arzon november
ТОЛЕЪНОМАИ 31-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
3091

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз амалӣ шудани тамоми нақшаву ниятҳоятон аз кӯшишу ғайрати худатон ва дастгирии чанд нафари даркорӣ вобастагӣ дорад. Агар аз сирру асрори нафаре воқиф бошед, беҳтараш ба касе лаб во накунед, вагарна аз боварии он нафар мебароед. Ба дӯстдоштаи худ бештар бовар кунед ва ҳисси нобовариро дур созед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Ба сафаре, ки кайҳо боз дар нақша доштед, метавонед омодагӣ бинед. Барор ҳамсафари шумо мегардад. Агар ба фиребу дасисабозӣ дода нашавед, вазъи молиявиатон хуб гашта, ҳаққи ҳалоли худро соҳиб мегардед. То замоне ки собиқ дӯстдоштаи худро фаромӯш накунед, бахти худро пайдо карда наметавонед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз корҳои зиёдеро, ки дар ду ҳафтаи охир ба анҷом расонида наметавонистед, иҷро мекунед. Фаъолнокии зиёд ба фоидаи шумост, дар ҳама кор ташаббус нишон диҳед. Ба ҷавзоҳои оиладор ишқбозиро тавсия намедиҳем, танҳо нафарони муҷаррад дар ин рӯз метавонанд, ки табъи дил рафтор намоянд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз на танҳо кори худро, балки уҳдадориҳои дигаронро низ иҷро карданатон лозим меояд. Ҳамкорон ё баъзе нафарони хира ба гарданатон бор мешаванд. Агар ба шумо чунин вазъият писанд бошад, ба касе шиква накунед. Рафту аз чунин рафтори эшон розӣ набошед, ҳамаро ба ҷойи худ гузоред.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба корҳое, ки аз уҳдаашон намебароед, даст назанед. Ташвишатон зиёд гашта, наздикону ҳамсояҳо аз шумо кӯмак мепурсанд. Масъалаи фурӯши хонаро бо кӯмаки миёнаравҳо ба зудӣ ҳал мекунед. Агар бемории фишорбаландӣ дошта бошед, барои ба назди табиб рафтан таъхир накунед.    

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бо рафъ намудани мушкилоти молиявӣ машғул шавед, вагарна на танҳо азоби бепулӣ мекашед, балки муносибататон бо ҳамсаратон вайрон мегардад. Камбудиҳои рӯзгор асабҳоятонро пурра хароб месозанд. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯйи манбаи нави даромад ҳастанд, дар ин рӯз бурд мекунанд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз дар бораи чӣ қадар даромади иловагӣ ё маош гирифтанатон ба касе нагӯед. Муносибати баъзе ҳамкорон бо шумо нохуб гашта, табъатон хира мегардад. Саломатиятон бо сабаби шамол хӯрдан ва хурӯҷ кардани бемориҳои куҳна андаке бад мегардад. Гуноҳи дӯстатонро ба рӯяш бигӯед.    

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ҳар қадаре нисбати мушкилиҳои майда-чӯйда бодиққат бошед, ҳамон андоза ба мақсад наздик мешавед. Дар сафар, таълими фарзандон ва харидани мебели нав маблағи калон сарф карданатон дар назар аст. Барои нағзакак истироҳат кардану ором гаштани асабҳо бегоҳирӯзиро дар муҳити сокиту ором гузаронед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз хоҳиши тағйир додани тамоми ҳодисаҳои атрофро мекунед. Саросема нашавед, зеро гузаштаро баргардонида наметавонед. Дағалгуфториву танқиди шумо нисбати шахси дӯстдошта боиси ҷудо шуданатон мегардад. Барои мустаҳкам сохтани ҳолати равонӣ ба мутахассисони соҳа муроҷиат кунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бояд аз пайи мукаммал сохтани савияи дониши худ гашта, аз ташхиси пурраи тиббӣ низ гузаред. Ҳардуи ин масъала бояд барои шумо хеле муҳим бошанд. Агар бо нафаре қаҳрӣ бошед, барои оштӣ шуданатон рӯзи мусоид аст. Минбаъд низ шумо бояд оқил бошеду гузашт карда тавонед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар робита бо ҳамкорон пӯхтакору зирак бошед, он гоҳ мушкилии зиёдеро рафъ кардан бароятон муяссар мегардад. Бояд аз уҳдаи ҳама кор ба хубӣ баромада тавонеду барои истироҳат низ вақт пайдо кунед. Дар сурати ибрози ақида намудан, нуқтаи назари дигаронро низ гӯш кунед ва нисбаташон эҳтиром қоил бошед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Омода бошед, мушкиливу ташвишҳои зиёде ба саратон меоянд. Маҳз дар ҳамин рӯз аз шахси бароятон наздике, ки метавонад вазъи молиявиатонро беҳтар созад, хабари хуш мешунавед. Ҳутҳои муҷаррад нафареро аз нигоҳи аввал дӯст медоранд. Андаке худро нотоб ҳис карданатон нишонаи хастагии зиёд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД