shoh palace
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ НОЯБРИ СОЛИ 2021
3500

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи бобарор аст. Бо осонӣ корҳоятон ба анҷом расида, муносибататон бо шахси дӯстдошта хубтар мегардад. Давоми рӯз якчанд дармонда аз Шумо кӯмак мепурсанд, мисли қабл дастгири дармондагон бошед. Аммо эҳтиёт кунед, ки ба доми қаллобон наафтед. Нишонаҳои бемориро ҳатман ба эътибор гиред.

Савр (21 апрел-22 май)

Мушкилиҳоятон дар ин рӯз ба зудӣ рафъ мегардад. Бо нафароне, ки қаҳрӣ будед, оштӣ мешавед. Дар хонаатон ҳамдигарфаҳмиву осоиштагӣ дида мешавад. Барои бастани ақди никоҳ ва мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Аз ҷойҳои серодам канораҷӯӣ намуда, ба тозагии дастон диққати хоса зоҳир намоед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз атрофиён шуморо мисоли китоби шикоятҳо истифода бурда, аз тамоми нобарориву ноадолатиҳои ба сарашон омада дар наздатон шиква кардан мехоҳанд. Барои каме истроҳат кардан аз ҳодисаҳои ба саратон омада, бо суҳбати дӯсти ҷонӣ ба худ омада метавонед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Мушкилоти рӯзгор ва дигар камбудиҳое, ки шуморо нороҳат месозанд, бе ягон кӯшиш рафъ мегарданд. Давоми рӯз ба корчаллониву поквиҷдонии дӯстонатон шубҳа пайдо мекунед. Бодиққат бошед, гувоҳии дилатон бесабаб нест. Аз хиёнату фиреб эҳтиёт шавед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз масъалаи муҳимеро рафъ карданатон лозим меояд, ки аз он натиҷаи кори одамони зиёде вобастагӣ дорад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед, хатари лат хӯрданатон вуҷуд дорад. Асадҳои муҷаррад бо осонӣ ба дили нафаре, ки барояшон писанд аст, роҳ меёбанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз вазъи молиятон рӯ ба беҳбудӣ оварда, маблағи хуб ба даст меоред. Дар хона эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Дар баробари ин, рӯзи хастакунанда аст. Сунбулаҳое, ки ошиқанд, ба дили дӯстдоштаи худ роҳ пайдо мекунанд. Истироҳат барои саломатиятон муҳим аст.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи душвор аст. Эҳтимоли ҷангу ҷанҷол бо сабаби рашк кардану худхоҳии шумо вуҷуд дорад. Ҷиҳози худро хуб нигоҳубин кунед, эҳтимоли дуздӣ ё сӯхтор вуҷуд дорад. Даромади пулӣ имкон дорад, вале ҳаҷми он табъи дили шумо намегардад. Каме нотоб гаштанатон нишонаи шамол хӯрдан аст.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз хабарҳои ногаҳонӣ шуморо дар ҳоли ногувор мегузоранд. Танқид кардану камбудиҳои коратонро нишон додани атрофиён аз рӯйи дӯстӣ аст, аз ин рӯ, сари вақт ислоҳ шуда, сифати кори худро беҳтар карда метавонед. Ҳодисаи тақдирсозе шуморо интизор аст. Айни замон тамоми фикру хаёли худро барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ равона созед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Рӯзи душвор аст, тамоми рӯз ҳушёриро пеша намоед. Аз дастовардҳои дошта қаноатманд гашта, кӯшиши ба даст овардани чизи бештареро накунед, вагарна кӯшиши сарварӣ карданатонро наздикон қабул карда наметавонанд. Корҳои ҷисмонӣ ва робита бо дӯстон табъатонро болида месозад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Рӯзи бобарор аст. Ба атрофиёни худ некӣ карда, табъатон болида мегардад. Бонувон дар ин рӯз бояд аз мардони дар бурҷи далв ва асад тавлидёфта эҳтиёт шаванд. Мардҳо хабаре мешунаванд, ки дар ҳаёти шахсияшон тағйиротҳои судмандро ворид месозад. Барои мустаҳкам сохтани масуният бештар меваву сабзиҷот истеъмол кунед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Рӯзи бобарор аст. Бо нафарони даркорие робита пайдо мекунед, ки мушкилиҳои пешинаатонро рафъ месозанд. Дӯстдоштаи худро бо туҳфаи хуб шод гардонида метавонед. Аз истеъмоли нӯшокиҳои газноку сард худдорӣ намоед, дар ин шабу рӯз кӯшиш кунед, ки зуком нашавед.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Ҳодисаҳои манфии рӯз ба вазъи саломатиятон бетаъсир намемонад. Дар ин рӯз ба ҳеҷ ваҷҳ ба муноқиша роҳ надиҳед. Бо нафарони бароятон наздик муноқиша накунед, хусусан агар ба рафтори нодурусти эшон боварӣ надошта бошед. Ҷароҳати тасодуфӣ ё беморӣ боиси амалӣ нашудани нақшаҳоятон мегардад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД