Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3114

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббату дӯстдорӣ комёб мегардед. Хушчақчақиву меҳрубониятон боиси ҷалб шудани шарикони корӣ мегардад. Шиносҳои нав дар ин рӯз бароятон такягоҳи хубе шуда метавонанд. Аз ҳузури фарзандон ҳаловат мебардоред, аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки тамоми рӯз ҳамроҳи онҳо бошед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Амалӣ шудани нақшаву ниятҳоятон ба шумо эҳсоси қаноатмандӣ мебахшад. Агар дар ҷодаи муҳаббат муваффақ шудан хоҳед, нисбати ёратон сард набошед. Маҳз дар ҳамин рӯз орзуеро амалӣ месозед, ки вақтҳои охир шуморо тарк намесохт. Аз кори якранг ҳаловат бардошта, шукрона мекунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз нисбати камтарин камбудиҳо бодиққат бошед. Имкони ба даст овардани барору комёбиро аз даст медиҳед. Ба мушкилиҳои шахсӣ ё вазъияти ногувори дар корхонаатон сарзада омода бошед. Аз шунидани хабарҳои ногувор табъатон хира ё нотоб мегардед. Аз хастагии зиёд каме худро нотоб ҳис мекунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи пур аз шодиву нишот ва ташвишҳост. Баъзе саратонҳо соҳиби вазифаи нав мешаванд. Табъатон аз хиёнати дӯстатон хира мегардад. Нуқтаи назари худро пайгирӣ намоед. Ба эҳсосот дода шуданатон ба худатон зарар мерасонад. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб мегардед, вале ин муваққатӣ аст.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи бобарор аст. Чизе наметавонад табъатонро хира гардонад. Қобилиятҳои кориятон зиёд гашта, ба дили бисёриҳо роҳ меёбед. Баъди нисфирӯзӣ нафаре ба меҳмонӣ меояд, ки аз дидораш беҳад шод мегардед. Барои аз муноқиша эмин мондан нисбати калонсолони оила босабру таҳаммул бошед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои амалӣ сохтани орзуҳои наҷиби худ дучори монеаҳо мегардед. Агар шумо ба нафари оиладор ошиқ шуда бошед, бояд номи ӯро аз дафтари умри худ хат занед. Рӯзи хубест барои савдо ва харидани хонаву мошин. Баъди нисфирӯзӣ нотоб мешавед. Хоби дидаатон баъди ду рӯз амалӣ хоҳад шуд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо сабаби номусоидии вазъият нақшаву ниятҳои зиёдатон амалӣ намешаванд. Дар ҳама кор худро гунаҳкор шуморида, нобарориҳоро қабул кардан намехоҳед. Хатари ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст, ба ҳамин хотир, бодиқат ва эҳтиёткор бошед. Хабаре мешунавед, ки табъатонро хира месозад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба рафтору гуфтори худ диққат диҳед. Бо сабаби беэҳтиётӣ нақшаву ниятҳоятонро ба душмани худ, ки бо хушомадгӯӣ ба дилатон роҳ ёфтааст, нақл мекунед. Дар ҳаёти шахсиятон эҳтимоли нофаҳмӣ, хафагӣ, дилмондагӣ, муноқишаву низоъ ва ҳатто ҷудоӣ аз ёр ва шахси дӯстдошта имкон дорад.  

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз нафареро пайдо карда метавонед, ки дарду аламатонро гӯш карда, ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дӯсти ғамхорро дар симои ҳамкори наватон пайдо мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат бурдборӣ насибатон мегардад, ҳатто хабари хуш мешунавед. Душманонатон дар ин рӯз ба мақсад намерасанд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба хотири ба даст овардани пули бе дарди миён заҳмати зиёд мекашед. То замоне ки аз пайи тиҷорати ҳаром мешавед, дар касбу коратон мушкилӣ сар мезанад. Ба эҳсосоти манфӣ дода нашавед. Нафароне, ки дар фикри бунёд кардани оила ҳастанд, бояд зудтар аз паси тӯй шаванд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи хатарнок аст. Ба коре, ки баъдан боиси пушаймониятон мегардад, даст назанед. Аз кори вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштану хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад. Дар хоб дидани қабристон аз он далолат мекунад, ки чанд муддат азоби бенавоӣ мекашед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз нерӯятон баланд мешавад, вале агар коратон хатарнок бошад, мушкилиҳои начандон хурд садди роҳатон мегарданд. Эҳтимол, шарикони корӣ дар фикри фиреб кардану ба роҳи ғалат бурдани шумо ҳастанд. Ҳангоми баланд будани ҳарорати ҳаво ба берун баромаданро тавсия намедиҳем.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД