ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2026
1800

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз дар зиндагии шахсӣ тағйироти ҷиддӣ рух дода метавонад. Пеш аз қабули ҳар гуна қарор ҳама ҷузъиёти вазъро оромона таҳлил намоед. Ҳатто муносибатҳои устувор ҳам гоҳе аз санҷиш мегузаранд, бинобар ин, аз ҳодисаҳои рухдода фоҷиа насозед. Вазъи молиявии шумо бад нест, вале хастагӣ нишон медиҳад, ки ба истироҳат ниёз доред.

Савр (20 апрел-20 май)

Ба наздикӣ муҳаббат ва эҳсосоти гарм ба зиндагии шумо ворид мешаванд, аммо баъдан баҳсу нофаҳмиҳо низ имкон доранд. Бо дастгирии наздикон як мушкили муҳим ҳал мешавад, вале пеш аз ин дар бораи обрӯи худ фикр кунед. Агар аз кори якранг хаста шуда бошед, худро дар машғулиятҳои эҷодӣ санҷед. Имрӯз даромади ғайричашмдошт имконпазир аст. Ба хобҳоятон аҳамият диҳед, онҳо метавонанд роҳнамо шаванд.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Агар муносибатҳои ошиқонаатон ҳоло комил набошанд, имрӯз кӯшиши ислоҳи онҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Барои оиладорон хабарҳои хуш дар роҳанд. Вазъи молии хонадон тадриҷан беҳтар мешавад. Рӯз барои танзими корҳои рӯзгор ва муроҷиат ба роҳбарият мувофиқ аст. Шумо бо осонӣ ба ҳадафҳое мерасед, ки қаблан дастнорас менамуданд. Даромад хуб мешавад, вале хароҷоти беҳуда накунед. Ба намуди зоҳирӣ ва саломатӣ диққат диҳед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Вохӯрии ошиқона метавонад ба таври ғайричашмдошт анҷом ёбад, ҳатто сюрпризи хуш имкон дорад. Дар корҳои хона бо наздикон ба мувофиқа биёед, ин фазои ҳамдигарфаҳмиро беҳтар мекунад. Меҳнати шумо қадр мешавад, аз имкониятҳои пайдошуда истифода баред. Агар мушкилоти молӣ дошта бошед, фикри хубе барои ҳаллу фасли он пайдо мешавад. Асабонӣ нашавед, оромӣ калиди саломатӣ ва муносибатҳои хуб бо дигарон аст.

Асад (23 июл-22 август)

Барои муваффақият дар ишқ каме боварӣ ба худ ва ҷасорат лозим аст. Озодтар рафтор кунед ва худро маҳдуд насозед. Шояд овозаҳои нохуше бишнавед, ки аз ҷониби ҳасудон паҳн шудаанд, вале наздикон пурра пуштибони шумоянд. Дар муносибатҳо меҳрубонтар бошед. Рӯз барои корҳои шахсӣ бисёр мусоид аст ва метавонед натиҷаҳои ҷиддӣ ба даст оред. Туҳфаро боэҳтиёт тақдим кунед. Руҳияи хуб саломатиро ҳифз мекунад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Дар масъалаҳои ишқ аз ҳад зиёд пофишорӣ накунед, зеро ин метавонад муносибатро вайрон созад. Бо наздикон эҳтимоли нофаҳмӣ ҳаст, аммо агар суханҳоро ба дил нагиред, ихтилоф пешгирӣ мешавад. Агар меҳнати шумо қадр нашуда бошад, вақти ҷустуҷӯи имкониятҳои нав расидааст. Барои амалӣ кардани нақшаҳо бештар ба зиракии худ такя кунед. Руҳияи худро ҳифз намоед ва ба суханони манфии дигарон аҳамият надиҳед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз рӯҳияи шумо пур аз меҳр ва ҳамдардӣ аст, ба ҳисси дарунии худ гӯш диҳед. Ҳамсояҳои нав метавонанд муваққатан нороҳатӣ эҷод кунанд, сабр кунед, вазъ дер намепояд. Манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ метавонанд фарқ кунанд, вале онро ошкоро нишон надиҳед. Иқдомҳои нав натиҷаи хуб намедиҳанд. Дар харид эҳтиёт бошед, сифати мол метавонад шубҳанок бошад. Агар дарди дандон ё милк пайдо шавад, ба табиб муроҷиат кунед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Талаботи шумо дар муносибатҳои ошиқона каме баланд шудааст, кӯшиш кунед воқеъбин бошед. Муоширати ростқавлона ба ҳалли мушкил кумак мекунад. Аз исрор ба масъалаҳое, ки ҳоло бастаанд, худдорӣ намоед. Бо ҳамкорон ҳамдигарфаҳмӣ пайдо мешавад ва кори гурӯҳӣ натиҷаи хуб медиҳад. Барои шахсони эҷодӣ лоиҳаҳои судманд пешбинӣ шудаанд. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, оромӣ имрӯз барои шумо хеле муҳим аст.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Барои нафарони танҳо шиносоии ҷолиб дар назар аст, вале муносибат оҳиста рушд мекунад, ки ба нафъи шумост. Муошират бо дӯстону ҳамфикрон рӯҳияро баланд мебардорад. Шарикон бо шумо ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ояндаро банақшагирӣ кунед ва мушкилро аз нигоҳи нав бубинед. Оғози машғулияти варзишӣ имрӯз хеле мувофиқ аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Агар танҳо бошед, вақти он расидааст, ки масъулияти зиндагии худро ба даст гиред. Бадхоҳон метавонанд бо иғво кӯшиш кунанд муносибати шуморо вайрон созанд, ба онҳо бовар накунед. Дар кор мушкил аз сабаби иҷро нашудани уҳдадорӣ имкон дорад, хатогиро эътироф намуда, зуд ислоҳ кунед. Танҳо аз паси пул надавед, дар бораи ояндаи худ фикр кунед. Ба саломатӣ ва намуди зоҳирӣ аҳамият диҳед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Ситораҳо ба шумо сабри зиёд мебахшанд, аз ин рӯ мушкилҳои хурд дар муносибатҳо бе ҷанҷол ҳал мешаванд. Ба беадолатии муваққатӣ оромона вокуниш нишон диҳед, ҳама чиз худ равшан мегардад. Кори ҷиддӣ ва мулоқотҳои муҳимро ба рӯзи дигар гузоред. Орзуи ҷолибро амалӣ кардан мумкин аст, вале бо андеша. Эҳтимоли хастагӣ ҳаст, истироҳат ва ғизои солим фаромӯш нашавад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар пеш давраи пур аз шиносоиҳои ҷолиб қарор дорад, ҷозибаи шумо одамонро ба худ мекашад. Барои пешгирии дилгирӣ бештар бо дӯстони дерина суҳбат кунед. Дар кор каме ташвиш имкон дорад, аз кӯмаки ҳамкорон даст накашед. Дар масъалаҳои муомила ва созиш пешрафти хуб мушоҳида мешавад. Агар қарз дошта бошед, баргардонданаш ба фоидаи шумост. Эҳтимоли аз дарди миён азият кашиданатон дар назар аст, маҳс кумак мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД