Тори макр (ҚИСМИ 27)
667

Даҳшати зиндагӣ

Рӯзҳои пуризтироб низ ба охир расид ва Насимҷон барои гирифтани ҷавоби ташхиси супоридааш ба ташхисгоҳ рафт… Духтур, бонуи хушсалиқаи ниҳоят соҳибҷамол бо як бепарвоии хоса гуфт:

- Шумо, Сафаров Насимҷон Ҷамолович, ба Сафаров Бунёдҷон Насимҷонович ва Сафаров Дилшодҷон Насимҷонович ягон намуд хешовандӣ надоред… Боз ин ду нафар танҳо аз тарафи модар бо ҳам хешанду падаронашон бошанд, ашхоси гуногунанд…

Сари Насимҷон аз шунидани ин даҳшат гирд гашту ӯ мисли як латтакӯҳна ба рӯйи фарш афтод. Духтурзан бо азобе ӯро ба худ овард… Он бегоҳ ӯ хеле дер ба хонааш омад, зеро то нимаҳои шаб даруни мошин назди ҳамон маркази тиббӣ карахт менишаст. Гумон мекард, ки дунё ба ҳоли ӯ мегиряд ё механдад…

Гулбоғ худро оростаю пероста, рӯйи кати хонаи хоб телевизор медид. Насимҷон телевизорро хомӯш карда, оромона аз вай пурсид:

- Ту ягон бор ба ман хиёнат кардаӣ?

Ранги Гулбоғ канд, вале зуд тори макрашро ба кор андохта, худро ба даст гирифту бо ханда посух дод:

- Шӯхӣ накун… Пас падари фарзандонат киҳоянд?

- Ҳой мардак, ҳушат дар ҷояш, ё шароб нӯшидаӣ?!,- ин дафъа бо овози хашмолуд фарёд зад Гулбоғ.

- Беҳуда нагуфтаанд, ки забони дӯзду ғар дароз аст,- пичиррос зад Насимҷон ва аз ҷевон корди калонеро, ки як рафиқи қафқозияш ҳадя карда буд, бароварда, онро ба гулӯи Гулбоғ монда, гуфт:

- Иқрор шав, фоҳиша…

Гулбоғ аз тарси ҷон тамоми саргузаштҳои ошиқияшро ба Насимҷон нақл кард ва бо илтиҷо гуфт:

- Маро накуш, накуш…

- Не, ман дар хуни ту фоҳиша дастамро ҳаром намекунам,- гуфт Насимҷон ва бо тарзи қонунӣ аз Гулбоғ ҷудо шуд.

Насимҷон мардона хонаву дар ва мошини дар деҳа будаашонро бахшид ва барои вай чиптаи ҳавопаймо харида, ӯро ба ватан гусел кард…

Гулбоғ ба ноҳия омада, ба падару модараш дурӯғ гуфт, ки Насимҷон ба духтари хӯҷаини марҳумаш хонадор шуду қариб буд бачаҳоямро кашида гирад, ман базӯр аз чанголи ӯ гурехта халос шудам… Аммо дуздию ғарӣ пушти саргини хар гуфтагӣ барин, хабари тарпочагии Гулбоғу ҳаромӣ будани писаронаш ба деҳа ҳам расид…

Наҷотбахш

Пас аз гусели Гулбоғ Насимҷони намозхон ба май дода шуду қариб се моҳ аз хона набаромад, тиҷораташ рӯ ба касодӣ овард, танҳо Машаву шавҳараш дар ин рӯзҳои сангин дастгиру мададгораш буданд…

Рӯзе Людаю Светлана бедарак шудани Насимҷонро дида, ба хонааш омаданд ва аз мусибати ба сараш омада огаҳ шуданд. Танҳо бо шарофату дастгирии ин ду зани меҳрубон Насимҷон боз ба по хест, лекин дилаш аз ҷинси зан монда буд. Ӯ ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки Гулбоғ чаро ба ӯ хиёнат кард?! Охир, ӯ аз як духтараки қишлоқии чиркину камбағал як хонуми бою бадавлату шаҳрӣ сохт, тамоми хостаашро муҳайё мекард, ба волидонаш ёрӣ мерасонд, пас ба ӯ чӣ намерасид?! Насимҷон ду сол бо ҳамин гуна гумонҳои сардаргум гашт, то он рӯзе, ки Светлана ба ҷойи кораш омада, ба ӯ изҳори ишқ кард:

- Насимҷон, бояд ман ба ту бигӯям, ки аз рӯзҳои аввали туро диданам дӯстат медоштам. Ҳамон туҳмати кардаам низ замина дошт, медонӣ чаро?! Мани ҷоҳил дар ғазаб мешудам, ки чаро як тоҷики камбағалу ғариб ин қадар ғурур дораду маро дӯст намедорад? Пеши поям афтода зориям намекунад?! Акнун, ки ману ту ҳар ду ҷабри қисмат кашидаем, оё вақти он нарасидааст, ки як ҷо бошем?!

Насимҷон, ки дигар барояш фарқе надошт, ки рӯзаш чӣ гуна мегузарад, розӣ шуд…

Инак, даҳ сол боз Насимҷону Светлана бо ҳам зиндагии якҷоя доранду соҳиби як духтару як писари нозанинанд. Фарзандонашон номҳои тоҷикӣ доранд, Шаҳболу Шаҳнавоз…

Гулбоғ тамоми ҷавоҳироти дӯздида туҳфаю доштаашро фурӯхта, дар маркази ноҳияашон мағозаи матоъфурӯшӣ кушодааст. Дигар аз «маликаи париҳо» осоре нест, ӯ борҳои вазнинро худаш мекашаду шабу рӯз барои хӯронидани ду фарзандаш заҳмат мекашад. Писараконаш ҳам баъди дарс ба модар ёрӣ мерасонанд. Тори макри ӯ то ҳанӯзам накандааст, ӯ ҳам ба писаронашу ҳам ба ҳама шиносҳояш ҳамеша аз бевафоию хиёнати ҳамсараш гап мезанад, аммо мардуми огаҳ чизи дигар мегӯянд. Ӯ аз карда пӯшаймон аст ё не, Худо медонад, аммо шояд дар дилаш аз корҳои ношоистаи кардааш ранҷ мекашад…

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД