formula
ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2379

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бе маслиҳати дигарон аз пеши худ тасмим нагиред. Агар мушкилиҳоятон ба зудӣ ҳалли худро наёбанд, рӯҳафтода нашавед. Дере нагузашта, имкони ҳалли мушкилиҳоро пайдо хоҳед кард. Робитаатонро бо онҳое, ки ба шумо бо чашми бад менигаранд, ҳарчӣ зудтар қатъ намоед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз пулро ба харидани чизҳое, ки бароятон лозим нестанд, сарф накунед. Агар ба худ шубҳа кардан гиред, рақибонатон ба шумо ғолиб меоянд. Барои саврҳои ошиқ рӯзи бобарор аст. Дӯстдоштаатонро ба мулоқот даъват намуда, барояш ҳадяи хурдакакеро тақдим намоед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бобарор аст. Мушкилиҳо ҳалли худро ёфта, нофаҳмие пеш нахоҳад омад. Вазъи саломатиатон низ шуморо ташвиш намедиҳад, вале вобаста ба вазъи боду ҳаво либос пӯшиданро фаромӯш накунед. Ба хонаатон меҳмони нохонда меояд. Бо чеҳраи кушод пешвоз гиред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз шитобкорӣ ва беандешагӣ накунед. Саратонҳои ошиқро лозим аст, ки барои дӯстдоштаи худ вақт ҷудо кунанд. Субҳ ва шом пиёдагардӣ накунед, вагарна шамол хӯрда, бемор шуданатон мумкин аст. Муваффақият дар насибатон аст, ба шарте ки масъулиятшинос бошед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ситораҳо тавсия медиҳанд, ки дар ҷадвали кориатон корҳои якрангро ҷой накунед, зеро якрангӣ инсонро дилгир мекунад. Баъзе нохушиҳо шуморо ошуфтахотир мекунанд. Бо нафароне, ки қаблан робитаи наздик надоштед, дуру дароз ҳамсуҳбат нашавед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз танҳо мемонед. Агар хоҳед, ба тарабхона, маконҳои дилхушӣ ё кинотеатр рафта, табъатонро болида созед. Агар нахоҳед, ихтиёр дар дасти худатон аст. Пеш аз иҷрои коре ҳатман фикри оилаи худро дар ин хусус пурсон шавед. Саломатиатон ташвиш намедиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ҳангоми кор бо асбобу дастгоҳҳои гарм эҳтиёткор бошед, зеро эҳтимоли сӯхтану ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Телефони худро ба касе надиҳед. Паёмҳои шуморо хонда, ба дигарон низ нақл карданашон имкон дорад. Мизонҳои ошиқро лозим аст, ки дили дӯстдоштаашонро дубора ба даст оранд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои хариди либос рӯзи хуб аст. Ба мағоза рафта, коллексияҳои навро аз назар гузаронед. Бо нафаре, ки ба шумо писанд аст, робитаатонро барқарор созед. Ба корҳои майда-чуйда аҳамият дода, асабатонро вайрону табъатонро хира насозед. Дар ҳавои тоза сайр кунед, ба саломатӣ муфид аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бемориҳои алоқаманд ба системаи асаб дубора хуруҷ мекунанд. Аз мустақилона қабул кардани қарорҳои муҳим натарсед, вале маслиҳати дигаронро низ сарфи назар накунед. Агар касе шуморо дарк кардан намехоҳад, пас ин ҷо худи шумо гунаҳкори асосӣ ба ҳисоб меравед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки ба оромӣ риоя кунед ва нагузоред, ки дигарон низ ба торҳои асабатон нохун бизананд. Касеро дашном надиҳед, дар муноқишаҳои лафзӣ низ иштирок накунед. Барои иштирок дар лоиҳаи иҷтимоӣ рӯзи хуб аст. Бо аҳли оила ба консерт ё кинотеатр биравед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз бадхоҳон кӯшиш мекунанд, ки аз пасатон ғайбат кунанд, вале ситораҳо мегӯянд, ки ба ғайбати онҳо дода нашавед. Бикӯшед, то худро аз дигарон паст ҳисоб накунед. Давоми рӯз ҳодисаҳое рӯй медиҳанд, ки дар бораи онҳо ҳатто фикр намекардед. Бо душмани худ муросо накунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз ба корҳое даст мезанед, ки фаъол будан ва нерӯи зиёдро талаб мекунанд. Ба худ бовар дошта бошед, зеро шумо аз ӯҳдаи ҳама кор ба хубӣ мебароед. Қисме аз ташвишҳои худро бо дили пур ба ҳамкорон биспоред. Аз истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр даст кашед ва оби газдор нанӯшед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД