Кадбонуҳои азиз! Шумо метавонед дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо дасти худ торти лазиз пухта, дастурхони идонаатонро бо ин ширинии зебо зебу зиннат диҳед ва хотири азизонатонро шод созед. Торти «Ваҳдат» як ширинии маъмули хонагӣ буда, пухтанаш чандон душворӣ надорад. Дар зер мо тарзи омода кардани онро бароятон мефаҳмонем.
Маҳсулоти лозима барои хамир:
Тухм - 4 дона, шакар - 150 грамм, орд - 200 грам, хока барои дам кардани хамир - 1 қошуқча, ванилин - як пачка, каме намак.
Маҳсулот барои крем:
Саршир (сливки (33%)) - 500 мл, хокаи шакар (сахарная пудра) - 3 қошуқ, йогурти қулфинай - 150 мл, меваи қулфинай - 250 грамм, сгущенное молоко - 1 қуттича, каме об барои тар шудани кулчаҳои торт.
Тайёр кардани торт:
Тухмҳоро шикаста ба зарфе андозед ва бо шакар, намак ва ванилин то ғафс шуданаш лат занед, баъд ба он орд ва разрыхлитель ҳамроҳ намуда, омехта кунед. Пас аз ин, тафдонро то ҳарорати 170 дараҷа гарм карда, тортро 35-40 дақиқа пазед. Хамири пухташудаи тортро хунук карда, андаке хунук кунед ва онро ба се қабат буред. Ба ҳар як қабати торт сгушёнка ва каме об пошед, то ки мулоим шавад. Саршир (сливки)-ро бо хокаи шакар лат зада, баъдан ба он йогурти қулфинайиро андозед ва ҳамаашро нағзакак омехта намоед. Кремро ба қабатҳои торт молед ва дар қабати аз ҳама болоии торт меваҳои қулфинайро шуста гузореду тортро оро диҳед. Метавонед чун рамзи ид дар болояш рақами 27-ро монед.
Идатон муборак!