arzon replenishment
Тухми бедона мӯйсафедро ҷавон мекунад?
08.11.2024
ОИЛА.ТҶ
597

Тухми бедона барои нафарони калонсол хеле муфид аст, зеро дар таркиби он миқдори зиёди витамини гурӯҳи B, аз ҷумла B12 мавҷуд аст. Дар сурати норасоии витамини мазкур инсон аз камхунӣ ранҷ мекашад.

Тухми бедона сарчашмаи хуби сафедаи хубҳазмшаванда ва витамини Д мебошад, аз ин рӯ, барои нафарони калонсоле, ки аз бемориҳои рӯдаву меъда ва узвҳои ҳозима азият мекашанд, беҳтарин даво ба шумор меравад. Витамини Д бошад, барои аз ҷисм хориҷ нашудани калсий, ки дар пиронсолӣ барои саломатӣ хеле муҳим аст, мусоидат мекунад.

Тухми бедона на танҳо муҷиби мустаҳкам шудани устухонҳо мегардад, балки бо шарофати дар таркиби худ моддаи селен доштанаш, кори ғадуди сипаршаклро ба эътидол меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД