Ин ниқоб барои пӯсти хушк, хаста ва беҷон хеле мувофиқ аст. Қулфинай пӯстро ғизо дода, рагчаҳои майдаро мустаҳкам месозад.
Ба як истакон оби ҷӯшонидашудаи каме хунукшуда як қошуқча содаи хӯрока илова кунед. Қулфинайро бо чангак майда намоед. Докаи дуқабатаро дар оби содадор тар карда, ба рӯю гардан гузоред ва аз болояш қулфинайи кӯфтаро молед. Ниқобро 15 дақиқа нигоҳ дошта, баъд рӯятонро шӯед. Пас аз як ҳафта табобатро такрор намуда, баъдан ҳафтае ду бор дар давоми як моҳ истифода баред. Барои пӯсти аллергиядошта чунин ниқоб тавсия дода намешавад.
Ниқоб аз банан
Ниқоби бананӣ пӯстро хеле хуб ғизо медиҳад ва ба он таровату мулоимӣ мебахшад. Ин ниқобро субҳ пеш аз ба кӯча баромадан низ истифода бурдан мумкин аст. Банан аз минералҳои муфид бой буда, пӯстро дар давоми рӯз нерӯ мебахшад.
Ними бананро кӯфта, ба он каме равғани зайтун ва чанд қатра шарбати лимӯ ё пӯсти майдакардаи лимӯ илова кунед. Ниқобро 10–15 дақиқа дар рӯю гардан нигоҳ дошта, сипас бо оби ширгарм шӯед ва малҳами рӯзонаи худро молед.
Ниқоб бо лимӯ
Барои зебо ва тароватбахш шудани пӯст ҳатман харидани косметикаи гаронбаҳо шарт нест. Меваю сабзавот низ метавонанд воситаи хуби нигоҳубини пӯст бошанд. Лимӯ пӯстро равшан намуда, сӯрохиҳои онро маҳкам мекунад.
Барои омода кардани ниқоб ними бананро бо як қошуқ шир ва 3–4 қатра шарбати лимӯ омехта кунед. Ин омехта ниқоби одӣ, вале хеле муфид барои пӯст ба ҳисоб меравад.