arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2021
4133

 Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи серташвиш аст. Дар ҳама кор бо амри дили худ амал намуда, ба нуқтаи назари бегонагон гӯш надиҳед, вагарна маблағи пулии худро аз даст медиҳед. Аз робита худдорӣ намоед, то ки неруи худро барои корҳои майда-чӯйда ва суҳбати беҳуда сарф накунед. Эҳтимол гирифтори дағалии нафаре мегардед ё чизеро гум мекунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи душвор аст, нисбати корҳо диққати ҷиддӣ диҳед. Дар ҷойи кор рух додани нофаҳмӣ ё муноқиша бо ҳамкорон имкон дорад. Ҳушёриро аз даст надиҳед, зеро душманатон бори дигар ба шумо зарар расонидан мехоҳад. Барои пайдо намудани манбаи нави даромад рӯзи мусоид аст. Аз хӯрокҳои зарарнок парҳез кунед.


Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Сустиродагӣ боиси сар задани мушкилиҳо мегардад. Дар ҷодаи касбу кор пешравӣ дида мешавад, даромади пулӣ низ ба даст намеоред. Дар ин рӯз ба касе бовар накунед, беҳтараш бо амри дил амал кунед. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон бад мегардад, барои он ки байнатон муноқиша пайдо намешавад, агар босабру меҳрубон бошед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи бобарор аст. Тақдир ба шумо як қатор санҷишу имтиҳонҳоро пеш меорад. Эҳтимоли фиребу хӯрдану дилмондагӣ ва ҷароҳат ёфтанатон вуҷуд дорад. Робита бо шахсони бароятон наздик ҷиҳатҳои манфии рӯзро кам мекунад. Аз бозору мағоза рафтан худдорӣ намоед, вагарна маблағи зиёд сарф карда баъдан пушаймон мешавед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз бо сабаби он ки атрофиён асабониву дағал мешаванд, ҳодисаҳои моҷароомез зиёд мешаванд. Асаби шумо низ дар ин рӯз чандон ором нест. Беҳтараш аз баҳсу мунозираҳо дурӣ ҷуед. Боинтизом бошеду худро ба даст гиред, зеро баногаҳ ба асабоният роҳ доданатон имкон дорад. Аз танқид кардани нафаре худдорӣ намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ҳама кор диққати зиёду эҳтиёткорӣ зоҳир намоед. Вазъи молиявиатон чандон хуб нест. Барои ба даст овардани маблағ ба корҳои хатарнок даст назанед, беҳтараш хароҷоти худро кам кунед. Дӯстдоштаи худро бо суханони пучу бемаънӣ дилгир насозед. Саломатиятон дар ин рӯз хуб аст.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Пешравӣ дар касбу кор аз он вобстагӣ дорад, ки то кадом андоза шумо аз уҳдаи корҳои душвор баромада метавонед. Нимаи дуюми рӯз дар хонаву ҷойи коратон вазъияти душвор ба амал меояд. Ба касе гузашт накунеду хатои пештараро такрор накунед. Аз мушкилиҳои муваққатии пулӣ руҳафтода нашавед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи санҷишу имтиҳон аст. Душвориҳои пешомадаро сабурона паси сар кунеду дар вазъиятҳои душвор гузашт карданро омӯзед. Баъди нисфирӯзӣ бо кори ҷисмонӣ машғул шудан ба саломатиятон фоида мебахшад. Сайругашт дар ҳавои тоза хобатонро бароҳат месозад.


Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Боз як рӯзи бебарорро аз сар мегузаронед. Нафаре нисбати шумо фишор меорад ё зери таъсири нафари бегонае мемонед. Барои аз ғалатҳо эмин мондан боэҳтиёт бошеду боақлона рафтор намоед. Аз муноқишаҳои хурд ва гапҳои беҳуда бо бонувон худдорӣ намоед. Ба сайругашти шабона баромаданро маслиҳат намедиҳем.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз нақшаҳои худро бобарор амалӣ месозед. Бо нафаре шинос мешавед, ки дар оянда сахт дӯсташ медоред. Вақти худро бо корҳои нолозим ва суҳбатҳои нодаркор сарф накунед. Нафаре аз содагиву зудбоварии шумо истифода бурдан мехоҳад. Ба ғалати тақдирсозе роҳ доданатон имкон дорад, аз ин лиҳоз ҳушёрӣ пеша намоед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Корҳои зиёдеро, ки аввали ҳамин сол ба анҷом расонида будед, натиҷаашро мебинед. Барои бештар муваффақ гаштан, меҳнат кардан гиред. Барои дур сохтани фикрҳои мағшуш барои худ туҳфа тақдим намоед. Атрофиён нисбати ҳутҳои меҳрубону нармгуфтор дилгарм мешаванд.

 

 

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз ба нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, маблағи калон сарф карданро маслиҳат намедиҳем. Вазъияти беҳтареро интизор шуда дилпурона амал намоед. Бо корҳое, ки ба саломатиятон зарар меоранд, машғул нашавед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Эҳтимоли сар задани сӯхтор ё дуздида шудани пулҳоятон вуҷуд дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД