arzon replenishment
Торти баҳорӣ бо киви
24.03.2024
ОИЛА
1386

Маҳсулоти лозима:

450 г “сметана”, 300 грам қандина (пиченье “юбилейный”), 150 г равғани маска, 1 қуттӣ ширқиём (сгушёнка), 10 г желатин, 150 мл об, 3 дона киви.

Тарзи таҳия:

Тамоми маҳсулоти лозимаро омода созед. Қандинаро майда кунед. Желатинро дар об тар карда, мувофиқи нишондоди тамғакоғазаш омода созед. Ба қандинаи майдашуда равғани обшудаи маскаро илова кунед, он набояд аз ҳад зиёд равғанин ё хушк бошад. Желатинро қаблан дар рӯи оташ ҷуш карда, аз дока полонед. Дар зарфе “сметана”-ро бо ширқиём ва желатин аралаш намуда, лат занед. Дар лаълии ҳамвор пичении бо маска омехташударо тунук карда, бо даст ҳамвор созед. Аз болояш малҳами “сметана”-дорро молида, тортро ба яхдон гузореду баъди хунук шуданаш бо пораҳои киви оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД