sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2702

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз қобилияти одамшиносиатон хеле бад аст. Дар вохӯриҳои корӣ ё робита бо шиносҳоятон ба доми фиреби ҳаннотон афтиданатон имконпазир аст, аз ин рӯ, аз ҳад зиёд содаву зудбовар нашавед. Хабарҳои хуше мешунавед, ки бо нафарони бароятон азиз алоқамандӣ доранд.

Савр (21 апрел-20 май)

Кӯшиши тағйир додани чизеро накунед. Хусусан, дар муносибатҳои шахсӣ рафтору сухани дар сари ҷаҳл гуфтаатон боиси пушаймонӣ мегардад. Дар ҷодаҳои дигар низ эҳтиёткор бошед. Қабл аз он ки аз коре худдорӣ менамоед ё ӯҳдадориеро ба душ мегиред, хуб андеша намоед. Эҳтимоли ба ғалат роҳ доданатон хеле зиёд аст.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ташвишу хавотириро аз худ дур сохта, ба атроф назар намоед. Имрӯз бо шарофати он ки дар лаҳзаи даркорӣ дар ҷои даркорӣ қарор доша бошед, бурд мекунед. Ба корҳои шубҳанок машғул нашавед, вагарна маблағи калони худро аз даст медиҳед. Шитобкорона харид накунед, вагарна пушаймон мешавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бисёр чизҳо дар ин рӯз аз атрофиёнатон вобастагӣ дорад. Бештар бо нафароне дар робита шавед, ки ба зиндагӣ хушбинона назар доранд. Маҳз бо шарофати ин нафарон ҳаётатон хуб гашта, қарорҳои муҳим меандешед. Аз нафарони мунаққид худро канор гиред, ин тоифа сабабгори хира гаштани табъатон мегарданд.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз қаҳру ғазаби худро идора карда наметавонед. Қувваи худро ба созиш намудан равона созед, он гоҳ муваффақ мегардед. Нимаи аввали рӯз аз амалҳои беандеша худдорӣ намоед. Баъдан имконияти бо нафаре маслиҳат кардану дарди дил намудан фароҳам меояд. Муҳим он аст, ки ягон ваъдаи ҷиддӣ надиҳед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ба садои қалб гӯш андозед, ба мақсад мерасед. Атрофиён шуморо ба роҳи ғалат мебаранд. Нисфирӯзӣ гузаштаро ба ёд биёред, он гоҳ хатогиҳоро дубора такрор намекунеду қарори дуруст мебароред. Бегоҳирӯзӣ барои мулоқот ё гуфтугӯ бо нафаре, ки бароятон азиз аст, созгор мебошад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз усулҳои санҷидашуда самаранок нестанд. Бояд навҷӯӣ намоед, зеро дар ин ҷода савод, таҷриба ва фантазия доред. Каме ҷуръат надоред, вале дар паҳлӯятон нафароне ҳастанд, ки шуморо болидарӯҳ месозанд. Нимаи дуюми рӯз диққати худро ба масъалаҳои муҳим равона созед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз дар ҳар бобе, ки суҳбат ороед, шуморо дуруст дарк намуда, дастгирӣ менамоянд. Вале фориғболӣ накунед. Нимаи дуюми рӯз аз шумо заҳмати зиёдро талаб менамояд. Баъди ба мақсад расидан аз худ ифтихор мекунед. Сафарҳои кутоҳмуддат бобарор мешаванд, ҳамсафарони хуб пайдо мекунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи орому олиҷаноб аст. Бо касе баҳс кардан лозим нест, атрофиён тамоми амалу рафтори шуморо қабул менамоянд. Корҳои худро ба таъхир гузошта, истироҳат кунед, ҳам болидарӯҳ мегардеду ҳам табъатон хуш мешавад. Агар чунин имкон надошта бошед, мушкилиҳои худро ба нафари дигаре вогузор намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Шумо бо атрофиён ба осонӣ забон ёфта, ба аксарият маъқул мешавед. Дӯст ё ошиқи нав пайдо мекунед. Ҳамааш аз худатон вобаста аст. Ба корҳои дигарон мароқ зоҳир намуда, корҳои худро фаромӯш месозед. Мушкилиҳои шуморо танҳо худатон рафъ сохта метавонед. Кореро, ки номумкин аст, аз атрофиён талаб накунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Нафароне, ки аз ҳисоби дигарон нақшаҳои худро амалӣ месозанд, аз шумо дурӣ меҷӯянд, зеро дарк менамоянд, ки фоидае ба даст оварда наметавонанд. Дар кори муҳиме пешравӣ дида мешавад, муҳим он аст, ки имкони мусоидро аз даст надиҳед. Ҳар қадаре бо ҷуръат амал намоед, ҳамон андоза ғолиб меоед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Аз субҳи содиқ нақшаи корҳои худро тартиб дода, афзалиятҳоро ба инобат гиред. Дар ин ҳолат ба чизҳои дигар эътибор намедиҳед ва атрофиён халал намерасонанд. Маслиҳатҳои дигарон дар ин рӯз бе фоида аст. Баъзе зодагони мучали ҳут аз ғалату иштибоҳе раҳоӣ меёбанд, ки садди роҳи пешравиҳояшон мешуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД