sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021
3639


Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои Шумо аҳамият надодан ва ғамгин нашудан дар аввали рӯз мушкил мешавад. Эҳсосотатонро идора намоед. Табъатон дар тӯли рӯз чанд бор дигар мешавад. Ба бештари зодагони бурҷи ҳамал барои иҷро кардани баъзе корҳо шояд халал расонад. Дар барои Шумо нафаре ҳаст, ки як қисмати корҳоятонро ба ӯҳда бигирад. Қисмати дуввуми рӯз ба Шумо хуш меояд.

Савр (21 апрел-20 май)
Барои Шумо рӯз хеле рӯзи хуб аст. Имрпӯз дар баъзе нақшаҳои худ муваффақ мешавед, аммо барои ин каме саъю кӯшиш мебояд. Бояд сараввал корҳои нотамоматонро ба сомон расонед. Ин дар назари Шумо душвор метобад, аммо иҷро карданаш осон аст. Эҳтимол аст бо дӯстони деринаатон вохӯред, аммо имрӯзро муносиб надониста, аз паи корҳо саргардон шуда, дӯстонатонро наранҷонед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯз метавонад ба сари Шумо мушкилӣ биёрад, табъи Шуморо хира созад ва барои расидан ба ҳадафҳои гузоштаатон монеа эҷод кунад. Шумо метавонед, идлхоҳ монеаро убур кунед. Бештари вақт ин аз шуури шикастнопазир ва нигоҳи ғайриодии Шумо ба ҷаҳон вобастагӣ дорад. Шумо имкониятҳоеро мебинед, ки дигарон онро пайхас намекунанд, барои ҳамин натиҷаи корҳои Шумо аз дигарон фарқ хоҳад кард.

Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи пурсамар Шуморо имрӯз интизор аст. Шумо аз ӯҳдаи тамоми корҳо ба хубӣ мебароед. Аммо бояд корҳои муҳимро ба вақти дер нагузошта саривақт иҷро кунед. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки корҳои заруриро аввали рӯз иҷро кунед. Вохӯриҳои ногаҳонӣ аз эҳтимол дур нест. Аммо ин вохӯриҳо барои зиндагии Шумо муфид ҳастанд.

Асад (23 июл-22 август)

Шумо ҳар кореро ки даст гирифтед, то охир пеш мебаред. Маҳз ҳамин хислат Шуморо муваффақ мекунад. Агар ягон идея ба сари Шумо омад, барои дер амалӣ шуданаш рӯҳафтода набошед. Имрӯз баъди сӯҳбат бо одами наздик худро самимӣ нишон диҳед, аммо аз гуфтани баъзе сирҳо худдорӣ кунед. Зудбоварӣ хоси Шумо нест.

Сунбула (23 август-23 сентябр)
Зодагони бурҷи сунбула ҳафтаи гузашта бо дӯстон кам вақт гузарониданд, бинобар ҳамин ситораҳо тавсия медиҳанд, ки вақтҳои холигиро бо ёру наздикон сипарӣ намоянд. Имрӯз барои Шумо рӯзи ғайриоддӣ хоҳад буд. Хабари ногаҳоние Шуморо дар ҳайрат мегузорад. Ба варзиши бадан машғул шавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар аввали рӯз баъзе ҳолатҳои ногувор рух медиҳанд. Ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳамин вазъият роҳи ҳали хубе мебошад. Баъзе вақтҳо ҳатто бо одамоне ки бо онҳо созиш мекардед, забон як кардан мушкил мешавад. Аммо имрӯз соат ба соат ҳолатон беҳтар шуда табъатон болида мешавад. Тамоми корҳои муҳим ва ҷиддиатонро дар қисмати дуввуми рӯз гузоред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи бобарор Шуморо интизор аст. Имрӯз барои вохғриҳои корӣ, шартномаҳо ва сӯҳбатҳои муфид муносиб аст. Аз эҳтимол дур нест, ки имрӯз хабари хуш шунида нақшаҳоятонро иваз намоед. Таваккал ба Худо кардан хоси зодагони бурҷи ақраб мебошад, аммо ин ҳафта худро эҳтиёт кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Набояд тамоми корҳоятонро ба фардо гузоред. Аввали рӯз хеле бобарор мебошад ва ситораҳо тавсия медиҳанд, ки корҳоятонро дар аввали рӯз ба сомон расонед. Ситораҳо дар тарафи Шумоянд, бинобар ҳамин бештари корҳои Шумо бобарор анҷом меёбанд. Баъзе зодагон бурҷи қавс корҳореро иҷро карда метавонанд, ки дигарон аз ӯҳдааш намебароянд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯз барои Шумо идеяҳои ҷолиб, нақшаҳои навро ба саратон меорад.ҳеҷ кас дар интихоби Шумо монеа шуда наметавонад, зеро Шумо бештар ба тафаккури солими худ бовар мекунед. Эҳтимол аст, ки ягон хабари хуш аз хона шунавед. Нофаҳмиҳоро бо дӯстон в наздикон фаромӯш кунед ва ҳаёти наверо шурӯъ намоед.

Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи хабарҳои хуш ва тӯҳфаҳои хуб дар пеш аст. Баъзе вақт аз онҳое ки ҳеҷ чиз интизор набудед,амали хубро дида ҳайрон мешавед. Тӯҳфаҳои пулӣ Шуморо интизор аст. Нафаре ки чанд моҳ пеш аз Шумо қарз гирифта буд, эҳтимол аст қарзатонро баргардонад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Эҳтиёткор ва бодиққат бошед, чунки ин рӯзҳо барои Шумо душвор аст. Ҷанҷол ва нофаҳмоӣ бо роҳбарият шуморо озурдахотир мекунад. Бо атрофиён каме нармгуфтор бошед, зеро замоне мушкилиҳоятон ҳал хоҳад шуд, вале онҳое ки ранҷидаанд, ёфтани дилашон барои шумо мушкил мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД