sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ МАЙИ СОЛИ 2023
2100

Ҳамал

Нимаи аввали рӯз барои робитаву вохӯриҳо мусоид аст. Агар дӯстон ё хешу ақрабо ба кори муштарак даъват намоянд, саросемавор розӣ нашавед. Баъди нисфирӯзӣ нерӯи ҳаётиятон паст гашта, худро нотоб ҳис мекунед. Маблағи пулие, ки интизор ҳастед, имрӯз ба даст оварда наметавонед.

 

Савр

Рӯзи санҷишу имтиҳон, тавбаву истиғфор аст. Аз тамоми ташвишу мушкилоти рӯзгор худро канор гиред. Маҳз бо ҳамин амал вазъиятро ҳаллу фасл карда метавонед. Дар хоб дидани раъду барқ ё осмони софу беғубор аз рух додани ҳодисаҳои ногувор дарак медиҳад. Барои ба мағозаву бозор рафтан рӯзи бобарор аст.

Ҷавзо

Дар ин рӯз шумо ҳамсуҳбати хуб намешавед, зеро нуқтаи назари худро ҳатто дар масъалаҳое, ки чизеро намефаҳмед, пайгирӣ мекунед. Бо ин сабаб муноқиша рух медиҳад. Бо вуҷуди асабонияти зиёд худро ба даст гиред. Дар масъалаҳои ошиқона рӯзи бобарор аст. Маблағи худро захира намоед, аз пеш хариди калон карданатон имкон дорад.

Саратон

Аз нафароне, ки бо хирагӣ ба шумо наздик шудан мехоҳанду ба доираи дӯстонатон дохил намешаванд, ҳадяву туҳфаҳоро қабул накунед. Нафаре, ки ба шумо туҳфа медиҳад, бо ин роҳ мехоҳад шуморо мутаҳҳам намояд. Ҳодисаҳои ногувор муносибататонро бо дӯстон вайрон месозад.

 

Асад

Рӯзи хубест барои истироҳати фаъол, корҳои вазнини ҷисмонӣ ё фаъолият дар ҳавои тоза. Имкони муноқиша карданатон ё дилранҷӣ бо дӯстон имкон дорад, зеро пайгирӣ намудани нуқтаи назаратон боиси асабонияти эшон мегардад. Агар харидани чизеро дар нақша дошта бошед, аз паяш шавед.

Сунбула

Агар вақтҳои охир машақати зиёд мекашида бошед, вақте расидааст, ки истироҳат кунед. Зиндагии худро рангину гуворо созед. Аз робита бо нафароне, ки ғашатонро меоранд, худдорӣ намоед. Баъди нисфирӯзӣ ташвишу хавотирии зиёд меорад. Дар муносибатҳои ошиқона ҳама чиз аз шумо вобастагӣ дорад.

 

Мизон

Дар ин рӯз ба кӯмаку дастгирии нафаре сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед. Дар ин давраи умр маҳз дӯстону шиносон ба кӯмакатон мешитобанд. Мушкилиҳои хурд ташвиши зиёд меоранд. Аз муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон худдорӣ намоед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад.

 

Ақраб

Дар ин рӯз кореро ба нақша нагиред. Чандон рӯзи бобарор нест ва бар замми ин, бемадориву камқуватиро эҳсос карда, эҳтимоли нотоб шуданатон зиёд аст. Аз ин рӯ, истироҳати бофароғат кунеду аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Нафароне, ки бо фурӯши маҳсулоти хӯрока машғуланд, маблағи хуб ба даст меоранд.

 

Қавс

Дар ин рӯз уҳдадориҳои дигаронро ба дӯши худ нагиред, бо ин амалатон дар чашми ҳамкорону роҳбарият обрӯ намеёбед, баръакс мушкилатон зиёдтар мегардад. Табъатон хираву камқувватиро эҳсос мекунед. Вақте расидааст, ки ба рухсатӣ бароед ва аз паи саломатӣ шавед.

 

Ҷаддӣ

Дар амалӣ сохтани орзуву ниятҳоятон камбудиҳои ночизу нофаҳмиҳо халал мерасонанд. Хастагиву асабоният боиси он мегардад, ки бо шахси бароятон азиз муноқиша мекунед. Баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аз дидани дӯсти дерин шод мегардед.

 

Далв

Рӯзи душвор аст, уҳдадориву ташвишҳои иловагӣ ба саратон бор мегардад. Хабари ногувор ё маълумоти дурӯғ сабабгори ба ғалат роҳ доданатон мегардад. Маблағи зиёдатонро сарф кардан лозим меояд. Қабл аз он ки ба мағозаву бозор меравед, рӯихати чизҳои даркориро тартиб дода, хароҷоти беҳуда накунед.

Ҳут

Дар ин рӯз дилатон сафару саёҳат ва дилхушӣ мехоҳад, вале беҳтар аст, ки бо нишасти дӯстона иктифо намоед. Нафарони оиладорро лозим аст, ки аз ишқбозӣ худдорӣ намоянд, обрӯи худро нарезонед, фаромӯш насозед, ки таҳти назорат қарор доред. Барои ором сохтани асабоният ва рафъ намудани қаҳру ғазаб бо худ тасбеҳ гардонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД