Ҳамал (21 март-19 апрел)
Рӯзи пур аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт аст. Эҳтимол хешовандони ҳамсарат ногаҳон ба меҳмонӣ биёянд, кӯшиш кунед бо табъи хуб қабул кунед. Аз нафаре мефаҳмед, ки ҳамкорон дар ҳаққи шумо чӣ мегӯянд, вале беҳтараш ба дил нагиред. Хароҷоти ғайричашмдошт имконпазир аст, пулро беҳуда сарф накунед. Ба варзиш машғул шавед ва саломатии чашмонро санҷед.
Савр (20 апрел-20 май)
Дар муносибатҳо нофаҳмӣ эҳтимол дорад. Ба ҳамсаратон бо оромӣ фаҳмонед, ки беҳуда рашк накунад. Дар баҳсҳо эҳсосотро идора кунед. Рӯз барои банақшагирии корҳо мувофиқ аст, ҳатто агар натиҷаҳо зуд намоён нашаванд. Имрӯз муошират бо идораҳо ва муассисаҳо хуб мегузарад. Аз эҳсосоти зиёдатӣ худро нигоҳ доред, истироҳат ва хобро фаромӯш накунед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз интизориҳоятон зиёданд, аз ин рӯ кӯшиш кунед воқеиятро қабул намоед. Бо ҳамсаратон ошкоро дар бораи хоҳишу орзуҳоятон суҳбат кунед. Дар кор чизе махсус тағйир намеёбад, вале шумо метавонед истеъдоди худро нишон диҳед. Эҳтимол кӯмак ё маблағи ғайричашмдошт гиред. Аммо фикр кунед, ки ин озодиятонро маҳдуд намекунад? Имшаб ором мешавед ва аз ташвишҳо халос мегардед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз кӯшиш кунед ба камбудиҳои худ назар андозед ва аз ҳамсаратон талаботи зиёд надошта бошед. Аз корҳои нав ва машқҳои вазнин дурӣ ҷӯед. Эҳтимол хеши калонсолатон ба меҳмонӣ биёяд. Дар мавзеи корӣ ҷои нишасти худро тоза кунед. Аз таваккал кардан дар масоили пулӣ ва қарз додану гирифтан худдорӣ намоед. Дар миёнаи рӯз эҳсос мекунед, ки қуввататон кам шудааст, истироҳат кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз эҳтимол аз ҳамсаратон чизе ёд гиред, масалан, самимият ё муносибати хуб бо дигарон. Бо наздиконатон нофаҳмиҳо имкон доранд, вале аввал ором шавед. Дар касбу кор имкони нишон додани қобилияти роҳбарӣ доред, шуморо қадр мекунанд. Имрӯз вақти хуб барои оғозҳои нав аст. Варзиш ва сайругашт дар ҳавои тоза ба шумо рӯҳияи хуб мебахшад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз шояд бо касе шинос шавед ё даъвати мулоқот гиред. Оиладорон эҳсоси нав мехоҳанд, вале фаромӯш накунед, ки меҳру уҳаббатро бо ҳамсари худ ҳам эҳё кардан мумкин аст. Дар кор обрӯятон меафзояд ва меҳнататон қадр мешавад. Аз хароҷоти беҳуда дурӣ ҷӯед, қарз нагиред. Ба саломатии дил аҳамият диҳед ва аз корҳои вазнин худдорӣ кунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз вақти хубест барои нишон додани меҳру муҳаббат. Шахси дӯстдоштаатонро бо тӯҳфа ё даъват ба театр шод кунед. Эҳтимол суҳбати ҷиддӣ сурат гирад, кӯшиш кунед эҳсосотро идора кунед. Дар кор имкони пешравӣ ҳаст, вале бо он масъулият меояд. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед. Ба хӯроки солим ва реҷаи рӯз аҳамият диҳед, ин рӯҳияатонро ҳам беҳтар мекунад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз бо эҳтиёт амал кунед, ҳам дар масоили пулӣ, ҳам дар муносибатҳои ошиқона. Дар хона эҳтимоли нофаҳмӣ бо ҳамсар ҳаст, кӯшиш кунед бо оромӣ гап занед. Дар кор низ муноқиша имкон дорад, пас камтар баҳс кунед. Шом касе аз наздикон бо сухани нарм ё хабаре хуб рӯҳбаландатон мекунад. Аз қарорҳои шитобкорона худдорӣ намоед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона орому ботамкин бошед. Ростқавлӣ калиди сулҳ аст, чизеро аз дӯстдоштаатон пинҳон накунед. Ҳамзамон аз саволҳои нодаркор худдорӣ намоед, то баҳс пеш наояд. Агар ба маблағ ё кори иловагӣ ниёз дошта бошед, бо дӯстону шиносон маслиҳат кунед. Аз хароҷоти беҳуда дурӣ ҷӯед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз эҳтимоли дучор шудан ба шахси дӯстдошта зиёд аст. Бо ҳамдигар худро озод эҳсос мекунед. Дар муносибатҳо аз ҳарфҳои сахт парҳез кунед. Дар кор масъалаҳои ҷиддӣ пеш меоянд, вале шумо онҳоро хуб ҳал мекунед. Фурсат барои ёфтани манбаи нави даромад фаро мерасад. Агар хаста бошед, ба худ оромӣ диҳед ва каме истироҳат кунед, қуввататон барқарор мешавад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз рашк метавонад муносибатро вайрон кунад, аз он раҳо ёбед. Барои нав кардани хона ё хариди муҳим рӯз хуб аст, агар бо нақша амал кунед. Шумо бо рӯҳияи хушатон ба дигарон илҳом мебахшед ва метавонед роҳбари гурӯҳ шавед. Эҳтимол маблағи ғайричашмдошт ба даст оред, қарзҳоро пардохт кунед. Ба худ вақт диҳед ва аз хастагӣ раҳо шавед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз эҳсоси ошиқона ногаҳон ба қалбатон меояд. Вақти хубест барои шиносоӣ ва муносибатҳои нав. Ба дӯстони наздик аҳамият диҳед, шояд яке ба кумаки шумо ниёз дорад. Пайдо шудани пешниҳоди судманд вуҷуд дорад, вале қарорҳои вобаста ба пулро ба ҳафтаи дигар гузоред. Шомгоҳ паёми шахсе мерасад, ки кайҳо ӯро надида будед. Аз кори зиёд худдорӣ кунед ва саломатиро нигоҳ доред.