sebiston july new
Торти шоколадии идона
1812

Маҳсулоти лозима:

Зардии 4 тухм, 0,5 ст шакар, 200 г равғани маска, 2,5 ст орд, 2 қошуқ какао.

Тарзи таҳия:

Зардиҳои тухмро бо шакар лат зада, равған, орд, какаоро илова кунеду хамири мулоим шӯред.

Хамирро ба 3 қисм ҷудо карда, ғафсии ҳар кадомашро 0,5 см тунук кунед ва 3 чапотӣ пазед.

Малҳамро аз сафедии 4 тухму 0,5 истакон шакари латзада ва бо 1 истакон чормағзу пӯчоқи лимӯи омехташуда омода созед.

Барои глазур 2 қошуқ сметанаро ҷӯшонида, ба он 2 қошуқ какао, 3 қошуқ хокаи шакар ва 50 г равғани маска илова кунед ва то ғафс шуданаш ҷӯшонед.

Ба ду қабати чапотӣ малҳам моледу аз болои торт глазур резед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД