sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
3053

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба ғалат роҳ додану фиреб хӯрданатон имкон дорад. Ҳушёр бошед, аз ғайбату туҳмат эҳтиёт шавед. Аз робита бо нафарони бадҷаҳлу худхоҳ дурӣ ҷӯед. Дар баҳсу мунозираҳо ширкат накунед. Рафту ба муноқишае ҳамроҳ шавед, ба додзаниву садо баландкунӣ роҳ надиҳед. Вохӯрии аҷиби ошиқона имкон дорад.

Савр (21 апрел-20 май)

Хабари дурӯғи дар ин рӯз шунидаатон боиси нофаҳмиҳои зиёд мегардад. Корҳои пешинаро ба анҷом расонед, нақшаи нав накашед, вагарна коратон бебарор анҷом ёфта, ҳам бе пул мемонеду ҳам аз асабонияти зиёд саломатиятон хароб мегардад. Хобҳои дидаатон амалӣ мешаванд. Мулоқоти ошиқона хуб анҷом меёбад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Нисбати ҳодисаву воқеаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳад, бодиққат бошед, он гоҳ корҳоятон барор мегиранд. Қувваи зиёди худро барои гапҳои беҳуда сарф накунед. Агар нафаре хоҳиши бо шумо гап заданро надошта бошад, беҳтараш бо ӯ дар суҳбат нашавед. Дӯстдоштаатон ба меҳрубониву навозиши шумо эҳтиёҷ дорад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар шумо дар ҷои кори нав фаъолиятро оғоз карда бошед, бояд тамоми ҳунару маҳорати худро нишон дода тавонед. Барои он ки маошатонро баланд кунанд, масъулиятнок будани худро собит намоед. Бегоҳирӯзӣ бо ошиқатон телефонӣ ё тавассути интернет вақт гузарониданро тавсия намедиҳем.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонед, ҳатто нақшаи кориро барзиёд иҷро мекунед. Ҷидду ҷаҳди шумо аз чашми роҳбарият дур намемонад. Аз ҷониби бадхоҳону рақибон фитнаангезӣ имкон дорад, вале шумо аз вазъиятҳои ногувор бо сари баланд мебароед. Бегоҳирӯзӣ бояд нағзакак истироҳат кунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи хубест барои истироҳат бо дӯстон. Танҳо фикри ҳамин рӯзро карда, маблағи зиёдро барои дилхушӣ сарф накунед, беҳтараш буҷаи худро барои моҳҳои наздик тартиб диҳед. Дар муносибатҳои ошиқона саргум мезанед ва бори масъулиятро аз дӯши худ дур карданӣ шуда, дӯстдоштаатонро сахт меранҷонед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо дӯстдошта ё ҳамсаратон муноқиша мекунед, кор ҳатто ба ҷудоӣ мерасад. Хафагиву ранҷишҳои дуҷониба на танҳо боиси вайроншавии муносибатҳо, балки сабабгори асабхаробӣ ва фишорбаландиятон мегардад. Дар ин рӯз корҳоятон бебарору рӯҳафтода мегардед. Дар масъалаҳои пулӣ бодиққат бошед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар касбу коратон пешравӣ дида намешавад, ҷайбатон ҳам холӣ шуда, чӣ кор карданро намедонед. Дар ин рӯз ба мулоқоти ошиқона рафтану бастани ақди никоҳро маслиҳат намедиҳем. Дар лаҳзаи душвор худро аз наздикон дур гирифтану ба худ фурӯ рафтан бар зарари саломатиятон мегардад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар маблағи хуб ба даст овардан хоҳед, нақшаҳои обшустаро як тараф гузошта, аз пайи кори аниқ гардед. Дар ин рӯз вохӯрии ошиқона имкон дорад. Агар дӯстдоштаи худро бо ёри пештараатон муқоиса накунед, муносибатҳоятон хуб ҷараён мегирад. Ба саросемагӣ роҳ диҳед, зеро коратон барор намегирад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои ҷаддиҳои ошиқ рӯзи вазнин аст. Бо шахси дӯстдошта ё ҳамсаратон муноқишаи калон рух медиҳад, баъзеҳо ҳатто аз якдигар ҷудо мешаванд. Хатари ҷароҳат бардоштану ба сактаи дил гирифтор шудан дар ин рӯз хеле зиёд аст. Агар хароҷоти худро кам накунед, то бегоҳирӯзӣ пулҳоятон тамом мешаванд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Муваффақият насиби нафароне мегардад, ки дар оилаашон шодиву нишот ҳукмфармо бошад. Нафаре ба шумо зарар расонидан мехоҳад, ҳушёриро аз даст надиҳед. Бо чолокӣ монеаҳоро паси сар мекунед, вале фишори рӯҳӣ ба саломатиятон беасар намемонад. Нисбати наздикон ва дӯстдоштаатон меҳрубон бошед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз кореро, ки аз ӯҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред. Бо атрофиён дағалӣ накунед, хатари муноқиша карданатон зиёд аст. Ошиқон бояд ҷасуртар бошанд, вагарна мурғи бахтро аз даст медиҳанд. Вазъи молиявиатон чандон хуб нест, ба бозору мағоза рафтанро тавсия намедиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД