Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2026
953

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои ҳамкорӣ ва анҷоми корҳои дастаҷамъӣ рӯзи хуб аст. Агар бо касе нофаҳмӣ дошта бошед, шитоб накунед ва аввал эҳсосоти худро ором созед. Дар муносибатҳои оилавӣ ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Барои муҷаррадон шиносоии ҷолиб имкон дорад. Дар масъалаҳои молиявӣ бахтатон механдад. Агар худро хаста ҳис кунед, каме истироҳат кунед ва баъд бо нерӯи тоза корро идома диҳед.

Савр (21 апрел-21 май)

Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти ғайричашмдошт рух дода метавонанд. Барои нигоҳ доштани муносибатҳои ошиқона ба муҳаббат ва боварӣ такя кунед. Рӯзи хубест барои суҳбат бо наздикон ва гузаронидани вақт бо онҳо. Манбаи нави даромад пайдо шуданаш мумкин аст, ки дар баробари зиёд шудани хароҷот хеле саривақтӣ хоҳад буд. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва дастурҳои духтурро риоя намоед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Эҳсосоти худро зери назорат нигоҳ доред, зеро як лаҳза асабонӣ шудан метавонад ба муносибатҳои шумо таъсир расонад. Муҳити романтикӣ имрӯз ба таҳкими муҳаббат мусоидат мекунад. Барои ҳалли мушкилот аз роҳҳои нав истифода баред. Танҳо ба манфиати худ фикр накунед ва ба наздикон низ таваҷҷуҳ диҳед. Машғулиятҳое, ки ба шумо хушӣ мебахшанд, рӯҳияи шуморо беҳтар мекунанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар зиндагии ошиқона тағйироти ҷиддӣ пешбинӣ намешавад ва ин барои шумо хуб аст. Имрӯз беҳтараш каме танҳо монда, фикрҳои худро ҷамъбаст кунед. Дар касбу кор баъзе монеаҳо метавонанд пешрафтатонро суст кунанд, аммо сабр кунед. Нақшаҳои моҳи гузаштаатонро ҷамъбаст намуда, барои оянда барнома тартиб диҳед. Ба саломатӣ диққати бештар диҳед ва қувваи муҳофизатии баданро тақвият бахшед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз эҳтимоли оғози муносибати ошиқона вуҷуд дорад ва мумкин аст ин шахс аз шиносҳои деринаи шумо бошад. Барои меҳмонони ғайричашмдошт омода бошед. Дар касбу кор муваффақият аз ҷасорат ва қатъияти шумо вобаста аст. Хароҷоти калонро ба таъхир гузоред, зеро маблағ баъдтар лозим шуда метавонад. Хастагии ҷамъшуда ба саломатӣ таъсир мерасонад, бинобар ин бештар истироҳат кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Барои қабули қарорҳои муҳим ҳам ба дили худ ва ҳам ба маслиҳати одамони боваринок гӯш диҳед. Дар касбу кор вазифаи ногаҳонӣ пеш омада метавонад. Агар худро омода ҳис накунед, аз ҳамкорони таҷрибадор кумак пурсед. Музокирот ва суҳбатҳо бобарор мегузаранд. Ба корҳои шубҳанок даст назанед. Барои беҳтар шудани саломатӣ хоби худро ба тартиб дароред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Шумо хоҳиши озодӣ ва тағйиротро бештар эҳсос мекунед. Баъзеҳо ҳатто мехоҳанд симои худро дигар кунанд. Нофаҳмиҳои хонаводагӣ тадриҷан ҳал мешаванд, гарчанде ранҷишҳо ҳанӯз боқӣ мемонанд. Дар касбу кор ба усулҳои санҷидашуда такя кунед ва аз таваккали беҳуда дурӣ ҷӯед. Хароҷоти ғайричашмдошт имкон дорад. Оромиро нигоҳ доред, зеро асабоният метавонад ба саломатии шумо таъсир расонад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз барои мулоқотҳои ошиқона вақти муносиб нест, зеро эҳтимоли баҳсу нофаҳмӣ зиёд аст. Ба худ аз нигоҳи дигар назар андозед ва барои беҳтар шудан кӯшиш кунед. Чанд вохӯрии корӣ ё сафари хизматӣ пешбинӣ мешавад. Баъзе намояндагони мучал бахти хубро эҳсос мекунанд. Саломатӣ хуб аст, вале қоидаҳои беҳдоштро фаромӯш накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Маълумоте, ки имрӯз ба даст меоред, метавонад ба муносибатҳои шахсии шумо таъсири ҷиддӣ расонад. Ба ҳамсар ё дӯстдоштаатон таваҷҷуҳи бештар диҳед. Нимаи дуюми рӯз барои шиносоӣ бо шахсони бонуфуз ва пешбурди робитаҳо мусоид аст. Даромади иловагӣ, мукофот ё тӯҳфа эҳтимол дорад. Рӯҳияи хуб ва нақшаҳои созанда шуморо ҳамроҳӣ мекунанд, ҳарчанд корҳои хона каме нерӯ талаб мекунанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз шиносоии муҳим рух дода метавонад ва эҳтимол шахсе пайдо шавад, ки дар оянда нақши муҳим дар ҳаёти шумо бозад. Рӯз барои омӯзиш ва рушди маънавӣ мувофиқ аст. Хабари хуш ё тӯҳфа аз ҷониби шахси наздик интизор аст. Корҳое, ки диққати зиёд талаб мекунанд, ба таъхир гузоред. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва пасандозҳои худро оқилона истифода баред.

Далв (21 январ-20 феврал)

Замони мусоид барои изҳори муҳаббат ва оғози муносибатҳои нав фаро расидааст. Барои расидан ба ҳадафҳо на танҳо фаъолият, балки хоксорӣ ва нигоҳ доштани сиррҳо низ муҳим аст. Дар касбу кор эҳтимол аз ҷониби роҳбар танқид шунавед, аммо шумо вазъиятро бо обрӯ паси сар мекунед. Субҳ барои пешрафти касбӣ ва масъалаҳои мансабӣ хеле мусоид аст. Ба наздикон бештар таваҷҷуҳ намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ҷозиба ва нуфузи шахсии шумо имрӯз бештар мешавад. Муносибати нави ошиқона метавонад ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ё молиявии шумо мусоидат кунад. Вақти он расидааст, ки аз чизҳои кӯҳна ва нолозим халос шавед. Кӯшишҳои шумо қадр хоҳанд шуд. Агар хастагӣ эҳсос кунед, бештар дар ҳалқаи оила истироҳат намоед. Ба хатоҳои гузашта зиёд барнагардед, ба пеш ҳаракат кардан муҳимтар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД