Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ба маслиҳати дигарон аз ҳад зиёд такя накунед, бештар ба таҷриба ва ҳисси ботинии худ бовар кунед. Агар таъмири хона тӯл кашида бошад, беҳтараш онро муваққатан канор гузошта, бо наздикон вақт гузаронед. Барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ имконияти хуб фароҳам меояд. Машқҳои ҷисмонӣ ва истироҳати рӯҳӣ ба шумо нерӯи тоза мебахшанд.
Савр (21 апрел-21 май)
Шахсе дар атрофатон ба шумо таваҷҷуҳи махсус дорад. Агар оиладор бошед, аз ишқбозии беҳуда худдорӣ кунед. Яке аз наздикон сирри худро ба шумо мегӯяд. Дар кори ҳуҷҷатгузорӣ бодиққат бошед. Рӯз барои сармоягузорӣ ва харидҳои муҳим мусоид аст. Тафаккури мусбат ба саломатӣ ва рӯҳияи шумо таъсири хуб мерасонад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз аз шитобкорӣ ва таваккали беҳуда худдорӣ кунед. Бо аҳли оила ба кори шавқовар машғул шавед, зеро ин муносибатҳоро беҳтар мекунад. Ҳамкорон шуморо дастгирӣ мекунанд. Барои сармоягузорӣ имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Аз асабоният ва фишори равонӣ дурӣ ҷӯед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯз барои истироҳат бо дӯстон мувофиқ аст. Ба зудӣ шахси наве ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Нофаҳмиҳои хурди хонаводагӣ зуд ҳал мешаванд. Дар кор қобилияти роҳбарии шумо бештар намоён мегардад. Вазъи молиявӣ хуб аст, аммо аз хароҷоти беандеша худдорӣ намоед. Ҳангоми эҳсоси нохушӣ ҳатман ба духтур муроҷиат кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Муносибатҳои ошиқона метавонанд ҷиддитар шаванд. Эҳсосоти худро озодона баён кунед. Аввал корҳои нотамомро анҷом диҳед ва баъд ба нақшаҳои нав гузаред. Барои тартиб додани ҳуҷҷатҳо рӯзи муносиб аст. Бо мақомоти давлатӣ эҳтиёткорона муносибат кунед. Ба саломатии худ диққати махсус диҳед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Якдигарро бештар бишнавед ва мушкилиҳоро якҷоя ҳал намоед. Дар хона эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, бинобар ин суханони худро боандеша интихоб кунед. Муносибати роҳбарият нисбат ба шумо беҳтар мешавад. Имкони гирифтани мукофот ё баргардонидани қарз вуҷуд дорад. Қисме аз даромадро пасандоз кунед ва бештар пиёда гардед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ба худ бовар кунед ва аз ҳуқуқи худ ҳимоят намоед. Ба наздикон барои дастгирӣ ва меҳрубониашон сипос гӯед. Барои оғози корҳои нав ва сармоягузорӣ рӯз чандон мувофиқ нест. Аввал корҳои пешинаро ба анҷом расонед. Пешрафти касбӣ ва молиявӣ имконпазир аст. Ба истироҳат ва хоби кофӣ аҳамият диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ба шахси дӯстдоштаатон бештар меҳрубонӣ зоҳир кунед. Аз баҳсҳои беҳуда худдорӣ намоед. Имрӯз барои гуфтушунид ва пайдо кардани робитаҳои нави корӣ рӯзи хуб аст. Барои харидҳои калон низ фурсати муносиб мебошад. Каме истироҳат кунед ва худро аз ҳад зиёд маҳдуд насозед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Фаъолияти эҷодии муштарак муносибатҳои шуморо беҳтар мекунад. Ба ҳар хабар зуд бовар накунед. Бо шахси дӯстдоштаатон вақти бештар гузаронед. Агар аз кори зиёд хаста шуда бошед, дар табиат истироҳат кунед. Аз харидҳои нолозим худдорӣ намуда, шомро ором сипарӣ кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Эҳтимол шахсе бо мақсадҳои шахсӣ ба шумо таваҷҷуҳ кунад. Пеш аз қабули қарор танҳо монда, хуб андеша кунед. Дар касбу кор имкони ҷалби таваҷҷуҳи роҳбариятро пайдо мекунед. Барои беҳтар шудани вазъи молиявӣ имконият ҳаст. Ҳангоми истироҳати фаъол қоидаҳои бехатариро риоя кунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар сафар эҳтимоли шиносоии ҷолиб вуҷуд дорад. Барои оиладорон навоварӣ муносибатҳоро гармтар мекунад. Дар кор аз уҳдаи вазифаҳои зиёд мебароед ва робитаҳои муфид пайдо мекунед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Имрӯз беҳтар аст нерӯи худро сарфа намоед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар давоми рӯз хабари хуш ё вохӯрии ҷолиб интизор аст. Аз танқиди беасос худдорӣ кунед. Барои оиладорон вақти муносиб барои суҳбати самимӣ бо аҳли хона аст. Дар кор бодиққат бошед, то ба хато роҳ надиҳед. Агар соҳибкор бошед, муносибати байни кормандонро назорат кунед. Гулӯятонро эҳтиёт намоед.