудан кумак мекунад. Оиладорон эҳсосоти нав мехоҳанд, вале барои гарм кардани муҳаббат иваз кардани шарик шарт нест. Ирода ва сабри шумо имкон медиҳад, ки ба ҳадафҳо бирасед. Имрӯз барои пешрафти касбӣ имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Агар маблағ нарасад, дар бораи кори иловагӣ фикр кунед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Аз ғамхории аз ҳад зиёд ва дахолати зиёдатӣ худдорӣ намоед, зеро ин метавонад муносибатҳоро вайрон кунад. Барои баҳсҳои майда бо наздикон сабаб наҷӯед. Имрӯз эҳтимол пай баред, ки дар атрофатон одамони хушомадгӯ зиёд шудаанд. Ба онҳо пурра бовар накунед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳсосотро канор гузошта, бо ақли солим қарор қабул кунед. Ҳангоми кори ҷисмонӣ эҳтиёт бошед, зеро эҳтимоли кашишхӯрии рагҳои пой вуҷуд дорад.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз вақти хубест барои нишон додани беҳтарин хислатҳои худ. Муҳаббат ва меҳрубонии шумо бештар мешавад ва мехоҳед онро ба шахси дӯстдоштаатон эҳдо кунед. Оиладорон бо корҳои хона ва масъалаҳои фарзандон машғул мешаванд. Бо вуҷуди ин, вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мегардад. Шумо хуб медонед, ки чӣ гуна ба роҳбар ё шарики корӣ таъсири хуб расонед. Масъалаҳои молиявиро ба анҷом расонда, нақшаҳои ояндаро тартиб диҳед. Шомро ором гузаронед ва аз табиат лаззат баред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД