Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2371

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз собиқ дӯстдоштаатон ба зиндагии шумо баргашта, муносибатҳои ошиқонаатонро аз нав барқарор кардан мехоҳад. Шумо бояд аз ду якеро интихоб намоед, зиндагии осуда ё ишқбозии пур аз шурӯ шарро. Ба саломатии наздикони худ, хусусан, шахси дӯстдоштаатон бе таваҷҷуҳ нашавед. 

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз диққати худро ба мушкилиҳое равона созед, ки аз ӯҳдаашон баромада тавонед. Аз доираи нафароне, ки табъи шуморо хира месозанд, дурӣ ҷӯед. Айни замон нафарони дилу нияти нопокдошта ба шумо таваҷҷуҳ пайдо мекунанд. Нафаре ба иззати нафсатон расида, табъи шуморо хира месозад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз корҳоеро ба нақша гиред, ки то ба имрӯз ба таъхир мегузоштед. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна нафарони наздиктарини худро меранҷонед. Ба қадри муҳаббати нафаре, ки дӯстатон медорад, расиданатон лозим аст. Мисли девори намкаш зудранҷ нашавед, вагарна нафарони зиёдеро меранҷонед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар муносибатҳои ошиқона меҳрубониву ғамхории бештаре зоҳир карданатон лозим меояд. Маблағи пулиеро, ки интизор ҳастед, имрӯз ба даст намеоред. Барои он ки саломатӣ ташвиш надиҳад, аз доираи нафароне, ки гирифтори бемории зуком ва дигар бемориҳои сироятӣ ҳастанд, дурӣ ҷӯед.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз дар ҳама кор муваффақ мегардед. Барои шиносоиҳои нав ва муносибатҳои ошиқона давраи муносиб аст. Дар ин рӯз ба баҳсу мунозираи бемаънӣ роҳ надиҳед. Ба ҳолати меъда ва рӯдаҳоятон диққати хоса дода, аз хӯрдани хӯрокҳои равғанину сахт худдорӣ намоед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз пайи ба даст овардани фоида аз касбу кор нашавед, вагарна ду баробар зарар мебинед. Дар масъалаҳои молиявӣ кӯшиш намоед, ки пулро беҳуда сарф накунед. Аз танқиду хурдагирӣ нисбати нафароне, ки дӯсташон медоред, худдорӣ намоед. Сабукфикрӣ муносибатҳои ошиқонаатонро барбод медиҳад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ҳама коратон барор мегирад. Дар муносибатҳои ошиқона ягон нофаҳмӣ дида намешавад, тақдир бароятон хушиҳои зиёд меорад. Дар ин рӯз пул сарф накунед. Саховатмандиву дасткушодӣ имрӯз бар зарари худатон мегардад. Хусусан, нисбати нафароне, ки дӯст медоред, маблағро дареғ намедоред.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз пеш аз гаперо гуфтан, сад бор андеша намоед. Дар муносибатҳои ошиқона бошад, ҳар қадаре мехоҳед, дарди дил кунед. Аз шитобкориву саросемагӣ худдорӣ намоед. Хариди калонро маслиҳат намедиҳем, чизҳои қимматбаҳо харидорӣ накунед. Маблағеро, ки захира кардаед, қарз надиҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз маблағи ба даст омада табъатонро болида ва эътимодатонро мустаҳкам месозад. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати дӯстдоштаи худ сахтгир набошед. Дар сари эҳсосот сиру асрори нафареро фош месозед ё хатову камбудии ҳамсуҳбати худро ба рӯяш гуфта, ӯро дар ҳолати ногувор мегузоред.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бо аввалин имконият истироҳат кунед. Дар давоми рӯз маблағи иловагӣ ба даст меоред. Кори вазнини ҷисмонӣ аз шумо бодиққат буданро талаб мекунад. Эҳтимоли нотоб шуданатон зиёд аст. Дар муносибатҳои ошиқона каме нофаҳмӣ сар мезанад, ки сабабгораш шумо мешавед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи хубест барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои модарзодӣ, музмин ва куҳна. Муносибати худро бо калонсолони оилаатон мустаҳкамтар намоед. Беҷуръатӣ боиси сар задани мушкилиҳо дар касбу коратон мегардад. Ба муваффақият умед баста, амал намоед, вале ба шитобкорӣ роҳ надиҳед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Агар каме шамол кашида бошед, дарҳол ба дорухарӣ нашитобед. Сараввал аз воситаҳои безарари табобат истифода баред. Агар шумо ба кӯмаки молиявӣ ва маънавӣ ниёз дошта бошед, ба наздикони худ муроҷиат намоед. Дӯстдоштаатон аз бемеҳрии шумо ранҷидааст, дилашро ба даст оред.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД