arzon replenishment
Торти «Гули садбарг»
1345

Маҳсулоти лозима:
3 стакон орд
3 зардии тухм
ним қошуқча сода
2 ст шакар
300 г равғани маска
1ст қаймоқ (сметана)
3 сафедии тухм
300 г чормағзи кўфта

Тарзи таҳия:
Равғани маскаву ордро бо корд реза карда ба зарфе бигиред ва ба он қаймоқ, зардиҳои тухм, содаю сиркои омехташударо илова карда, хамир шӯред. Хамир бояд мулоим бошад.
Сафедиҳои тухмро бо шакар лат занед. Хамирро ба андозаи як мушт гирифта ғафсияш 5мм дарозрўя тунук кунед. Сафедиҳои латзадаи тухмро ба хамир молида, чормағзи резашударо пошед ва лўлапеч намоед. Акнун хамири лӯлапечро ба пораҳои 4-5 сантиметра бурида, як тарафашонро маҳкам карда, шакли гули садбаргро сохтан ва дар лаълии тафдон чидан лозим аст. Тортро тақрибан 15-20 дақиқа дар ҳарорати 180 дараҷа мепазанд. Қандинаҳо каме сурх, ки шуданд, хунук карда, ба болояшон шакари куфта пошед.

Хўриши «Ананас»-и Шаҳроми Абўбакр
Сарояндаи писандидаи ман Шаҳроми Абўбакр аст. Медонам, ки сарояндагон аз ширинӣ парҳез мекунанд, бинобар ин, донистаниям, ки ҳунарманди дӯстдоштаам кадом салатро дӯст медорад.
Парвина, аз ш. Душанбе
Мо ба Шаҳром занг задем. Сарояндаи дӯстдоштаатон ошиқи хӯриши «Ананас» будааст. Инак, тарзи тайёр кардани ин хӯришро аз забони худи Шаҳром пешкашатон месозем.
Маҳсулоти лозима:
2-3 дона картошка
300-400 г гўшти мурғ
150 г нимаҳои чормағз
3 тухм
100 г панир
4-6 бодиринги очонидашуда
1 пиёз
майонез, намак, мурч
Тарзи таҳия:
Картошкаи дар об пухтаро аз турбтароши сурохиҳояш калон гузаронед. Тухмҳоро низ дар об пухта аз турбтарош гузаронидан лозим аст. Гўшти мурғро пухта, хунук кунонида, аз устухонаш ҷудо ва реза мекунем. Панирро аз турбтарош мегузаронем. Бодирингро хурд, пиёзро маҳин реза кардан лозим аст. Маҳсулотро дар табақи дарозрўя ба таври зерин қабат ба қабат чинед: қабати якум картошка, дуюм пиёз, сеюм ними гўшти мурғ, чорум бодиринги очонидашуда, панҷум боқимондаи гўшти мурғ, шашум панир, ҳафтум тухм. Дар охир ба хўриш нағзакак майонез молида, бо чормағз оро диҳед. Ба ҷои нимаи чормағз чормағзи кўфта ё пораҳои замбўруғи очонидашударо истифода бурдан мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД