goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2026
433

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳсосоти гарму муҳаббат дар вуҷуди шумо бештар мешаванд. Ба хислатҳои хуби худ диққат диҳед ва қадри шахсияти худро донед. Агар аз якрангии рӯзгор хаста шуда бошед, бо шахси наздик ба саёҳати кӯтоҳе равед. Дар кор баъзе монеаҳо пеш меоянд, вале аз ҳадаф даст накашед. Барои соҳибкорон давраи хуби пешрафт ва даромад аст. Ҳамчунин вақти муносибест барои беҳтар кардани тарзи ҳаёт ва нигоҳубини саломатӣ.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз ба ҳаёти оилавӣ бештар таваҷҷуҳ кунед. Якҷо вақт гузарондан ва корҳои муштарак муносибатҳоро боз ҳам мустаҳкам мекунад. Шиносоӣ бо одамони бонуфуз метавонад ба шумо дар оянда кумак расонад. Вазъи молиявӣ беҳтар мешавад ва имкони хариди чизҳои писандида зиёд аст. Бо вуҷуди ин, ба саломатии пойҳо ва гардиши хун диққат диҳед, аз кори аз ҳад зиёд ва хастагии ҷисмонӣ худдорӣ намоед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз барои шумо рӯзи мусоид аст, махсусан дар масъалаҳои муносибатҳои шахсӣ. Шумо метавонед ба дигарон таъсири хуб гузоред ва таваҷҷуҳи шахси писандидаатонро ҷалб намоед. Бегоҳ бо аҳли оила истироҳат ва сайругашт намоед. Дар кор андешаи дуруст ва рафтори оқилона бароятон муваффақият меорад. Барои харид ва оғози корҳои нав рӯзи мувофиқ аст. Аз худ талабҳои аз ҳад зиёд накунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба назар мерасад, ки дар дилатон эҳсоси нав пайдо шудааст. Агар ошиқ шуда бошед, аз ин лаҳзаҳои хуш баҳра баред. Муносибат бо шахси наздикатон беҳтар мешавад, агар ба ҳолати рӯҳии ӯ бештар аҳаммият диҳед. Шиносоии нав, махсусан дар муҳити корӣ, метавонад муфид бошад. Соҳибкорон метавонанд аз таҷрибаи рақибони муваффақ сабақ гиранд. Сайругашти дароз дар ҳавои тоза барои бартараф кардани хастагӣ ва беҳтар шудани хоб кумак мекунад.

Асад (23 июл-23 август)

Аз он ки аз дигарон каме фарқ мекунед, шарм надоред. Хусусиятҳои хоси худро қадр кунед. Ҳатто агар хоҳиши истироҳат пайдо шавад, корҳои ҳаррӯзаро фаромӯш накунед. Барои расидан ба ҳадаф аз ҳамкорон ёрӣ пурсида, якҷо амал намоед. Агар мехоҳед маблағгузорӣ кунед, пеш аз қарор бо мутахассисон маслиҳат кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Ҳамчунин истеъмоли аз ҳад зиёди шириниву маҳсулоти қаннодиро кам кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз барои шиносоии нав ва оғози муносибатҳои ошиқона чандон мувофиқ нест. Эҳсосоти дигарон метавонанд шуморо ба баҳс кашанд, бинобар ин оромии худро нигоҳ доред. Корҳои вобаста ба шартномаҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва бастани аҳдҳоро беҳтараш ба рӯзи дигар гузоред. Кӯшиш кунед барои истеъдодҳои худ роҳи мувофиқтар пайдо кунед ва вақти худро беҳуда сарф накунед. Ба чашмонатон низ истироҳат диҳед, махсусан пеш аз хоб аз телефон камтар истифода баред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Эҳтимол нисбат ба ҳамкори деринаатон эҳсоси ҷиддӣ пайдо кунед. Дар чунин ҳолат боэҳтиёт ва боодоб рафтор намоед. Шояд падару модар ё хоҳару бародаратон ба кумаки шумо ниёз дошта бошанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки қобилиятҳои худро нишон диҳед. Дар кор ба андешаи ҳамкорон ва шарикон низ гӯш диҳед. Фаромӯш накунед, ки фишори равонии зиёд метавонад ба ҳолати умумии шумо таъсир расонад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз дар масъалаҳои ошиқона рӯзи хуш аст. Агар танҳо бошед, ба ягон ҷамъомад ё чорабинии иҷтимоӣ равед, эҳтимоли шиносоии гуворо вуҷуд дорад. Барои оиладорҳо вақти муносибест, ки масъалаҳои таътил ё хариди калонро муҳокима кунанд. Аз баҳс бо ҳамсояҳо ва одамони дигар худдорӣ намоед. Дар роҳи расидан ба ҳадаф монеаҳоро паси сар мекунед ва ҳатто тағйири ногаҳонии вазъ метавонад ба фоидаи шумо бошад. Даромади иловагӣ низ ҷустуҷӯ кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Бахти худро қадр кунед ва аз он сӯйистифода набаред. Дар ҳаёти шахсӣ эҳсоси ногаҳонии муҳаббат пайдо шуда метавонад, вале ба он шитобкорона бовар накунед. Барои оиладорҳо рӯз орому осуда мегузарад. Дар кор ҳама чиз хуб пеш меравад, агар шитоб накунед ва бо ҳамкорон мувофиқа намоед. Агар аз вазъи молиявӣ розӣ набошед, дар бораи тағйири кор ё касб фикр кунед. Корҳои муҳими тиббиро беҳтараш ба вақти дигар гузоред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз шумо метавонед бо ҷозибаи худ диққати атрофиёнро ба осонӣ ҷалб кунед. Эҳтимоли зиёд аст, ки шуморо ба мулоқот ё вохӯрии ошиқона даъват кунанд. Дар муошират бо дигарон ниҳоят хушмуомила бошед, зеро ростқавлии аз ҳад зиёд метавонад нодуруст қабул шавад. Агар аз кори якранг хаста шуда бошед, дар бораи тағйири самти фаъолият фикр кунед. Имрӯз барои бастани созишномаҳои хуб ва корҳои тиҷоратӣ низ имкониятҳои мусоид фароҳам мешаванд.

Далв (21 январ-19 феврал)

Аз одамоне, ки мехоҳанд ба ҳаёти шахсии шумо аз ҳад зиёд дахолат кунанд, эҳтиёт шавед. Баъзе дӯстони сохта метавонанд боварии шуморо сӯиистифода кунанд. Ба ҳисси аввалини худ гӯш диҳед. Агар чанде пеш оила барпо карда бошед, ба эҳсосоти ҳамсаратон бештар таваҷҷуҳ намоед. Дар корҳои муҳим эҳтиёткор бошед, зеро як хатои хурд метавонад ба аҳди нодуруст ё зарари молиявӣ оварда расонад. Хариди имрӯз анҷомдодаатон метавонад бароятон хушбахтӣ оварад.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли баъзе нофаҳмиҳо вуҷуд дорад. Кӯшиш накунед мушкилотро саросемавор ҳал кунед ва имрӯз барои шиносоии нав шитоб накунед. Дар оила муҳити гарму ором фароҳам оваред, то нерӯятонро барқарор кунед. Ирода ва азми қавии шумо барои бартараф кардани монеаҳо ёрӣ мерасонад. Дар масъалаҳои молиявӣ пасандозҳоятонро беҳуда сарф накунед, зеро ба зудӣ метавонанд барои кори муҳим лозим шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД