formula
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
3933

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз сабру таҳаммулро пеша намуда, қаҳру ғазаби худро ба сари наздикон нарезед. Вазъият душвор гашта, асабониву табъатон нохуш мегардад. Зиндагии якрангу бемаънӣ табъи дили ҳамалҳои орзупарвар нест. Каме аз аз корҳоятон дур гашта, дар ҳавои тоза сайр намоед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, дарди дил кардан бар зарари шумост. Серкорӣ ба саломатиятон беасар намемонад, беҳтараш витамин истеъмол кунед. Чанд ҳодисаи тасодуфӣ ба ҳаёти шахсиятон бетаъсир намемонад. Бо табъи хира ба роҳ набароед, вагарна ба ҳолати ногувор меафтед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Обрӯву нуфӯзи худро бояд дар коллектив баланд бардоред. Нагузоред, ки аз таҷрибаву касбияти шумо истифода баранд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ аз ташхис гузаштану хун супориданатон лозим аст. Пешгирӣ намудани беморӣ табобати онро осон месозад. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид нест.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз аз ҷониби нафароне, ки чанде қабл кӯмаку дастгирӣ карда будед, изҳори миннтадорӣ мешунавед. Дастгириҳои шуморо қадр мекунанд. Корҳои молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меоранд ва чизҳои даркориятонро харидорӣ карда метавонед. Дӯстдоштаатонро аз худ дур насозед, вагарна пушаймон мешавед.  

Асад (23 июл-22 август)

Барои он ки робитаатон бо шахси дӯстдошта хубтар гардад, бояд дарди якдигарро дарк карда тавонед. Албатта, ин кори саҳлу осон нест, вале сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ дар ин кори душвор кӯмакрасони шумо мегарданд. Тахайюлоти худро ба кор бурда, ба дӯстдоштаи худ туҳфаи хотирмон тақдим намоед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Бо сабаби он ки имрӯз атрофиён нисбати шумо асабиву дағал ҳастанд, аз муноқишаву низоъ амон намеёбед. Худатон низ сахт асабӣ мегардед. Беҳтараш ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Аз танқиди атрофиён худдорӣ намоед. Муносибати нави ошиқонаатон қатъ мегардад, вале шумо рӯҳафтода нашавед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи серташвиш ва бебарор аст. Бо сабабҳои гуногун муноқишаву низоъ ва эҳтимоли сар задани садамаҳои нақлиётӣ имкон дорад. Сафари корӣ бобарор анҷом меёбад. Аз ҷониби ҳамкорони ботаҷрибаатон кӯмаку дастгирӣ мебинед. Бегоҳирӯзӣ даромади пӯлӣ ба даст оварда, аз дӯстдоштаатон хабари хуш мешунавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи хубест бари рафъ намудани мушкилиҳои молиявӣ ва нияту нақшаҳои деринаатон. Дар ҷойи кор ба саросемагӣ роҳ надиҳед, вагарна ба ғалатҳои зиёде роҳ медиҳед. Бо нафаре шинос мешавед, ки маслиҳатҳои судманд медиҳад. Барои харид ва рафъи мушкилиҳои рӯзгор рӯзи мусоид аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Кӯшиши яку якбора тағйир додани тақдир барор намеорад. Баръакс, аз вайрон шудани нақшаҳоятон асабӣ мешавед. Дар ин рӯз насия ва аз дӯстон қарз гирифтанро тавсия намедиҳем. Маълум нест, ки шумо тамоми қарзҳоятонро кай бармегардонед. Қавсҳои муҷаррад бояд аз пайи дарёфти бахти худ шаванд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯзро бо дӯстдоштаатон гузаронидан мехоҳед. Бо сабаби серкорӣ тамоман аз нафари бароятон азиз дур гаштаед. Ба тарабхона рафтан, истироҳат дар табиат ё дар хона ба фоидаи шумост. Кори вазнини баъди нисфирӯзӣ хастаатон месозад, вале маблағи хуб ба даст оварда, табъатон болида мегардад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Бо корҳое, ки фоидаи каму дилхушӣ намеоранд, машғул нашавед. Хариду фурӯши хона хеле бобарор анҷом меёбад, муҳимаш он аст, ки дар тахт намудани ҳуҷҷатҳо ба ғалат роҳ надиҳед. Барои табобат, харидани либос, таъмири асбобҳои техникӣ ва асбобу анҷоми рӯзгор маблағи зиёд сарф мекунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз табъатон гирифтаву аз ҳад зиёд ҷиддӣ мешавед. Диққати худро ба лаҳзаҳои дилхушкунандае, ки дар ин рӯз зиёд мешаванд, равона созед. Ба корҳои шубҳанок даст назанед, вале дар сурати каме таваккал намудан пули хуб ба даст меоред. Барои харидани туҳфа ба дӯстдоштаатон рӯзи мусоид аст.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД