Кирми ҳирс
Маша аввал пардаҳои турии зеборо канда, ҷилди курпаву болишт ва ҳамаи онро ҳамроҳи он ҷиҳозе, ки ронанда бояд бурда шуста то бегоҳ меовард, ба хушкашӯйӣ равон намуд. Қолинро ба саҳни ҳавлӣ баровард, он ҷо як коргарашон онро бояд бо таври махсуси муосир тоза мекард. Дигар ин зани умраш ба тоза кардани манзили мардум сипарӣ шуда тамоми ашёи хонаро якто-якто то дурахшидан тоза мекард… Аз ғалладони зери оина шаш сандуқчаи якхелаи хурд, ки дар болояшон расми салиб кандакорӣ шуда буд, баромад. Маша онро назди Гулбоғ гузошту худаш корашро давом додан гирифт… Гулбоғ сандуқчаҳоро кушода, чунон ба ваҷд омад, ки даҳонашро бо кафи дасташ пӯшид, то овозаш набарояд… Даруни сандуқчаҳо пур аз ҷавоҳирот буд, гарданбанд, дастпона, гӯшвору ангуштаринҳое, ки ин гунаашро ин зани гурусначашм дар умраш надида буд. Дар даруни яке аз сандуқчаҳо коғази зардшудае ёфт, ки бо хатҳои зебою хоно чунин навишта шуда буд:
- Ваняҷон, ман медонам, ки ба умрам рӯзҳои башумор мондааст, ҳама кӯшишҳои ту бенатиҷаанд, зеро касе аз панҷаи қавии саратон то ҳол раҳоӣ наёфтааст ва нахоҳад ёфт… Светаро эҳтиёт намо, охир духтараки ман нав дар синфи нуҳ мехонад, ӯ эрка аст, вале дили хуб дорад. Ман мехоҳам Светаҷони ман духтур шавад, ин дороии ман… Ҳамаи инҳоро ту бароям туҳфа кардаӣ, танҳо гӯшвораҳои нуқрагин моли модарам ҳастанд, илтимос онҳоро рӯзи тӯяш ба Светаҷон аз номи ман бахш ва аз ҷойи ман аз пешонияш бибӯс… Бо эҳтиром Роза…
Ба ҷойи Гулбоғ зани порсое мебуд, Светаро меёфт ва мероси модарашро ба ӯ мерасонд. Зеро ин амонатии зане буд, ки ин дунёро пурармон тарк гуфтааст. Боз шавҳари ӯ дар ҳақи ӯ ва шавҳараш чӣ некиҳое кардааст, аммо Гулбоғ ин тавр накард. Ӯ сандуқчаҳоро, ки камаш як килограмм тилло доштанд, ба сумкааш андохту онро даруни ҷевоне қуфл зад, мактубро бошад, даронда ҳароҳи коғазҳои нодаркор оташ зад…
Ташрифи Люда ва иқдоми Насимҷон
Насимҷон шаб ба бӯстонсаро баргашта, онро нашинохт, ҳама ҷо тозаю озода. Ӯро Гулбоғ бо чеҳраи болида пешвоз гирифта, аз рафти тамоми корҳояш дар хона ҳисобот дод, албатта бо муҳоботе, ки “худам низ баробари эшон кор кардаму хастаю лакотам”…
Азбаски тамоми рӯйҷоҳои ҷои хобу пардаҳоро барои шустан бурда буданд, Насим Гулбоғро гирифта ба шаҳр баргашт… Он шаб зан шавҳарашро ризо кард, ки Машаву шавҳараш Антонро хизматгор гиранд. Насимҷон бисёр мехост, ки ягон ҳамватанашро ба кор гирад, ки фарзандонаш бо онҳо муомила карда, забонашонро фаромӯш накунад, аммо Гулбоғ инро намехост. Дар дилаш тоҷиконро кунҷкову сирбарор меномид…
Зиндагии ҷуфти ҷавон дар бӯстонсаро ранги дигар гирифт. Антон дар воқеъ марди бадасту панҷае будаасту дар чор-панҷ рӯз ҳама корро тахт намуд. Онҳо зану шавҳар то бегоҳ дар ин хонадон ҷумбуҷул мекарданд, хӯрду хӯрокашон ҳам аз ҳисоби хӯҷаинҳо буд. Танҳо нимаҳои шаб дукаса ба хонаашон мерафтанд…
Зиндагӣ дар маҷрои худаш давом дошт, вале як рӯз Людмила - зани дӯстдоштаи Иван Иванович назди Насим омаду баъди адои салом гуфт:
- Писарҷон, дили ман дар ҷояш не… Аз рӯзе, ки ҳамин мероси зормондаро қабул кардаам, шабҳо хобам намебарад. Ман фарзанд надорам, як ҷиянам ҳамроҳам зиндагӣ мекунад, ӯ ба савдо умуман майл надорад, духтур асту пули хуб меёбад. Ман бо як сари қоқам ин қадар пулро ба сарам мезанам, дар фирмае ба ҳайси муҳосиб кор мекунаму маоши хуб мегирам. Азбаски ту ба Иван мисли писараш будӣ ва ҳамеша туро наздам таъриф мекард, барои маслиҳат назди ту омадам… Биё якҷоя ба сари гӯри Иван лавҳаи зебои ёдгорӣ мемонем ва ман як магазину ними пули меросамро ба Света мебахшам, кори ӯ, чӣ гунае мехоҳад, сарф кунад….
Насимҷон розӣ шуд…
Узри Светлана
Насимҷон мехост дар бораи гузоштани лавҳаи мармар бо Светлана маслиҳат кунад ва ҳамроҳи Люда ба ҷустуҷӯи ӯ баромад. Дари хонаро ба рӯйи онҳо худи Света кушод, аз он кару фар ва ороишоти олияш хабаре набуд. Пеши онҳо духтараки зардинаи наҳифаку бепаноҳе меистод… Ӯ саломи меҳмононашро базӯр алейк гирифта, онҳоро ба хона даъват кард. Насимҷону Люда аз тағйироти ҳоли Света ҳайрон ба ҳамдигар нигоҳ карданд. Духтарак онҳоро сари миз шинонду саволомез ба меҳмонҳои нохондааш нигарист.
- Светаҷон,- ба сухан оғоз кард Люда,- ману Насимҷон тӯли танҳоии падарат ҳамеша ҳамнафаси ӯ будем. Ман падари туро аз аёми мактабхонӣ нағз медидам, аммо ӯ ба Маскав омада, ба ҳамсабақаш - модари ту ошиқ шуду ӯро ба занӣ гирифт. Пас аз марги модарат ману падарат тасодуфан вохӯрдем ва ман розӣ шудам, ки як умр бе никоҳи расмӣ дар паҳлуи ӯ бошам. Падари ту инсони бузург буд ва ҳатто ба рӯҳи модарат хиёнат кардан намехост. Тақдири Насимро ту медонӣ…
Светлана гапи Людаро бурида, бо овози паст пичирроз зад:
- Маро мебахшӣ, Насимҷон, ман дар ҳақиқат дар ҳақи ту ҷабр кардам.
Духтарак бо дидагони гирён худро ба оғӯши Насим партофт. Насимҷон аз пешонии Светлана бӯсида, гуфт:
- Светаҷон, ҳар як инсон хато мекунад. Ту ҷавону хом будӣ ва меҳри падаратро ба ман рашк карда, ба ҳамин хато роҳ додӣ, вале ман кайҳо туро бахшидаам…
Чун Света мақсади ба ин ҷо омадани дӯстони падарашро шунид, бо ҳайрат гуфт:
- Ман бовар намекунам, ки дар дунё одамгарӣ монда бошад… Николай, ҷавоне, ки ҳамеша бо ман буду ҷое кор накарда, аз ҳисоби пулҳои падари ман кайфу сафо карда мегашт, баъде фаҳмид, ки аз мероси падар маҳрумам, маро партофт… Мошини қиматбаҳои маро, ки ба номи ӯ карда будам, аз ман кашида гирифта, ба куҷое ғайб зад… Дугонаҳоям ҳамагӣ аз ман рӯй гардонданд, ҳоло ман дар мағозаи либосҳои занонае ба ҳайси машваратчӣ кор мекунам, зеро маълумоти олии иқтисодиро бо пул харидам ва чизеро намедонам… Хайр, аз зиндагиям шикоят надорам, маошам барои хӯрдану пӯшиданам мерасад, бо касе дӯстӣ надорам, фақат рӯзҳои шанбею якшанбе ба ибодатгоҳ рафта, барои оромии рӯҳи падару модарам шамъ мегузорам, ибодат мекунам. Ёд дорам, дуоҳоро модарам дар аёми кӯдакиям ба ман омӯхта буд…
Света инро гуфту оби чашмаш дарё шуд…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД