arzon replenishment
Толибаи синфи 8 аз ошёнаи 22 афтида зинда монд
3592

Як толибаи синфи 8-ум аз ошёнаи 22-юми бинои нави замонавӣ афтида зинда мондааст.

Ин ҳодисаи нодирро ҳатто табибони номдор ҳам танҳо “мӯъҷизаи худованд” меҳисобанд, зеро ақли инсон бовар намекунад, ки чи тавр одам аз ошёнаи 22-юм, аз баландии на камтар аз 60-70 метр афтида, зинда монда метавонад...


Тавре ки расонаҳо менависанд, духтараки аз ошёнаи 22-юм афтида, тахминан 14-15 сол дошта, хонандаи синфи 8 будааст.
Ҳамон рӯз духтарак бо ҳамсинфонаш шабнишинӣ доштаанд. Духтарак ва дар айни ҷӯшу хурӯши базм ба балкон мебарояд ва пояш лағжида аз ошёнаи 22-юми бинои нави замонавӣ ба замин сарозер меафтад.


Касе гумон надошт, ки баъди аз чунин баландӣ афтидан духтар зинда мемонад, вале тавре ки табибон мегӯянд, танҳо майнаи сари духтарак каме зарб хӯрда, ба қавле “сотресение” гирифтааст ва дасту пойҳояш харош ёфтаанд, вале узвҳои дохилиаш солим буда, ҷароҳатҳои вазнин набардоштааст.


“Аз чунин баландӣ афтида зинда мондан ин мӯъҷизаи ҳақиқӣ аст. Фақат худованд ба чунин мӯъҷизаҳо қодир асту халос. Ин духтараки хушбахт бояд ҳазорон бор шукри худованд намояд, зеро аз ошёнаи 22 афтидан он тараф истад, ҳатто шахсоне, ки аз ошёнаи 6-7 меафтанд, қариб, ки ягон шанси зинда мондан надоранд. Аз баландӣ афтидани кӯдакони хурдсол чандон хатарнок нест, чунки вазни онҳо кам буда, зарбаи сахт намехӯранд, вале барои одамони калонсол аз чунин баландӣ афтидан марговар аст”-мегӯянд табибони номдоре, ки сарашонро дар соҳаи илми тиб сафед карда, даҳҳову садҳо рисолаҳои илмӣ навишатаанд ва ҳар рӯз бо беморони зиёде сару кор мегиранд.
Ин ҳодисаи мӯъҷизавӣ дар кӯчаи Загорьевскаяи шаҳри Маскав рӯй дода, айни замон духтарак зери назорати табибон қарор дорад. Ҳамагӣ як ҳафта пеш аз ин ҳодиса духтар аз бемористон мураххас шудааст. Табибон ба ӯ депрессия ташхис гузошта буданд.


Дар шаҳри мо низ шумораи биноҳои наву замонавии 16-22 ошёна рӯз то рӯз торафт мефзояд, аз ҳамин хотир мо аз тамом сокинони пойтахт, махсусан аз онҳое, ки дар биноҳи баландошёна зиндагӣ мекунанд, хоҳиш мекунем, ки бисёр эҳтиёткор бошанд ва махсусан кӯдакони хурдсолу наврасонро бе назорат нагузоранд, зеро як лаҳзаи бепарвоӣ метавонад боиси сар задани ҳодисаи нохуше гардад, ки доғи сӯзони он як умр дар дил мемонад.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД