arzon replenishment
Торти «Шахмат»
638


                           Маҳсулоти лозима:
8дона – тухм
150 грам – шакар
1п – ванилин
1п – маводи ковоккунанда
1п - какао
7 қошуқи калон – орд
Барои ороиш:
300 – 400грам – шоколад
500мл – қаймоқи сливки

                                 Тарзи таҳия:

Дар 2 зарфи тортпазӣ дар яке сафедиҳо ва дар дигараш зардиҳои тухмро мегирем. Сафедии тухмро 2 дақиқа бо миксер лат мезанем ва ба он шакар ва ванилин илова карда, боз камтар лат мезанем. Пас аз ин зардиашро кам-кам илова карда, т яклухт шуданаш бо миксер лат мезанем.
Маҳлулро ду тақсим мекунем ва нимашро дар зарфи дигар мегирем. Дар яке 4 қошуқ орд ва маводи ковокунанда илова карда бо қошуқ омехта мекунем. Дар дигараш 2 қошуқи калон какао, 3 қошуқ орд ва маводи ковокунанда илова карда бо қошуқ омехта мекунем.
Ба қолаб равған молида ба он қоғази пергамент мемонем ва бо навбат маҳлулҳоро рехта дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 30 – 35 дақиқа мепазем.
Барои ороиш шоколад ва қаймоқи сливкиро омехта мекунем ва мемонем 30 дақиқа истад, баъд бо миксер лат мезанем.
Бисквити омодашударо аз байнаш 2 тақсим мекунем ва якто аз бисквити сиёҳ ва якто аз бисквити сафед монда малҳам(крем) мемолем. Дар болояш барои ороиш аз бисквити сиёҳ ва какос истифода мебарем. Барои ин бисквити сиёҳро майда карда, тортро мисли шахмат оро медиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД