Ҳамал (21 март-20 апрел)
Агар эҳсос кунед, ки шахси наздик чизеро аз шумо пинҳон мекунад, шитоб накунед, ҳақиқат дер ё зуд ошкор мешавад. Дар муносибатҳо беҳтараш созиш кунед, на ин ки танҳо ба фикри худ пофишорӣ намоед. Корҳои нотамом зиёданд, аввал онҳоро ба анҷом расонед. Масъалаҳои молиявӣ метавонанд баҳс барангезанд, харидҳоро пешакӣ мувофиқа кунед. Аз асабоният ва стресс дурӣ ҷӯед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз эҳтимол аст зане ба шумо таваҷҷӯҳ зоҳир кунад, аммо шитоб накунед, нияти ӯ метавонад самимӣ набошад. Ба оила бештар аҳамият диҳед ва кӯшиш кунед муносибатҳоро мустаҳкам созед. Дар кор каме сустӣ эҳсос мешавад, вале имкониятҳои нав наздиканд. Ба касе иҷозат надиҳед шуморо фиреб диҳад. Ба саломатӣ диққат диҳед, аз корҳои хатарнок худдорӣ намоед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Рӯзи хуб барои вохӯрӣ, дӯстӣ ва шиносоии нав аст. Эҳтимол шахси муҳим вориди ҳаёти шумо шавад. Аммо ҳатто шӯхии сабук метавонад ба муносибатҳо таъсири манфӣ расонад. Ба маслиҳатҳои дигарон бодиққат гӯш диҳед. Барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ сарфакор бошед. Ба ғизои худ аҳамият диҳед, парҳези сабук ба фоидаи шумост.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз дар муносибатҳо нофаҳмӣ пайдо мешавад, зеро наздикон на ҳамеша шуморо дуруст мефаҳманд. Аз ҳад зиёд шубҳа накунед. Барои корҳои хона, аз ҷумла таъмир, вақти мусоид аст. Дар кор эҳтиёткор бошед, хатои хурд метавонад мушкил эҷод кунад. Хароҷотро назорат кунед ва аз нӯшокиҳои газнок худдорӣ намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ҳаёти шахсӣ тағйиротҳо ба амал меоянд, аммо онҳо бештар ба фоидаи шумо хоҳанд буд. Дар кор ва хона масъулиятшинос бошед ва корҳои оғозшударо ба анҷом расонед. Имрӯз барои қарорҳои молиявӣ рӯзи миёна аст. Ба ғизои солим аҳамият диҳед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз вохӯрии гуворо имконпазир аст, махсусан барои онҳое, ки танҳо ҳастанд. Ба намуди зоҳирии худ диққат диҳед. Ба муносибатҳои пинҳонӣ ё хиёнат роҳ надиҳед. Дар кор имкониятҳои нав пайдо мешаванд, ҳатто агар ҳоло ҳама чиз равшан набошад. Бо маблағ эҳтиёткор бошед ва ба лоиҳаҳои шубҳанок ворид нашавед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Аз ҳад зиёд танқид кардани дигарон метавонад муносибатҳоро сард кунад. Ба фикрҳои мусбат диққат диҳед ва ҳасадро канор гузоред. Агар нақшае дошта бошед, вақти амал кардан расидааст. Эҳсосоти худро идора кунед, то қарорҳои нодуруст қабул накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз дар бораи муносибатҳои ошиқонаи худ андеша кунед, эҳтимол шахсе аз гузашта дубора пайдо шавад. Барои нафарони танҳо вохӯрии ҷолиб дар пеш аст. Рӯз барои рушд, истироҳат ва муошират бо наздикон мувофиқ аст. Нақшаҳои дерина метавонанд амалӣ шаванд. Эҳсосот ноустувор мешавад, бинобар ин худро эҳтиёт кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дарк намудани эҳсосоти шахси дӯстдошта ба муносибатҳо гармӣ мебахшад. Ба наздикон бештар вақт ҷудо кунед, ин ба шумо нерӯи нав медиҳад. Агар боандеша ва пайваста амал кунед, ба натиҷаҳои хуб мерасед. Аз шитобкорӣ худдорӣ намоед. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо пул эҳтиёткор бошед ва ғизои сабук истеъмол кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар муносибатҳои ошиқона оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Барои нафарони танҳо шиносоии хуб имкон дорад. Рӯзи хуб барои вохӯрӣ ва харид аст. Субҳ худро пурқувват ҳис мекунед, корҳои муҳимро дар ҳамин вақт анҷом диҳед. Ба ҷамъ кардани маблағ оғоз кунед ва ба саломатӣ, махсусан фишори хун, диққат диҳед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Як ишораи одии таваҷҷӯҳ метавонад муносибатҳоро гармтар кунад. Бо наздикон муносибати самимӣ ва боэътимод барқарор намоед. Ба худ ва саломатии худ аҳамият диҳед, муваффақият аз ҳамин сар мешавад. Ба корҳои молиявии шубҳанок даст назанед. Машқҳои ҷисмонӣ ва фаъолият ҳолати рӯҳии шуморо беҳтар мекунанд.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Агар интизори қадами ҷиддӣ аз шахси дӯстдошта бошед, худ ташаббус нишон диҳед. Имрӯз бо наздикон вақт гузаронидан хеле хушоянд аст ва шумо метавонед фазои гарму ором эҷод кунед. Барои талаб кардани зиёдшавии маош рӯзи чандон мувофиқ нест, аммо кӯшиш кардан мумкин. Қарз нагиред ва аз хӯрокҳои тез худдорӣ намоед.