arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 31-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
3325

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз баъзе кору рафтори шумо ба дӯстдоштаатон писанд намеояд, вале аз рӯирост гуфтани танқиду эрод худдорӣ мекунад. Агар аз натиҷаи кори табибон қаноатманд набошед, як бори дигар аз ташхис гузаред. Фориғболӣ нисбати саломатӣ ва кори аз андоза зиёд боиси асабхаробӣ ва бемориҳои дигар мегардад.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз худро хеле хушбахт эҳсос мекунед. Аз дӯстдоштаатон ҷавоби мусбӣ гирифта, саратон ба осмон мерасад. Бо вуҷуди пеш омадани мушкилоти пулӣ, каме дертар маблағ ба даст меоред. Аз ҷӯрабозиву истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед, вагарна хушбахтиатон дер намепояд.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Нофаҳмии дар ҷодаи муҳаббат сарзада сабаби ба таъхир афтидани корҳоятон мегардад. Барои он ки азоби рӯҳӣ накашед, барои худ машғулияти дигар пайдо намоед. Бар замми ин, даромади иловагӣ ёфтанатон лозим аст. Хабари аз дӯстатон расида табъатонро хира месозад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бо корҳои хона ва тарбияи фарзандон машғул шуда метавонед. Агар ба наздикӣ барои худ ёри мувофиқ ёфта бошед, муносибатҳои гарму самимиро бо дасти худ вайрон насозед. Саратонҳои оиладор бегоҳирӯзиро дар ҳалқаи наздикон бояд гузаронанд. Имрӯз ба меҳмонӣ ё маъракае даъватӣ мешавед.  

Асад (23 июл-22 август)

Агар дар ин рӯз мушкилиҳои бо шарикони корӣ сарзадаро рафъ карда тавонед, дар тиҷорат муваффақ мегардед. Найрангбозӣ дар ҷойи кор оқибати нохуш дорад. Ҳангоми рондани мошин ва кор бо таҷҳизотҳои барқӣ бодиққат бошед. Хариди калон накунед, вале чизҳои даркориро харида метавонед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз дар бораи мушкилиҳои иқтисодии худ фикр накунед. Баъзе ҳодисаҳо асабатонро хароб мекунанд. Шахсе, ки аз шумо қарздор буд, пулатонро бармегардонад. Ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем, дар роҳ нохуб шудани вазъи саломатиятон имконпазир аст.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ҳама корҳоятон муваффақ мегардед, нотарсона лоиҳаҳои навро оғоз намоед. Агар ба ақидаи наздиконатон гӯш андозед, муносибатҳоятон хуб мегардад. Ба ишқ аз нигоҳи аввал бовар накунед, фаромӯш насозед, ки чашми ошиқ кӯр мешавад. Эхтимоли аз даст додани маблағи калон дар назар аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи ҷои кор ҳастанд, дар ин рӯз имкониятҳои хуб ба даст меоранд. Нафароне, ки бо ҷои кори хуб таъмин ҳастанд, имкони барои истироҳат ба хориҷа рафтанро аз даст надиҳед. Дар хӯрокхӯрӣ парҳезро риоя намоед, вагарна саломатиятон нохуб гашта, вазни зиёдатӣ мегиред.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бояд ба сару либос ва ороиши сару рӯи худ диққати бештар диҳед. Хусусан, агар ошиқ шуда бошеду бегоҳирӯзӣ вохӯрии ошиқонаро дар нақша дошта бошед. Сафари фаврии корӣ аз ҷиҳати пулӣ бобарор аст. Қарз гирифтану қарз доданро тавсия намедиҳем.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз нисбати атрофиён дар кӯчаву ҷойи кор ботаҳаммул бошед. Дар оилаи баъзе ҷаддиҳо тифли нав ба дунё меояд. Ба пул ниёз дошта бошед, қарз гирифтанатон лозим меояд. Сафари бегоҳирӯзӣ чандон бехатар нест, хусусан, бо мошини шахсӣ. Дар роҳҳои дохили шаҳр боэҳтиёт бошед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Нисбати хешовандон дасткушоду саховатманд бошед. Масъалаи пулгириятон тӯл мекашад, аз ин лиҳоз, қарз гирифта метавонед. Ҳар чизеро, ки шахси наздикатон ба шумо қисса мекунад, махфӣ нигоҳ доред. Дар ҷодаи муҳаббат ба фитнаангезиву иғво дода нашавед, вагарна сахт пушаймон мешавед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз танҳо ба қуввату маҳорати худ умед баста метавонед. Агар дар баъзе ҳолатҳо гузашт карда тавонед, нофаҳмии бо наздиконатон сарзадаро бо хубӣ рафъ месозед. Дар ҷойи кор камбудиҳо имкон доранду дар ҷодаи муҳаббат ҷудоӣ. Муҳимаш дар ин рӯз рӯҳафтода нашавед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД