ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2026
1763

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Дар ин рӯз навигариҳои ғайриодиро интизор нашавед. Эҳтимол каме нотоб шавед, бинобар ин худро бо пурхӯрӣ ё корҳои вазнини ҷисмонӣ хаста насозед. Дар ҷодаи муҳаббат на танҳо ҳасудон, балки рақибон низ пайдо мешаванд. Дар ин ҳол дӯстдоштаатон гунаҳкор нест, пас муносибатро беасос сард накунед. Дар масъалаҳои молӣ аз шитобкорӣ худдорӣ намоед.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз лозим меояд як масъалаи душворро ҳал намоед, ки пешрафт дар кор ва вазъи молиявии шумо аз он вобаста аст. Сирру асрори худро ба шахсе, ки шуморо дӯсти ҳақиқӣ намешуморад, фош накунед. Ба фишори равонӣ тоб оварда наметавонед, аз ин рӯ аз корҳои номатлуб канорагирӣ кунед. Барои мулоқоти ошиқона беҳтар аст рӯзи дигарро интихоб намоед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Бо нафаре вохӯрӣ мекунед, ки метавонад дар корҳои тиҷоратӣ шуморо дастгирӣ кунад. Ба одамон бештар бовар намоед ва беасос касеро ба фиреб муттаҳам насозед. Вохӯрии ошиқона рӯҳияатонро болида мегардонад. Кӯшиш кунед корҳои муҳими худро то бегоҳ анҷом диҳед. Ба ҳолати ноумедӣ дода шудан метавонад муносибат бо атрофиёнро вайрон созад. Ба нишонаҳои зуком беэътиноӣ накунед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Субҳи имрӯз бо хабарҳои хуш оғоз ёфта, рӯйдодҳои хотирмон табъатонро болида месозанд. Дар муҳаббат, агар хоҳед муносибатҳо устувор бимонанд, бояд ба дӯстдошта гузашт кунед. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошед. Ба баҳсу мунозира бо наздикон хотима диҳед. Маблағеро, ки дар ихтиёр доред, бо сарфакорӣ истифода баред.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз фурсати хубест, то муносибатро бо шахсе, ки ахиран бо ӯ муноқиша доштед, беҳтар созед. Қувва ва имкониятҳои шумо барои амалҳои ҷасурона басандаанд. Асадҳои оиладор бояд ба оянда боандеша нигариста, эҳсосоти худро зери назорат гиранд. Бегоҳирӯзӣ эҳтимол аст саломатии мардон каме нохуб шавад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Агар ба саломатии худ ҷиддӣ муносибат карда, аз одатҳои бад даст кашед, аз бисёр нохушиҳо эмин мемонед. Онҳое, ки дар фикри бунёди оила ҳастанд, бояд нисбат ба дӯстдоштаашон меҳрубону ғамхортар бошанд. Аз ҳад зиёд ғам хӯрдан барои мушкилиҳои молӣ метавонад боиси асабхаробӣ гардад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз аз нафарони бадхоҳ ва бадкирдор дурӣ ҷӯед. Саховатмандиву дилкушодӣ хуб аст, вале эҳтимоли ба доми одамони дилсиёҳ афтодан вуҷуд дорад. Бо фикру хаёлҳои зиёдатӣ дар бораи оянда имкониятҳои муваффақиятро аз даст надиҳед. Шахсоне, ки ба коллективи нав ворид мешаванд, дар оғоз душворӣ мекашанд.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Рӯз каме душвор мегузарад. Ҳолати рӯҳиятон ноором буда, дили шумо аз пешомади нохуш ҳушдор медиҳад. Тағйироти ногуворе, ки имрӯз сар мезананд, метавонанд чанд ҳафта таъсир гузоранд. Худро аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ хаста насозед. Барои истироҳат танҳоӣ ихтиёр кунед. Баъд аз нисфирӯзӣ дӯсти наздикатон хабари хуш мерасонад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз вазъи молиявӣ метавонад душвор шавад ва маҷбур мегардед аз наздикон кумак пурсед. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз бонк қарз нагиред. Қавсҳои ошиқ эҳсосоти худро қавитар эҳсос мекунанд. Хобе, ки имрӯз мебинед, баъди як ҳафта амалӣ мешавад. Дар хоб дидани оина нишонаи оиладоршавӣ аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Қувваи худро беҳуда сарф накунед, онро ҳифз намоед. Барои расидан ба ҳадаф на танҳо роҳи кӯтоҳ, балки роҳи дурустро интихоб кунед. Бо нафароне, ки хуб намешиносед, ба муносибатҳои ошиқона роҳ надиҳед, зеро ба мушкил дучор мешавед. Муҳаббати самимии худро ба шахсе бахшед, ки арзандаи он бошад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба танбалӣ роҳ надиҳед ва орзуҳои бемаъноро аз сар дур созед. Агар оиладор бошед, бо ҳамсари зиндагӣ ё наздикон муноқиша карданатон эҳтимол дорад. Дар чунин ҳолат ором бошед ва ба овози дил гӯш диҳед. Ба бахилӣ, шубҳа ва гумонҳои бад роҳ надиҳед. Ба наздикони худ бовар кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯз нисбатан душвор аст ва бисёре аз ҳутҳо бо зӯрӣ ба кор мераванд. Ба ҳолати яъсу ноумедӣ дода шуданро маслиҳат намедиҳем. Уҳдадориҳои нав ба дӯш нагиред. Бо корҳои қаблан оғозкарда машғул шуда, аз андешаҳои ишқӣ дур мешавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД