arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
2441
no-img

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи хубест барои шиносоӣ ва сайру саёҳат. Шумо бояд ҳатман истироҳат кунед. Қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳо ва дарк намудани дарди ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатонро пайдо месозед. Хобҳоятон рӯзҳои наздик амалӣ мешаванд. Пули калон наёбед ҳам, азоби бепулӣ намекашед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Хотирпарешонӣ ва диққати худро ба як кор ҷалб накарданатон дар касбу кор мушкилиҳоро пайдо месозад. Бо тамоми ҳастӣ аз одатҳои бад ва таъсири бегонагон дурӣ ҷӯед. Рӯзи хубест барои робита бо роҳбарият ва харидорӣ намудани чизҳои қимматбаҳо. Дӯстдоштаатон ба кӯмаки шумо ниёз дорад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз одати дурудароз сари қароре омадан боиси он мегардад, ки имкониятҳои мусоидро аз даст диҳед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид нест. Нафаре, ки дар ин рӯз аз шумо кӯмаки пулӣ мепурсад, ба қадри некиятон намерасад. Саломатӣ ганҷи бебаҳо аст, онро эҳтиёт намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз баҳсу мунозираҳои гуногун дар мадди аввал қарор мегиранд. Аз робита бо атрофиён худдорӣ намоед ё ботаҳаммул бошед. Табъи нозук ва зудранҷӣ садди роҳи ба мақсад расиданатон мегардад. Ба кӯмаки дӯстон умед баста метавонед, вале дӯстдоштаатон дар ин рӯз аз шумо ранҷида, чанд муддат қаҳрӣ мегардад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз нерӯятон кам, вазъи молиявӣ паст мегардад. Эҳтимоли бепул монданатон вуҷуд дорад, аз ин хотир, барои лаҳзаҳои ногаҳонӣ маблағ захира намоед. Бо нафарони калонсоли оилаатон муноқиша имкон дорад. Нақшаи аз вазъияти душвор баромаданро кашед. Бегоҳирӯзӣ асабатон хароб мегардад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи хубест барои робита бо наздикон, нафароне, ки аз қобилиятҳои шумо ба ваҷд меоянд. Эҳтимоли сахт ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Баъди нисфирӯзиро бо шахси дӯстдоштаатон гузаронед. Барои рафъи нофаҳмиҳо ғурури худро як тараф гузошта, сабру таҳаммулро пеша намоед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Хеле рӯзи душвор аст, ба ҳама гуна ҳодисаҳои ногувор омода бошед. Эҳтимоли гум кардани пул, муноқиша бо наздикон, ҷароҳат бардоштан ва вайрон шудани асбобҳои техникӣ дар назар аст. Ба роҳ баромаданро маслиҳат намедиҳем. Нерӯи худро барои ба даст овардани дили дӯстдоштаатон сарф кунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ба ҳар коре, ки дар ин рӯз даст мезанед, натиҷаи хуб медиҳад. Атрофиён ба ҳунару маҳорататон баҳои мусбӣ медиҳанд. Муносибатҳои ошиқона бароятон шодиву нишот меорад. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Дар ин рӯз бо пули калон ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи номусоидест барои робита бо наздикон. Эҳтимоли дағалӣ, бедиққатӣ ва нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Маблағи пулиеро, ки интизор ҳастед, ба даст намеоред. Ҷанҷоли хурд то муноқишаи калон мерасад. Ба эҳсосот дода нашавед, сабру таҳаммулро пеша намоед. Барои оғоз намудани табобати бемориҳо рӯзи хуб аст.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Диққати бештари худро ба тартибу интизом равона созед, он гоҳ коратон барор мегирад. Дар сарф намудани маблағ ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Мушкилиҳое, ки дар ин рӯз сар мезананд, аз мушкилиҳои ҷиддие дарак медиҳанд, ки шумо бояд рафъ намоед. Ба саломатии гурдаҳо бодиққат бошед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи хубест барои рафъи мушкилиҳои ҷамъшуда. Ҳодисаҳои ин рӯз табъи дили шумо намешаванд, вале оташинӣ ва бетоқатиятон боиси он мегардад, ки дар рафъи мушкилиҳо душворӣ мекашед. Ҳангоми робита бо атрофиён боэҳтиёт бошед. Шахсеро, ки дӯст медоред, хабари хуш мерасонад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Аз яку якбора амал кардан ва хулосабарории саросема худдорӣ намоед. Дар бораи нақшаҳои худ ба касе нақл накунед, вагарна диққати душманонро ҷалб месозед. Имкони ба анҷом расонидани баъзе корҳоятонро пайдо карда, натиҷаи хуби заҳматҳоятонро мебинед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД