arzon replenishment
Қудо неву Азроил!
4380

Ман модари панҷ фарзанд ва бибии 8 набера ҳастам. Вақте ки навбати оиладор кардани фарзанди хурдиям расид, зане чандин маротиба хостгорӣ омада, ба қавле дари хонаамонро охурча мекард. Зан чунон рафтору муомилаи хуб дошт, ки на танҳо ба дили худам, балки ба дили фарзандону келинҳоям ба зудӣ роҳ ёфт. Бо маслиҳати аҳли оила билохира хостгории ин занро қабул карда, духтарамро ба писараш номзад кардем. Тавре ба ҳама маълум аст, ташвишу маъракаҳои тӯй бе камбудиву мушкилӣ намегузарад. Ман дар ҳамин шабу рӯзҳо аз баъзе рафтори қудошаванда ранҷида бошам ҳам, лаб зери дандон гирифта, тоқат кардам. Вале таги дилам сиёҳ шуд, ки дар интихоби бахти духтарам сахт хато кардаам. Хулоса, тӯй барпо шуд ва духтарамро ба хонаи бахташ гусел кардем. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали оиладорӣ қудои ман симои аслияшро нишон дода, гапу корҳое кард, ки аз дидану шуниданаш гиребони тавба гирифтам. Дигар аз он зани ҳалиму меҳрубоне, ки ҳангоми хостгорӣ дар хонаи мо бо садои паст гап мезад, ному нишоне нест. Ман табиатан хеле зани ором ҳастам ва бо чунин тоифаи занҳои арбадаҷӯ даст ба гиребон шуда ҳам наметавонам. Қудоям бо неши забону феъли бадаш ҷони духтарамро низ ба лаб овардааст, вале ба хотири бахт лаб зери дандон гирифта тоқат мекунад. Ростӣ, барои духтарам хеле дилхун ҳастам, вале чӣ кор карданамро намедонам. Сабаби ба ҳафтанома нома навиштанам ҳамин аст, ки дигар модаронро ҳушдор додан мехоҳам. Занҳои азиз, мисли ман содаву гумроҳ нашавед, қабл аз он ки духтаратонро бо ҷавоне оиладор мекунед, ҳафтпуштаи қудошавандаро санҷед, то ки баъдан мисли ман ашки ҳасрат нарезед!
Гуландом

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД