Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ МАЙИ СОЛИ 2021
3238

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ба эҳсосот дода шуда, саросемавор ҳаргуна қарорро аз пеши худ қабул накунед. Шарт нест, ки барои наҷот додани тамоми ҷаҳон кӯшиш кунед, нигаҳбони оилаи худ бошед, кифоя аст. Барои кӯч бастан ба манзили нав ё харидории чизи гаронарзише қарори ҷиддӣ қабул кардатон лозим меояд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз бо гузашти ҳар соат парешонхотириву асабонияти шумо зиёдтар мегардад. Қувваи худро нигоҳ дошта, онро аз даст надиҳед. Ба корҳое машғул шавед, ки осонтару муфидтар бошанд. Агар ба гуфтаҳои худатон боварӣ надоред, пас зиёд баромад накунед ва хомӯширо ихтиёр намоед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз аз мулоқот бо ҷинси муқобил худдорӣ кунед, зеро ноумедӣ дар назар аст. Таваҷҷуҳи бештари худро ба хонаводаатон равона созед. Гиря карда, худро сабук кунед. Агар танҳо будан намехоҳед, пас бо дӯст ё дугонаатон ба сайру гашт бароед ва ҳавои тозаро нафас кашида, худро ором намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз фақат аз фикрҳои худ истифода кунед. Ба маслиҳати каси дигар умуман гӯш надиҳед. Агар бо фикри худ кор карда, муваффақ шавед, боварии дӯстону наздиконро бештар ба даст меоред. Ҳатто одамони бонуфӯз метавонанд, ки ҳамфикри шумо шаванд. Муносибатҳои қатъгашта барқарор мешаванд.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз шумо бояд нисбати дигарон мулоимтар рафтор карда, меҳрубонии худро бештар нишон диҳед. Кӯшиш кунед, ки бо ҳамкорон баҳс ё муноқиша накунед. Нафаре худро дӯсти шумо нишон медиҳад, аммо дар асл ӯ ҷосус аст. Шахсияташро муайян карда, алоқаатонро бо ӯ барои ҳамеша барканед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз агар ба рафти корҳои худ тағйирот ворид карданӣ бошед, метавонед бо дили пур ин корро ба анҷом расонед, зеро мушкилие пеш нахоҳад омад. Бо нафаре вомехӯред, ки фикронии шуморо куллан тағйир медиҳад. Аз пайи табобати фармудаи духтурон шавед ва беаҳамиятӣ зоҳир накунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз муошират бо шиносҳои нав гуворо ва дар баробари ин, судманд хоҳад буд. Хешовандонатон ба шумо дар қабули қарори дуруст ёрии саривақтӣ мерасонанд. Барои хатоҳои дигарон худро гунаҳкор ҳисоб накунед, зеро ҳама вақт дар ҳама ҳолат роҳи росту дуруст вуҷуд дорад, танҳо андаке фикр кифоя аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ба як ҳолати ҳуқуқие дучор меоед, ки барои аз он баромадан ба шумо кӯмак лозим меояд. Дар ин ҳангом эҳтиёткор бошед ва аз ҳар кас кӯмак напурсед. Агар ҳаёти шахсии худро тағйир додан мехоҳед, пас миёнатонро мустаҳкамтар бубандед. Ростқавл бошед, мушкилиҳо худ бартараф хоҳанд шуд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои корҳои қаблан оғозкарда, вохӯриҳои корӣ ва музокирот рӯзи хубу бобарор аст. Аз ҳамон лаҳзае, ки шуморо ба қуллаи мақсуд мерасонад, самаранок истифода баред. Лаҳзаҳои хурсандиву фароғатро аз даст надиҳед ва истироҳат карда, бо ин роҳ хастагиатонро рафъ созед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз кӯшиш ба харҷ диҳед, ки аз гузашта барои худ чизе биомӯзед. Ба он корҳое, ки аввалиндараҷа нестанд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир накунед ва машғул ҳам нашавед. Агар зиёдтар рушд кардан мехоҳед, пас бо кори андак қаноат накунед. Даромади иловагиро интизор набошед ва хароҷотро камтар кунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз мулоқотатон бо дӯстони пешинаатон хуб мегузарад, ки боиси болида гаштани хотири шумо мешавад. Мехоҳед, ки ҳамаро ба дасти тақдир ҳавола карда, худро инсони хушбахт шуморед, аммо хато мекунед. Ҳеҷ гоҳ аз худ қаноатманд набошед ва талаботро болои худ зиёдтар кунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз ситораҳо ба ҳутҳо тавсия медиҳанд, ки бо наздиконашон хушмуомила бошанд. Кӯшиш кунед, ки баъзе муносибатҳоро бо сабру таҳаммул барқарор созед. Нафари баде аз пасатон мешавад. Бо ӯ дағалӣ накунед ва ба хубӣ фаҳмонед, ки миёни шумо ва ӯ чизе вуҷуд дошта наметавонад.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД